Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фирори таксирон аз нозири роҳ бо марги як зан анҷомид


Моҳи марти соли 2015 дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳодисаи моҷарои болои капоти мошин хобидани бозрасони роҳ баҳси зиёде эҷод кард.
Моҳи марти соли 2015 дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳодисаи моҷарои болои капоти мошин хобидани бозрасони роҳ баҳси зиёде эҷод кард.

Дар як ҳодиса дар маҳаллаи Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ ронандаи таксӣ нозири роҳро дар капоти мошин чанд метр интиқол дода, баъди афтодани ӯ аз ҷои ҳодиса фирор кард.

Раҳбарияти Бозрасони автомобилии ноҳияи Рӯдакӣ тасдиқ карданд, ки дар як ҳодисае дар маҳаллаи Чоряккорон, ронандаи таксӣ, ки мехост аз нозири роҳ фирор кунанд, ба садама дучор шуда, боиси фалокати мусофирзане шуд. Ба иттилои Арҷманд Бадиев, муовини раиси ин хадамот, ки тафсилоти моҷароро бо радиои Озодӣ дар миён гузошт, ин ҳодиса ҳафтаи ҷорӣ дар Чоряккорон, воқеъ дар 3-километрии ғарби Душанбе рух дод.

Як нозири роҳ, ки мехост ронандаи таксиро барои санҷиши ҳуҷҷатҳо нигоҳ доранд, ба ӯ ишора мекунад, ки дар канори роҳ қарор гирад. Ронандаи таксӣ ба ин амр итоат накарда, ҳаракатро идома дод ва дар ҳамин ҳол корманди БДА ба капот ё пеши мошин хобида, чанд метр роҳро дар болои ин таксӣ убур карда афтод. Арҷманд Бадиев мегӯяд, корманди БДА то афтоданаш аз оинатозакунакҳо (дворник)-и мошин дошта худро дар болои капот нигоҳ медошт.

Баъди аз мошин афтонидани ходими БДА, ронанда босуръат ҳаракаташро идома дод, вале, ба гуфтаи Бадиев, аз бими он ки таъқибаш мекунанд, саросема шуда дар назди деҳаи Гиждалаобод ба сементи назди роҳ бархӯрд. Дар натиҷаи ин зарба як мусофирзане, ки дар ақиби мошин нишаста будааст, ҷароҳат бардошта баъдан дар беморхона ҷон додааст.

Дар ҳамин ҳол баъзе шоҳидони ҳодиса ба радиои Озодӣ гуфтанд, ки итоат накардани ронанда ба амри бозрасон ба ин чиз иртибот мегирад, ки ин нозири роҳ гӯё бо баҳонаи санҷиши ҳуҷҷатҳо "аз ронандаҳои маҳаллӣ ришва" талаб мекард.

Аз рӯи ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз шуда, таҳқиқ шурӯъ шудааст. Ронанда дар боздошт аст. Бозрасони автомобилии ноҳияи Рӯдакӣ мегуяд, то анҷоми таҳқиқоти ин ҳодиса аз овардани номи ронанда ва корманди Бозрасони автомобилӣ худдорӣ карда мешавад. таҳқиқи парвандаро муфаттишони БДАи Рудакӣ ба роҳ мондаанд.

Моҳи марти имсол мақомоти интизомии Тоҷикистон алайҳи Баҳриддини Наҷмиддин, ронандае, ки корманди Бозрасии Давлатии Автомобилиро дар Душанбе рӯи "капот"-аш то 100 метр бурда ва аз ҷойи ҳодиса фирор кард, парванда боз намуданд. Дар видеои ҷанҷолие, ки рӯзи 20 март дар Фейсбук нашр шуд, корманди Бозрасии Давлатии Автомобилӣ худро болои мошине андохта ва талаб мекунад, ки ронанда мошинро нигаҳ дорад, вале ронанда маъмури пулисро бештар аз сад метр болои мошинаш мебарад. Як нафар ҳам бо муроҷиат ба нозири роҳ мегӯяд, ки аз болои мошин поин биёяд ва иҷоза диҳад, ки ронанда ба ҳаракаташ идома диҳад. Коре, ки нозири роҳ намекунад ва баъдан аз болои мошин поён меояд ва ронандаи фирориро дашном медиҳад.

Дар ҳоле, ки қонун аз ронандаҳо тақозо мекунад, ки ба ҳама амри нозирони роҳ итоат кунанд, ронандаҳо мегӯяд, тамаъҷӯӣ ва ришвахории нозирони роҳ дар Тоҷикистон аз мушкилотест, ки мавриди асабоният ва нороҳатии онҳо мешавад. Дар як назархоҳӣ дар мавриди коррупсия дар Тоҷикистон, ки 5 соли пеш бо мусоидати Созмони Милал ва худи ҳукумат анҷом шуд, 53 дарсади мардум гуфтанд, ки кормандони БДА бисёр “бевиҷдон ва ришвахор” ҳастанд. Ин мушкилро мақомоти Вазорати умури дохилӣ ҳам эътироф кардаанд ва гуфтанд, ки охири соли 2014 барои нозирони роҳ 50 камераеро оварданд, ки афсарони пулис бо худ мегиранд ва тамоми муоширату рафтори онҳо бо ронандагон мустақим дар маркази назорат мушоҳида мешавад. Ин таҷҳизот ба қавли мақомот барои аз байн бурдани тамаъҷӯӣ аз ронандагон оварда шуд, ҳарчанд ин мушкил ҳамчунон вуҷуд дорад.

XS
SM
MD
LG