Маҳмурод Одинаев, аз раҳбарони Эътилофи зидди шиканҷа дар зиндонҳои Тоҷикистон рӯзи 1-уми январ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи 31-уми декабр маъмурони ин маҳбас Давлатёр Қурбоновро, ки шоҳиди бевоситаи марги маҳбус Ҳамза Икромзода буд, азият додаанд: «Соатҳои 11-и рӯзи 31-уми декабр 4 маъмури зиндони рақами 1 маҳбус Давлатёр Қурбоновро ба як мавзеъи ниҳоят сард бурда, беш аз соат болои барф нигоҳ доштаанд. Баъди ин шиканҷа Давлатёр гуфтааст, ки дигар тоқати ин азобро надорад ва даст ба худкушӣ мезанад».
Ҷаноби Одинаев афзуд, ин маъмурони маҳбас Қурбоновро ба далели сохтае, ки гӯё аз вай як сим-корти телефонии мобил дарёфт кардаанд озор додаанд. Одинаев мегӯяд, эҳтимол дорад маъмурони маҳбас имрӯз ӯро азият кунанд ва бинобар ин онҳо талош доранд то ки аз худкушии Қурбонов пешгирӣ кунанд. Ба гуфтаи ин ҳамсӯҳбати мо, маъмурони маҳбас баъд аз оне, ки Давлатёр Қурбонов дар мурофиаи Ҳамза Икромзода шоҳидӣ дод, ки вай худкушӣ накарда дар пайи шиканҷа фавтидааст, ӯро ба истилоҳ «чап» гирифтаанд.
Дар ҳамин ҳол, Файзалӣ Икромзода, бародари Ҳамза Икромзода низ дар сӯҳбат ба Озодӣ гуфт, Давлатёр ба далели шоҳидӣ додан дар додгоҳ алайҳи маъмурон маҳбас мавриди шиканҷа қарор мегирад: «Маъмурони маҳбас ӯро бо ҳамин роҳ маҷбур карда истодаанд, ки вай аз шоҳидии додааш дар мавриди кушта шудани Ҳамза даст кашад. Онҳо ба вай гуфтаанд, ки шоҳидии додаашро бозпас гирифта бигӯяд, ки вай Ҳамзаро надидааст».
Файзалӣ Икромзода афзуд, маъмурони маҳбас ба иловаи дар зери барф нигоҳ доштани Давлатёр ӯро латукуб ҳам кардаанд.
Ҳамза Икромзода, сокини 27-солаи рустои Хирманаки ноҳияи Ҳисор, рӯзи 20-юми сентябри соли 2012 дар маҳбаси шумораи аввали пойтахт ба ҳалокат расид. Пайвандони ӯ мегӯянд, дар бадани вай из ва осори марги маҷбурӣ бо истифода аз дарзмоли тафсон мушоҳида мешуд. Аммо мақомот ин ҳодисаро рад намуда онро худкушӣ арзёбӣ карданд.
Талошҳои мо ҷиҳати аз худи маъмурони ин маҳбас ва идораи зиндонҳои вазорати адлия пурсидани асли ин қазияи Давлатёр Қурбонов бенатиҷа анҷом ёфт. Танҳо вакили мудофеи шинохта Бузургмеҳр Ёров дар сӯҳбат ба "Озодӣ" гуфт, ки ӯ низ аз ин қазия огоҳӣ пайдо карда, дар садад аст, то фардо, 2-юми январ Ваколатдори ҳуқуқи инсони Тоҷикистон Зариф Ализодаро бо асли ин қазия ошно созад.