Ин пажӯҳиш аз сӯи созмони иҷтимоии "Маркази кӯдак" дар Тоҷикистон ва бо ҳимояи Иттиҳодияи Аврупо ва Намояндагии ислоҳоти байналмилалии маҳбасҳо, анҷом шудааст.
Гулчеҳра Раҳмонова, як корманди «Маркази ҳуқуқи кӯдак» рӯзи панҷшанбеи 5-уми декабр зимни нишасте дар шаҳри Душанбе гуфт, ки дар пайи як пурсиш дар муассисаҳои ислоҳии пӯшидаи кӯдакона, маълум шуд, ки дар воқеъ ҳуқуқи бархе аз онҳо нақз мешавад.
Зеро ба таъкиди хонум Раҳмонова, аз 56 кӯдаки пурсидашуда, 37 нафарашон гуфтаанд, ки ҳуқуқҳояшон поймол шуда ва мавриди озору азият ва шиканҷа қарор гирифтаанд. Хонум Раҳмонова гуфт: “Тавре мо медонем дар ҳоли ҳозир кӯдакони ин муассисаҳо шикоят ҳам кунанд, шикояти онҳоро боз ҳам маъмурияти муассисаҳо мебинад. Мутаассифона дар ҳоли ҳозир низоми мустақиле мавҷуд нест, ки но вобаста аз чӣ гуна будани муассисаҳо тавони дида баромадани шикояти кӯдаконро дошта бошад ё хулосабарорӣ кунад.”
Ин пажӯҳиш дар муассисаҳои ислоҳии кудаконаи вилоёти Хатлону Суғд, ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе анҷом шуда, муассисаи ислоҳии кӯдаконаи вилояти Бадахшонро дар бар намегирад.
Аммо ин дар ҳолест, ки ба қавли масъулони созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон қонуне мавҷуд нест, ки ноболиғонро аз озору азият ҳимоят кунад.
Зариф Ализода, омбудсмен ё ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон мегӯяд, азбаски муассисаҳои кӯдакона пӯшида буда, қонуни ягона бораи ҳимояти онҳо мавҷуд нест, кӯдаконро ба таври бояду шояд наметавон ҳимоят кард. Ин аст, ки ҷаноби Ализода мегӯяд, порлумони Тоҷикистон бояд барои дифои кӯдакон дар муассисаҳои ислоҳӣ қонуни вижа қабул намояд.
Бо ин ҳам ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ва масъулони созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи кӯдакон нагуфтанд, ки маҳбусони ноболиғи тоҷик дар кадом маворид бештар шиканҷа мешаванд.
Аммо ба гуфтаи Тоҷиддин Ҷалолов, раҳбари «Маркази ҳуқуқи кӯдак» кӯдакон бештар ҳангоми бозпурсӣ зери фишору зуроварӣ қарор мегиранд. Яъне онҳо бидуни ширкати волидон ва ё вакили дифоъ бозпурсӣ мешаванд ва озору азият мешаванд.
Беҳрӯз Мирзоев, ҷавонест, ки як солу шаш моҳ инҷониб зиндонӣ буда, ҳанӯз дар синнӣ 17-солагияш боздошт шудааст.
Латофат Ятимова, модари Беҳрӯз, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, писарашро барои авбошӣ додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ба муддати 5 сол маҳкум ба зиндон кард.
Ба нақли хонум Ятимова, Беҳрӯз, ки бо ҳамсинфонаш барои таҷлили Соли нав ба Боғи дӯстӣ рафта буд мавриди ҳуҷуми як гурӯҳи ҷавонони маст қарор гирифт. Аммо бо сабабҳои номаълум кормандони милиса танҳо Беҳрӯзро барои бозпурсӣ даъват карданд. Хонум Ятимова чунин нақл кард: «Милисаҳо писарамро бидуни ширкати мо ва вакили дифоъ бозпурсӣ карданд. Бо зарби шиканҷа ҳама гуноҳро бар сараш бор карданд. Охир вай кӯдак буд, аз тарси зарбаи шатаи кормандони милиса ин коре карди?! Гуфта суол доданд, Беҳрӯз низ бале, гуфтааст. Муфаттиш ҳатто хулосаи тиббиро аз миёни ҳуҷҷатҳояш гирифта партофтааст.»
Латофат Ятимова ҳамчунин мегӯяд, додрас ҳам дар аввал гуфта буд писараш бо ҷарима озод мекунад, аммо ғайричашмдошт ӯро ба муҳлати панҷ сол зиндонӣ кард.
Анҷом шудани пажуҳиши тоза дар бораи вазъи кӯдакон дар муассисаҳои ислоҳиро иддае аз соҳибназарон иқдоми муҳим арзёбӣ мекунанд ва мегӯяд, пас аз ин таваҷҷӯҳи мақомоти дахлдор ва созмонҳои байналмиллалӣ ба ин масъала, яъне шиканҷаи кӯдакон дар маҳбасҳо бештар хоҳад шуд.
Зеро онҳо мегӯянд, то кунун бештар шиканҷаи маҳбусони калонсол матраҳ буд ва ҳеҷ кас намедонист, ки дар паси панҷараи зиндонҳо барои кӯдакону наврасон чӣ мегузарад.
Дар Тоҷикистон чаҳор муассисаи пӯшидаи ислоҳии кӯдакона мавҷуд аст, ки яке барои духтарон ва се дигар барои писарон амал мекунад. Ба иттилои масъулони "Макрази ҳуқуқи кӯдак", аксари кӯдаконе, ки дар ин муассисаҳо нигаҳдорӣ мешаванд дар пайи даст ба дуздӣ задан муҷозот шудаанд.