Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Пул"-и ҳаҷҷи Норбибӣ Дӯстмуродова (ВИДЕО)


Норбибӣ Дӯстмуродоваи ҳаштодсола
Норбибӣ Дӯстмуродоваи ҳаштодсола

Норбибӣ Дӯстмуродоваи 80-сола ба нияти зиёрати Ҳаҷҷ бо ёрии писаронаш беш аз 16 ҳазор доллар маблағ ҷамъ карда, аммо онро барои сохтмони ду пул дар рустоҳои Метку Хишекат сарф кардааст.

Норбибӣ Дӯстмуродоваи 80-сола, сокини ноҳияи Ғончӣ дар шимоли Тоҷикистон, 105 ҳазор сомонӣ, баробар ба бештар аз 16 ҳазор доллари солҳо ҷамъкардаашро барои сохтмони ду пули мошингузар дар зодгоҳаш харҷ намуд. Ин пул ё купрӯкҳо дар деҳаи Метк ва Хишекат, дар қитъаҳои мушкилгузари роҳе, ки ин ду русторо ба маркази ноҳияи Ғончӣ мепайвандад, сохта шудаанд.

Хонум Дӯстмуродова дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин миқдор пулро солҳои тӯлонӣ аз ҳисоби нафақа, ёрии писарон ва фоидаи фурӯши меваю сабзиҷоти боғаш асосан ба нияти зиёрати Хонаи Худо ҷамъ оварда буд ва аммо ахиран ба натиҷае расид, ки онро барои сохтмони ду пули деҳ бидиҳад. Вай мегӯяд: "Синну солам ба ҷое расида, қуввати то Каъба рафтанам кам мондааст. Ба худ андешидам, нашавад, ки ба Ҳаҷҷ рафта, дар як кунҷе нишаста боз гашта биёям. Хостам, аз ин дунё дасти холӣ наравам ва онро барои ҳалли мушкили ҳамдеҳаҳо харҷ кардам," -- афзуд ӯ.

Сокини ноҳияи Ғончӣ пули ҳаҷҷашро барои сохтмони купрӯк дод
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:57 0:00

Ҳаҷ яке аз аркони панҷгонаи дини Ислом аст ва ҳар сол барои адои он аз Тоҷикистон беш аз шаш ҳазор нафар мераванд. Нархи Ҳаҷҷ ҳудуди чор ҳазор доллар буда, мақомот аксаран афроди аз 30-сола болоро барои зиёрати Хонаи Худо мефиристанд.

Пайвандону ҳамдеҳагони Норбибӣ Дӯстмуродова аз ин кори ӯ хушҳоланд ва мегӯянд, ки онҳо бо маслиҳату машварати якдигар пулҳои ӯро ба сохтани ду купрӯки мустаҳкам сарф кардаанд. Ба умеде, ки савоби Ҳаҷҷро дар назди дараш дарёбад. Дӯстмуродова 9 фарзанд, 7 писару 2 духтар ва 30 набераву 15 абера дорад. Шавҳараш Бегмурод 6 сол пеш вафот кардааст. Ҳоло хонум Норбибӣ ҳамроҳи писари хурдиаш – Илҳомҷону арӯсу набераҳояш дар деҳаи Метк зиндагӣ мекунад. Аммо вақти дидори мо Илҳомҷон дар хона набуд ва гуфтанд, ки вай ба муҳоҷирати корӣ ба Русия рафтааст. Писари дигари хонадон – Қурбон дар назди модараш буд.

Роҳи маркази ноҳияи Ғончӣ то деҳаҳои кӯҳистони Хишекату Метк ҳудуди 55 километр аст. Мо низ савори мошини тамғаи “Муссо” аз миёни селраҳаҳову талу теппа ва канори ҷариҳо ин роҳро дар тахминан 2 соат тай кардем.

Ҳафтаи гузашта ҳангоми ба истифода додани пулҳо дар рустои Метку Хишекат Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд ҳам иштирок дошт
Ҳафтаи гузашта ҳангоми ба истифода додани пулҳо дар рустои Метку Хишекат Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд ҳам иштирок дошт

Сокинон ду пули мустаҳками мошингузарро аз ҳисоби Норбибӣ Дӯстмуродова дар ду ҷойи аз ҳама душворгузар ва вақти боришоту сел хавфноки роҳ пул сохтаанд.

Хушбахт, ҷавони маҳаллӣ, ки дар мошини худ моро мебурд, гуфт, ин роҳи вазнинро на ҳар мошини сабукрав дар рӯзҳои беборишу оддӣ метавонд убур кунад. Дар фаслҳои боришоти аввали баҳору тирамоҳ ва яхи зимистон ин роҳ, ба гуфтаи ӯ, барои муддатҳо баста мешудааст.

Сокинони ин деҳаҳои кӯҳистонӣ зиндагии одӣ доранд ва шуғли аслиашон деҳқонӣ, боғдориву картошкапарварӣ аст. Онҳо пораҳои замини кӯҳистонро барои кишт омода карда, аз садҳо метр ва ҳатто чандин километр аз домани қуллаҳои барфпӯш бо ҷӯйбору лӯлаҳо об меоранд ва дона мекоранду дарахт сабз мекунанд. Инҷо замин кам аст ва ба ҳама намерасад ва бархе ҷавонони деҳа барои мардикорӣ ба Русия мерафтаанд.

Ихтиёр Раҷабов, муовини раиси ҷамоати Ваҳдати ноҳияи Ғончӣ мегӯяд, дар деҳаҳои кӯҳистони Метк ва Хишекат ҳудуди 6 ҳазор аҳолӣ ба сар мебаранд. Ба гуфтаи вай, сокинони ин ҷамоат, хусусан сокинони деҳаи Метк бо тифоқӣ дар адои корҳои ҷамъиятӣ фарқ мекунанд. Ӯ афзуд, ки Норбибӣ Дӯстмуродова танҳо сокини ин деҳ нест, ки пулашро барои адои кори хайр сарф кардааст.

Маҳкам Ёқубов, сокини дигари ин деҳа низ ҳамроҳи фарзандон ва бархе пайвандонаш аз пули худ дар маркази Метк як мактаби замонавиро, ки 13 синфхона дорад, ҳамин тобистон бунёд кардаанд. Ин мактаби нав роҳи кӯдаконро, ки пеш барои дарсхонӣ то 5 километр роҳро то мактаби дигар тай мекарданд, наздик кардааст. Ҳоло сокинон барои сохтмони як маркази саломатии дорои таваллудхона дар деҳаи худ тасмим гирифтаанд.

Деҳаи Метк мисли деҳаҳои дигари кӯҳистонии Тоҷикистон аз замони Шӯравӣ роҳҳои ободу ҳамвору дигар иншооти иҷтимоӣ, мисли толору қасрҳои фарҳангу чойхонаҳову дармонгоҳу беморхонҳои муосир надорад. Сокинон мегӯянд, ки дар интизори маблағгузории ҳукумат нашуда, худашон ба қадри имкон барои фароҳам кардани як шароити одӣ барои зиндагӣ дар маҳали зисташон талош доранд.

Зимнан, соли ҷорӣ 110 сокини ноҳияи Ғончӣ барои адои маросими Ҳаҷ рафтаанд. Мумкин буд Норбибии 80-сола ҳам бо онҳо ҳамроҳ шуда, ба орзуи деринааш бирасад. Вале ӯ мегӯяд, мувофиқи мақоли халқии “Худо хоҳад, Ҳаҷро дар назди дарат ҳам қабул мекунад”, амал карда, пулҳои ба нияти адои ин фарзи мусулмонӣ ҷамъовардашро барои сохтани пулҳо дар деҳааш сарф кардааст. Ӯ дар охири сӯҳбаташ бо мо низ гуфт, “пул як чизи гумшуда мерафтагӣ. Ман аз ин ки пулҳоям барои ободиву баракат ёфтани халқ сарф шуд, розиям. Умеди ман ҳамин ки охирати моро ҳам Худо обод кунад.”

XS
SM
MD
LG