Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ишқ ва ҳероин. Достони мӯътод шудани Шамъигул ва Шабнам


Ду духтари ҷавон, ки солҳо боз мӯътоди маводи мухаддиранд, талош доранд аз ин роҳ берун шавад. Онҳо мегӯянд, аз ошиқонашон ба ин дард печидаанд.

Шамъигул ва Шабнам (номи қаҳрамонҳо иваз карда шудааст), яке 30 ва дигаре 23 сол доранд. Ин ду нафар ҳоло бемори мӯътоди маводи мухаддиранд. Ба нақли ин ду нафар, ҳардуро дӯстписаронашон ба ин роҳ тела доданд.

«Дӯстдошта маъшуқаҳоро гирифтори мӯтоди маводи мухадир кард»

Шамъигули 30-сола рӯзи 21 январ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки соли 2005 замоне дар Душанбе кору фаъолият мекард, ӯро дӯстписараш ба ин роҳ тела дод. Ӯ мегӯяд, ҳар чӣ шуд, аз пушти дороияш ба ин роҳ рафт. Ба гуфтаи Шамъигул, ҳоло дигар касе ба дарди онҳо намехӯрад ва ҳатто суроғашон намекунанд.

Ин мусоҳиби мо гуфт, «ман дар шаҳри Душанбе кор мекардам, дӯстписарам банг мекашид, ба ман низ пур карда дод. Мо ҳамроҳ мекашидем ва онҳо аз ин лаҳзаҳо истифода карда, дар даруни он ҳероин пур мекарданд. Баъди кашидани банг таб мекардам, мепартофтам, билохира дӯстписарам гуфт, ки ба ту ҳероин доданд. Ду ҳафта гузашт, гирифтор шудам. Чӣ қадар пул мегуфтанд, медодам, то ҳероинро пайдо карда, истеъмол кунам.»

Ин ду духтар мегӯянд, ки баъди истеъмоли маводи мухаддир табиаташон ором мешуд ва вақте хона меомад, ду-се рӯз ба худ намеомаданд ва модаронашон хушҳолӣ мекарданд, ки духтаронашон се рӯз боз аз хона берун намешаванд. Ба гуфтаи Шамъигул ва Шабнам, баъди рафтани таъсири маводи мухаддир, дигар намедонистанд худро ба куҷо зананд.

«Барои 1 грамм ҳероин то 100 доллар сарф мекардем»

Шабнами 23-сола, дар сӯҳбат ба Озодӣ гуфт, замони мактабхонӣ ба ин роҳ рафт ва барои дарёфт кардани ҳероин то Хуҷанд ҳам мерафт. Ба гуфтаи Шабнам, ҳоло як сол мешавад, дар бемористони нашъамандони минтақаи Кӯлоб зери табобати пизишкон қарор дорад ва ба ӯ доруи метадон, ки зидди маводи мухадир аст, медиҳанд. Ӯ мегӯяд, ҳар вақте аз хонавода ва ёру дӯстонаш пул мехост, ба ӯ медоданд, аммо ӯ як грамм маводи мухадирро то 100 доллар ҳам дарёфт кардааст.

Ба нақли Шабнам, «аз хона чизҳои қиматро бурда медодам, то маводи мухаддир дарёфт кунам. Мо намедонистем, ки як граммаш 50 сомонӣ арзиш дорад, аммо аз мо то 100 доллар барои 1 маротиба истеъмоли он пул мегирифтанд. Баъди истеъмол то се рӯз дар хона хоб мекардам ва модарам аз хурсандӣ дар куртааш намеғунҷид. Аммо баъди рафтани таъсири ҳероин, хеста ҳамаро мезадам, ҳатто модарамро.»

Зимнан дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон дар соли 2015 дар маҷмӯъ 817 нафар беморони мӯътоди маводи мухаддир ба қайд гирифта шудаанд. Ин шумора нисбати соли қаблӣ 117 нафар зиёд шудааст.

Насим Идрисов
Насим Идрисов

Насим Идрисов, сардори раёсати Оҷонсии маводи мухаддир дар минтақаи Кӯлоб рӯзи 20 январ дар нишасти хабарии идорааш гуфт, соли 2014 дар шаҳри Кӯлоб 448 нафар беморони мӯътоди маводи мухаддир ба қайд гирифта шуда буд, ки аз ин шумора 4 нафараш занон буданд.

Ба гуфтаи ҷаноби Идрисов, соли гузашта дар шаҳри Кӯлоб 557 нафар беморони мӯътоди маводи мухаддир ба қайд гирифта шуд, ки аз ин шаш нафарашон занон мебошанд. Ӯ мегӯяд, иллати зиёд шудани шумора нашъамандон, дар табобати ройгон гирифтани онҳо мебошад.

Ба гуфтаи Насим Идрисов, «дар гузашта беморони мӯътоди маводир мухаддир шарм медоштанд. Ҳоло огоҳ шуданд, ба онҳо доруи метадон ройгон аст, омада худро ба қайд гузошта, метадон истеъмол мекунанд, ки то 24 соат "ломка"-и ҳероинро нобуд месозад. Ҳамин тавр, оҳиста-оҳиста аз бемории ҳероин наҷот меёбанд.»

«Кӯлоб дарвозаест, ки аз чор тараф ба он ҳероин ворид мешавад»

Зоир Сабуров.
Зоир Сабуров.

Зоир Сабуров, сардухтури бемористони нашъамандон дар минтақаи Кӯлоб дар сӯҳбат ба Озодӣ гуфт, ки ҳоло онҳо талош доранд, нафаронеро, ки ба ин беморӣ гирифтор шудаанд, наҷот диҳанд. Ба гуфтаи ҷаноби Сабуров, дар қайди онҳо 187 сабти ном шуда буд, ки 70 нафари онро аз бемории мӯътоди маводи мухаддир раҳониданд. Ӯ мегӯяд, иллати дар Кӯлоб бештар будани нашъамандон дар он аст, ки аз маводи қочоқӣ аз минтақаҳои сарҳадӣ бо Афғонистон ва ҳамчунин Бадахшон, аз ҳамин шаҳр мегузарад.

Ҳоло маҳаллаҳое дар шаҳри Кӯлоб мавҷуданд, ки чандин ҷавон аз истеҳсоли барзиёди маводи мухадир дар солҳо гузашта фавтидаанд. Шабнам ва Шамъигул низ мегӯяд, ки агар табибон ва мақомот пеши роҳи онҳоро намегирифтанд, кайҳо дар кадом кунҷе аз истеъмоли маводи мухъадир фавтида буданд. Ҳоло ин ду духтари ҷавон ният дорад, баъди ба куллӣ раҳо ёфтан аз маводи мухаддир, оила барпо кунанд.

XS
SM
MD
LG