Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯдаке аз Порвор: "Милиса шавам, ҷинояткора меқапам". ВИДЕО


Порвор -- деҳаест дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон. Шумораи зиёди сокинони ин деҳаи иборат аз 200 хоҷагиро навҷавонону хурдсолон ташкил медиҳанд. Масъалаи қочоқи маводи мухаддир, гаравгонгирии одамон аз ҷониби қочоқчиён аз мушкилотест, ки дар пеши чашми ин атфол мегузарад. Ин ҳама дар зеҳни онҳо ҳам таъсиргузор шудааст, аз ин хотир ҳам ​Муҳаммадалии 5-сола мехоҳад пулис шавад ва пеши роҳи қочоқчиёнро бигирад.

Дигаре орзу дорад сарнишини ҳавопаймо шаваду наздикону ҳамдеҳагонашро ба Русия барад. Якеи дигарро бо дӯзандагӣ пул ба даст овардани хоҳарбузургаш ҳавасманд кардааст, то ин пешаро интихоб кунад. Вай мегӯяд, ки мехоҳад мисли хоҳарбузургаш курта дӯзад ва мардум ба ӯ пул бидиҳанд.

Идриси 6-сола мегӯяд, ӯ ҳоло кӯдак аст ва калон шавад, "одам" мешавад ва баъди "одам" шуданаш, пулис шудан мехоҳад. Фурқат бинобар набудани сароянда дар ин деҳаи дурдаст, тасмим дорад, овозхон шавад. Ҳанӯз хонандаи мактаб аст, вале ба қавли худаш, дар маросимҳои хурсандии ҳамдеҳагонаш сурудхонӣ мекунад ва мавзӯи аксари сурудҳояш, васфи деҳаи зебоманзарашон аст.

Бархе кӯдакон мегӯянд, дар оянда нияти дар мақомоти қудратӣ кор карданро доранд. Сабаби ин ҳам аз вазъи начандон ороми макони зисти онҳо маншаъ мегирад. Ин кӯдакон зиёд шоҳиди дастгир кардани қочоқбарон дар деҳаашон шудаанд ва қиссаҳои гаравгонгирии ҷавонони ҳамдеҳаашон аз ҷониби қочоқбарони афғонро ҳам шунидаанд.

Кӯдаке аз Порвор: "Милиса шавам, ҷинояткора меқапам"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:22 0:00

Деҳаи Порвори ҷамоати деҳоти ба номи Нуриддин Маҳмудови ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (собиқ Шӯрообод) дар водии Тагноб, дар миёни марзи Тоҷикистону Афғонистон воқеъ буда, ҳудуди 200 хоҷагӣ дар онҷо зиндагӣ мекунанд. Аз ин минтақа бештар хабарҳои вобаста ба қочоқи маводи мухаддир, убури марз ва гаравгонгирии сокинони маҳаллӣ аз ҷониби қочоқбарони афғон, дар расонаҳо пахш мешавад.

Ҳодисаҳои даст ба қочоқи маводи мухаддир задани сокинони ин деҳаро, коршиносон ба бекорӣ ва ҳамин тавр ҳаммарз будан бо Афғонистон, рабт медиҳанд. Охирин хабар ҳам аз ин русто, дар як ҳафтаи қабл боздошти раиси маҳаллаи Порвор бо гумони қочоқи маводи мухаддир мебошад.

XS
SM
MD
LG