Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе рӯзи 10 август баррасии парвандаи як шаҳрванди Русияро, ки дар қочоқи тангаи қадимаи замони подшоҳии Русия айбдор мешавад, пушти дарҳои баста идома дод.
Бо тасмими раиси мурофиа Масрур Ҷӯрахонзода, дар дохили толори судӣ ба ҷуз айбдоршаванда Татяна Хужинаву тарафдоронаш, аз ҷумла намояндаи сафорати Русия дар Душанбе, дигар касе ҳузур надорад. Журналистони расонаҳои мустақил ва хориҷӣ, ки барои пӯшиши ин қазия омаданд, пушти дарҳои додгоҳ монданд.
Қимати тангаҳои монанд ба пайдошуда аз ҷайби Татяна Хужина аз 200 рубл зиёдтар нест
Татяна Хужина аз рӯи моддаҳои 32, қисми 2 ва 289, қисми 3-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон муҳокима мешавад ва дар сурати исбот шудани гуноҳаш, ӯро ҳукми аз 5 то 10 соли зиндон таҳдид мекунад. Худи Хужина аз ин пеш ба матбуот гуфтааст, ки гуноҳе надорад ва тангаи қадимае, ки барояш муҳокима мешавад, аз замони дар Русия буданаш дар дохили ҳамёнаш нигаҳдорӣ мешуд.
Татяна Хужина баъд аз мурофиаи додгоҳиаш дар суҳбат ба хабарнигорон гуфт, ӯ намедонист, ки тангаи ҷанҷолбарангез барои Тоҷикистон аҳамияти зиёди таърихӣ дорад, ҳарчанд ин танга аз ҷиҳати пулӣ арзиши зиёд надорад. Вай ба хабарнигорон гуфт, ки ин тангаро аз Русия оварда буд.
Татяна гуфт: “Сафорати Русия моро дастгирӣ мекунад, вале ҳимояи мавқеи мо аз сӯи худамон анҷом мешавад ва вакили дифоъро низ мо худамон гирифтем. Вакили дифои давлатӣ ба мо дода нашудааст. Судяи парванда хеле гузаштҳое мекард. Духтарам София, ки ҳанӯз ба боғча меравад Русияро пазмон шуда мехоҳад, зудтар ба хона баргардад”.
Татяна гуфт, ҳоло дар Душанбе дар хонаи як дӯсташ меистад, ҳарчанд ба гуфтаи ӯ “хона низ бузург нест ва соҳиби хона ҳам ду кӯдак дорад".
Сафорати Русия: Бояд хулосаи додгоҳро мунтазир шуд
Дар танаффуси кӯтоҳи додгоҳ Александр Самартсев, мушовири консулгарии сафорати Русия дар Тоҷикистон гуфт, ки Хужина бо вакили дифоъ ва тарҷумон таъмин аст ва ба таъкиди ӯ, аз тарзи баргузории мурофиа чизе гуфтан барвақт аст. Ба саволи хабарнигорон дар бораи арзиши тангаи қадима ӯ гуфт, "ин кори мутахассисон аст", вале маълум аст, ки "ин ҷиноят сангин аст".
Бо изҳори умедворӣ ба ин ки ин қазия дуруст баррасӣ мешавад, ӯ гуфт, то анҷоми баррасиҳо пешқазоват кардан намехоҳад. Вай гуфт, Хужинаву духтараш "аз ҷараёни мурофиа" нигаронанд. Ин зан дар марҳилаи додгоҳӣ дар озодӣ ба сар мебарад ва дар мурофиаҳо иштирок мекунад.
Самартсев гуфт, “дар баррасии имрӯза баёноти ду мутахассис аз Вазорати фарҳанг ва Хадамоти гумрук шунида шуд ва онҳо таъкид доштанд, ки барои Тоҷикистон ин танга арзиши таърихӣ дорад. Татяна бо таассуф изҳор дошт, ки аз аҳамияти таърихӣ доштани ин танга огоҳӣ надошт ва мехост онро ба Русия барад.”
Парвозе, ки анҷом нашуд
Нахустин шуда дар бораи қазияи Татяна Хужина мақомоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон хабар доданд. Дар хабарномаи онҳо гуфта шуд, ки 18-уми июни соли равон ҳангоми сафар ба шаҳри Маскав дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ин шаҳрванди Русия аз ҷониби мақомоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон боздошт шуд.
Баъди омӯзиши дохили бағоҷи мусофир, масъулини Хадамоти гумрук дар фурудгоҳ Татяна Хужинаро бо он муттаҳам мекунад, ки мехост ба таври махфӣ як адад тангаи мисини сохти соли 1823-ро ба Русия интиқол диҳад. Дар ду тарафи ин танга ба гуфтаи масъулини Хадамоти гумрук навиштаҷоти «2 копейки» ва «1823 г.» дошт ва аз ҷониби мақомот мусодира гардид. Мақомоти тоҷик гуфтанд, дар эъломияи худ оид ба дороиҳояш ин шаҳрванди Русия вуҷуди тангаи қадима дар дохили бағоҷашро пинҳон кард ва аз ҳамин ҷиҳат мавриди шубҳа қарор гирифт.
Ташхиси Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ин тангаро дорои арзиши таърихию фарҳангӣ, нумизматикӣ (сиккашиносӣ) ва осорхонавӣ гуфтааст. Тибқи қонунгузории Тоҷикистон, интиқоли ғайрирасмии чунин мол аз ҳудуди кишвар манъ аст.
Масъулини Вазорати фарҳанг ва Хадамоти гумрук аз додани шарҳ дар ин масъала худдорӣ карданд. Рустам Ҳакимов, вакили дифоъи Татяна Хужина мегӯяд, масъулини Вазорати фарҳанг дар мурофиа гуфтаанд, ҳар ҳама чизе, ки бароришаш аз 50 сол зиёд аст, бе иҷозати ин ниҳод ба хориҷа бурдани он манъ аст. Масъулини Вазорати фарҳанг гуфтаанд Татяна барои баровардани ин танга нахуст бояд ба ин ниҳод ариза дода иҷозатнома мегирифт.
Татяна Хужина дар мурофиаи рӯзи 10 август аз суд хоҳиш кардааст, ки бо назардошти духтари ноболиғ доштанаш дар нисбаташ ҷазои ғайриҳабсӣ татбиқ карда шавад. Татяна мегӯяд, духтарчаи ӯ София ду моҳ ба Русия нарафтааст ва зодгоҳашро бисёр ёд кардааст. Дар назар аст, ки мурофиаи навбатии қазияи Татяна Хужина рӯзҳои панҷшанбе ё ҷумъаи ҳафтаи оянда баргузор шавад.
Хужина худро бегуноҳ меномад
Ин зан, ки ҳамроҳ бо фарзандаш буд, аз парвоз боздошта ва нисбаташ парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Дар як шикояташ ба матбуот худи Хужина худро бегуноҳ номида гуфтааст, ки гумони мақомоти тоҷик, ки ин тангаи қадима метавонист бо нияти қочоқ аз Тоҷикистон берун карда шавад, ҳақиқат надорад.
Сафорати Тоҷикистон дар Русия низ қазияи мазкурро зери назорат гирифта ва гуфтааст, онро бодиққат пайгирӣ мекунад. Игор Лякин Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон дар сӯҳбат ба РИА Новости гуфтааст, “сафорати Русия дар Тоҷикистон ин вазъи марбут ба ҳабс ва мурофиаи судӣ нисбат ба шаҳрванди Русия Татяна Хужинаро бодиққат пайгирӣ намуда, ба ӯ аз лиҳози ҳуқуқӣ ва маънавӣ кӯмак мекунад ва намояндаи сафорат дар ҳамаи ҷаласаҳои судӣ ҳузур хоҳад дошт.”
Татяна Хужина, ки ба қочоқи тангаи қадима дар Тоҷикистон муттаҳам мешавад дар Тоҷикистон таваллуд шуда, чанд соли қабл ба шаҳри Рибински Русия кӯчидааст. Ба гуфтаи худаш, замони рухсатӣ барои дидор бо наздиконаш ба Тоҷикистон омада буд, вале рухсатиаш ба дардисар печид.
Худи Татяна гуфтааст, тангаи қадимаро ҳангоми ҷобаҷогузории чизҳои куҳна дар Русия пайдо карда, ҳамчун тилисм ба ҳамёнаш гузошта буд. Хабаргузории "Азия-плюс" гуфтааст, қимати тангаҳои монанд ба пайдошуда аз ҷайби Татяна Хужина аз 200 рубл зиёдтар нест.
Ҳодисаҳои қочоки ашёву осори таърихӣ солҳои ҷанг зиёд буд
Мақомоти тоҷик мегӯянд, ҳодисаҳои қочоқ шудани ашё ва осори фарҳангиву таърихӣ аз Тоҷикистон ба хориҷа солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ваё даврони бесарусомониҳо зиёд рух медод. Дар як сӯҳбаташ бо Радиои Озодӣ соли 2010 Музаффар Азизов, раиси шӯъбаи ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва осори фарҳангии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон гуфта буд, ки он солҳо бархе афрод бо истифода аз вазъи нобасомони кишвар даст ба сирқати осори арзишманди фарҳангӣ мезаданд, ки ғолибан аз осорхонаҳо ва дигар муассисаҳо бо роҳҳои қонунӣ ба даст меоварданд. Вай гуфта буд, ки аз ибтидои солҳои 1990 аз Фарҳангистони улуми Тоҷикистон 150 нигораи атиқии моли Тоҷикистон рабурда ва қочоқ шуд ва то ҳол сарнавишти ин осор маълум нест. Он замон аз Осорхонаи миллии ба номи Камолиддини Беҳзод тангаҳо, мусаввараҳо ва дигар ашёҳои фарҳангӣ ба сирқат бурда шуданд.
Ин мутахассиси осори атиқа гуфт, ҳифзу ҳимояи сарвати фарҳангӣ, ки моли мардум ва давлати Тоҷикистон аст, хеле муҳим аст. Вале бархе афрод фикр мекунанд, ки бар ивази ин ашёҳо дар бозори сиёҳи хориҷа пулҳои ҳангуфт ба даст меоранд, ки ин иштибоҳ аст. Дар бозорҳои беруна ҳам назорат аз хариду фурӯши моли атиқа хеле сахт аст ва дар сурати ба даст афтодани моли ғайриқонунӣ, соҳиби он ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.