Ин мадрасаи исломии шаҳри Қӯрғонтеппа, ягона мадрасаи фаъол дар тамоми вилояти Хатлон ба ҳисоб мерафт, ки то чанд ҳафтаи пеш дараш бар рӯи беш аз 100 таълимгиранда боз буд. Чанд моҳи пеш мадрасаи исломӣ дар ноҳияи Ховалинг ва шаҳри Кӯлоб низ, ба гуфти масъулин, бинобар вуҷуд доштани камбудӣ дар фаъолияташон бо ҳушдори Кумитаи кор бо дини назди ҳукумати Тоҷикистон аз фаъолият бозмонда буданд.
Сафарбек Шарипов, намояндаи Кумитаи кор бо дини вилояти Хатлон зимни сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин се мадраса оддитарин шароит барои таҳсилро надоштанд. Ба гуфтаи ӯ, борҳо ба масъулини ин мадрасаҳо ҳушдор дода буданд, ки камбудиҳои худро ислоҳ кунанд, вале ба ин ҳушдорҳо аҳамияти ҷиддӣ намедоданд. Аз сӯи дигар, ба гуфтаи Шарипов, ҳеҷ кадоме аз ин мадрасаҳо мутахассисони касбӣ надоштанд ва давоми чанд соли ахир талоши ҷалби мутахассисонро низ накарданд.
Вай гуфт, «Бовар кунед, инҳо ба муассисаи таълимӣ монанд набуданд. Масалан, дар ҳамин Қӯрғонтеппа на ягон шароит дошт ва на ягон барномаи мушаххаси таълимӣ. Хулоса, ба талаботи қонунгузории Тоҷикистон фаъолияташон ҷавобгӯ набуд. Барои ҳамин, муваққатан, то бартараф кардани камбудиҳо, фаъолияташон манъ карда шуд. Дар сурати ислоҳи камбудиҳо, ба онҳо иҷозаи фаъолият дода хоҳад шуд.»
Дар Тоҷикистон гирифтани таълимӣ динӣ ба таври ғайрирасмӣ мамнӯъ аст, аз ин рӯ, сокинон бояд танҳо дар мадрасаҳои расмӣ таълими исломӣ бигиранд. Шогирдони мадрасаҳои басташуда аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки дигар расман наметавонанд, таълимӣ динӣ бигиранд.
Абдуллоҳ, як ҷавоне, ки дар мадрасаи исломии ба номи «Хоҷа Ансорӣ»-и Ховалинг таҳсил мекард, мегӯяд, умедвор аст, ки камбудиҳо ислоҳ мешаванд ва ӯ дубора барои таҳсил меравад.
Абдуллоҳ гуфт, ба онҳо гуфтаанд, ки истироҳат кунанд ва агар мушкилот ҳал шуд, рақамҳои телефонашон ҳаст, занг мезананд ва омада таълим бигиред. "Дар ҳақиқат шароитҳои камтар вазин буд, вале тоқат мекардем. Ният доштам, ки пас аз хатми ин мадраса ба Донишгоҳи исломии Тоҷикистон ҳуҷҷат бисупорам.", гуфт ин ҷавон.
Масъулини мадрасаи ба номи «Хоҷа Ансорӣ»-и Ховалинг низ талош доранд, то ҳуҷҷатгузории худро дуруст кунанд. Баҳром Нуров, як масъули ин мадраса зимни як тамоси телефонӣ гуфт, воқеан, дар дуруст кардани ҳуҷҷатгузорӣ ба бепарвоӣ роҳ додаанд ва талош мекунанд, то ин корро ислоҳ намоянд.
Ба гуфтаи ӯ, дар ин мадраса шогирдон аз тамоми Тоҷикистон тариқи шартномавӣ таҳсил мекарданд.
Вай гуфт таҳсил дар мадрасаи онҳо шартномавӣ буд. Шартномаи як сола 600 сомониро дар бар мегирифтааст ва онҳо аз навоҳии Рашт, Суғд ва минтақаи Кӯлоб шогирд доштаанд. "Дар мадраса шогирдон 4 сол таҳсил мекунанд ва ба ҷуз дарсҳои динӣ, инчунин аз фанҳои дигар низ таълим мегиранд. Бовар дорам, ки фаъолияти мо дар оянда хубтару беҳтар идома мекунад." -гуфт, ӯ.
Дар вилояти Хатлон се мадрасаи исломӣ фаъол буд, ки ҳоло «бинобар надоштани шароити дурусти таълимӣ» муваққатан баста шудаанд.