Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Радиои мардумии Чоркӯҳ фазои сокитро хоҳад шикаст?


Ҷавонони фаъоли ҷамоати марзии Чоркӯҳ дар садади онанд, ки радиои иттилоотиву фарҳангие рӯйи мавҷи FМ таъсис дода, зиндагии сокинони ин маҳали дурафтодаи марзиро рангинтар гардонанд.

Ташаббуси таъсиси радио дар ҷамоати марзии Чоркӯҳ, ба истилоҳ, "аз поён" сар шуда, қарор аст, ба зудӣ ҷомаи амал пӯшад. Худи мардум ба андешаи он афтодаанд, ки бояд барои "раҳо шудан аз бунбасти иттилоотӣ" як расонаи мардумӣ сохта шавад. Муассиси ин радиои нав дар ҷамоати Чоркӯҳи Исфара, Илҳоми Файз, аз ҷавонони фаъоли ин маҳал мегӯяд, мақсади аслии онҳо пахши ахбор барои мардуми минтақаи ҳассос аст.

Вай меафзояд: “Ҷамоати мо, ки марзӣ ва дур аз марказ аст, сокинони бархе мавзеъҳо ба телевизиони вилоятӣ ва шаҳри Исфара дастрасӣ надоранд. Соли гузашта, вақти муноқишаҳои марзӣ байни сокинон овозаҳои бардурӯғ паҳн мешуд ва баъзе одамонро ба таҳлука меандохт. Агар он вақт радиои худро медоштем, эълон мекардем, ки овозаҳо бебунёданд, воҳима накунед, вазъ таҳти назорати масъулон аст, дар хонаҳоятон шинед, мардумро ором мекардем. Албатта, мо рангинтар кардани зиндагиву фароғати сокинон барномаҳои ҷолибу шуниданӣ, гуфторҳои маърифатӣ пешниҳод хоҳем кард.”

Ҷамоати Чоркӯҳ дорои беш аз 40 ҳазор аҳолӣ буда, бо ду ҷамоати ҳамсояаш 80 ҳазор аҳолиро дар бар дорад. Дар ин минтақаи марзии Тоҷикистон амвоҷи бархе радиоҳои Узбакистону Кирғизистон паҳн мешавад ва сокинон метавонанд, ин радиоҳоро ба роҳатӣ гӯш кунанд. Аммо ба радиоҳои кишвари худ рӯи мавҷи ФМ дастрасӣ надоранд. Гузашта аз ин, қисме аз сокинони ин ҷамоати бо Қирғизистон ҳаммарзи Исфара пойбанди анъанаҳои динианд ва дар ин маҳал чун дигар деҳоти Тоҷикистон тарабхонаву толори консертиву бар, бо барномаҳои дилхушиву фароғатӣ вуҷуд надорад. Барои ҷавонон шароитҳои одии истироҳату фароғат фароҳам нест. Чунин фазоро бо мусиқии зебо ва шуниданӣ радиои нав пур карданист.

Бори аввал мавзӯи таъсиси радиои худӣ дар гурӯҳи “Чоркӯҳ” дар шабакаҳои иҷтимоӣ баррасӣ шуда,беш аз 1000 нафар аз ин иқдом ҷонибдорӣ карданд. Ба назари аксари онҳо, сокинони марзӣ замони муноқишаҳо ва дигар ҳолатҳои изтирорӣ, дар рӯзҳои бебарқии зимистон ба радиои рӯи мавҷи ФМ ниёз доранд. Онҳо метавонанд тавассути телефонҳои ҳамроҳи худ ё аз радиои автомобил онро гӯш кунанд. Корбаре пешниҳод кардааст, номи радиои нав “Садои мардуми Чоркӯҳ” гузошта шавад.

Илҳоми Файз мегӯяд, раиси шаҳри Исфара, Даврон Зоҳидзода ва бархе аз соҳибкорони маҳаллӣ пуштибонии молии радиои навро ваъда кардаанд. Вай афзуд, дар қадами аввал мавҷи радиои Чоркӯҳ ин ҷамоат ва 2 ҷамоати канораш: Ворух ва Сурхро фаро хоҳад гирифт, сипас барои “аз маҳдудаи расонаи ҷамоативу музофотӣ” берун рафтан талош хоҳанд кард. Ҳамчунин, аввал аз субҳ то шом, баъд тамоми 24 соати шабонарӯз барнома пахш хоҳанд кард. Илҳоми Файз 44-сола буда, наздик ба 5 сол раҳбарии бахши ҷавонони ҷамоати Чоркӯҳро бар дӯш доштааст, сипас дар бонк кор кардааст. Ба гуфтаи вай, ҳоло ҷиҳати дарёфти муҷаввиз дар садади супурдани санадҳо ба Кумитаи давлатии телевиизион ва радиои Тоҷикистон ҳастанд ва умедворанд, ки дар Душанбе ин ташаббуси мардуми маҳалӣ пуштибонӣ пайдо хоҳад кард.

Агар ин радио дар ҷамоати Чоркӯҳи Исфара боз шавад, он нахустин расонаи электронӣ дар як ҷамоати марзии Тоҷикистон хоҳад буд. Аз 20 то 10 соли пеш дар ин ҷамоат ва дар бархе ҷамоатҳои марзии Ашту Масчо сокинон телевизионҳо ҷамоатӣ боз карда буданд, ки шом 2 - 3 соат намоиш пахш мекард. Аммо баъди расидани амвоҷи шабакаҳои телевизиони Тоҷикистон ба ин мавзеъҳо давлат дигар иҷозаи фаъолияти телевизионҳои деҳаҳоро тамдид накард.

То як-ду соли охир дар марказ ва шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд шумораи телевизионҳо меафзуд ва ҳоло танҳо дар шаҳри Хуҷанд 6 телевизион намоиш пахш мекунад. Мегуфтанд, замони радио гузаштааст, аммо дар чанд соли охир маҳз теъдоди радио дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон зиёд мешавад. Аз ҷумла дар шимоли кишвар дар ноҳияи Ашт радиои "Диёр", “Дунё” дар Истаравшан, "Садои Панҷакент” дар шаҳри ҳамном, “Шаҳри ман“ дар Хуҷанд ба пахши барномаҳои худ сар карданд.

XS
SM
MD
LG