Додгоҳи ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон як хушдоманро барои “ба худкушӣ расонидан”-и арӯси шашмоҳааш гунаҳгор ва ӯро ба пардохти 15 ҳазор сомонӣ ҷарима муваззаф кард.
Ҳукми додгоҳи ноҳия 5 декабр содир шуда аллакай ба иҷро даромадааст. Ҳеҷ ҷониб аз қарори додгоҳ шикоят накард.
Номаи навиштаи духтарамро бурданд. Дар нома гуфтааст, ки хушдоманаш ӯро ҳақорат карда, духтари камбағал мегуфтааст, шавҳари духтарам дар муҳоҷират буд ва ин духтар ба хона омада худкушӣ кардааст
Додраси қазия мегӯяд, дар мурофиа собит шуд, ки арӯси 19-сола Ибодат Искандарова зери фишори равонӣ рӯзи 30 июли имсол дар хонаи падари худ даст ба худкушӣ зад ва номаи пеш аз маргаш сабаб шуд, ки далели қасди ҷон кардани арӯси ҷавон таҳқиқ шавад. Саидмаҳмуд Гулзода, додраси додгоҳи ноҳияи Қубодиён ва қозии ин парванда рӯзи 19 декабр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки баъди содир шудани қарор, ҳеҷ ҷониб шикоят накард ва ҳукм ба иҷро даромад.
Додрас: Бемориву синни айбдоршаванда ба эътибор гирифта шуд
Гулзода гуфт, ки Бибиш Саидоваи 57-сола, сокини деҳаи Тоҷикистони ҷамоати деҳоти “Навобод” тибқи моддаи 109-и Кодекси ҷиноӣ, яъне “ба худкушӣ расонидан” муҳокима ва дар ҷараёни мурофиа гуноҳи ӯ собит шуд. Саидмаҳмуд Гулзода аз ин беш сӯҳбат накард ва танҳо гуфт, ки дар парвандаи ҷиноӣ далели шаъӣ дар ихтиёр дорад, ки азобу шиканҷаи келин ҷой дошт.
Як мақоми додгоҳи ноҳияи Қубодиён ба саволи Радиои Озодӣ дар бораи он ки чаро қарори додгоҳ бо ҷарима маҳдуд шуд, гуфт, тибқи моддаи “ба худкушӣ расонидан” ба Бибиш Саидова аз се то панҷ соли маҳрум шудан аз озодӣ таҳдид мекард, вале бемории зан ва синну солашро ба инобат гирифта ӯро ҷарима кардаанд.
Бобои духтар: Набераам дар хонаи шавҳар мушкили зиёд дошт
Восит Ҷамолзода, вакили Бибиш Саидова нахост ба саволҳои марбут ба ин ҷиноят посух диҳад. Бар асоси иттилои расмӣ, дар номаи пеш аз маргаш арӯси ҷавон Ибодат Искандарова навиштааст, ки маҳз хушдоманаш сабабгори даст ба худкушӣ задани ӯ шудааст.
Ибодат Искандарова шаш моҳ баъди арӯсӣ ва 15 рӯз пеш аз маргаш дар таърихи 30 июли имсол ба хонаи падараш деҳаи Намунаи ҷамоати деҳоти “Навобод” баргашта буд. Волидон он рӯз ҷасади духтари нокоми худро аз банди дори оғили хона пайдо кардаанд. Дар номае, ки ҳамакнун вориди парвандаи ҷиноӣ шудааст, Ибодат навишта буд, ки хушдоманаш ӯро пайваста мавриди хушунати равонӣ ва дашном медодод. Ба навиштаи ӯ, арӯсро “як духтари камбағал” номида таҳқир мекард.
Муродулло Искандаров, падари Ибодат Искандарова мегӯяд: “Номаи навиштаи духтарамро бурданд. Дар нома гуфтааст, ки хушдоманаш ӯро ҳақорат карда, духтари камбағал мегуфтааст, шавҳари духтарам дар муҳоҷират буд ва ин духтар ба хона омада худкушӣ кардааст.”
Шодӣ Искандаров, бобои Ибодат низ мегӯяд, ки наберааш зиндагии хуб надошт ва ҳамеша таҳти фишори равонӣ қарор дошт. Айни замон ӯ гуфт, ки бо ҳукми додгоҳ канор омаданд ва дигар шикоят карданӣ нестанд.
Хушдоман худро "тӯҳматшуда" меномад
Вале Бибиш Саидова, зане, ки бо ҳукми додгоҳ гунаҳгори марги келини ҷавонаш эътироф шудааст, баъди содир шудани қарор ҳам худро “тӯҳматшуда” меномад ва бештар аз он нигарон аст, ки пули ҷаримаи додгоҳро чӣ гуна пардохт мекунад. Ҳаҷми умумии ҷарима 15 ҳазор сомонӣ, муодили каме беш аз 1500 доллар аст.
Бибиш Саидов таъкид мекунад, ки ҳодиса 15 рӯз баъди тарки хонаи ӯ кардани арӯс рух додааст:
“Ман дар маърака будам, ки келин аз хона рафт, рӯзи 15-уми июл буд. Хона омадам нест, гуфтанд хонаашон рафтааст. Ҳоло маро гунаҳгор мекунанд. Ман ба ӯ чизе нагуфтаам. Ҳоло намедонам, ки ин ҷаримаро аз куҷо пардохт мекунам ва чӣ гуна бояд пул пайдо кунам. Манро туҳмат карданд. Келинам худаш гунаҳгор аст, дар хонаи ман худкушӣ накардааст”.
Бибиш Саидова мегӯяд, ки дар ҳавлияш боз келину набера дорад, ки зиндагии хуб дорад.
Арӯсони "бешавҳар"
Замоне, ки гузориш таҳия мешуд, ҳамсари Ибодат Искандарова дар муҳоҷирати корӣ қарор дошт. Ҳамонгуна, ки замони аз хона рафтану худкушӣ кардани ҳамсараш ҳам дар Русия қарор дошт. Мегӯянд, хабари худкушии ҳамсари ҷавонаш ӯро хеле афсурда кард. Вокуниши писар ба ин қазия дар даст нест. Вале тавре бархе огоҳон гуфтанд, баъди арӯсӣ шавҳар дар фурсати кӯтоҳ дубора дунболи кору даромад дар Русия шуд ва арӯси ҷавон Ибодат дар ҳавлии хушдоман бо кори хона машғул буд.
Худкушии арӯс дар паи азиятҳои хушдоман дар ҷомеаи Тоҷикистон дигар хабари нав нест. Соли ҷорӣ Фаризаи Хӯҷаназар, сокини деҳаи Миёнадуи ноҳияи Сангвор низ дар ҳавлии шавҳар худкушӣ кард ва дар ин ҳодиса маҳз хушдоманаш гунаҳгор эълон шуд. Бо ҳукми додгоҳи ноҳия, занро барои ба худкушӣ расонидани арӯсаш ба мӯҳлати 5,5 сол равонаи зиндон кардаанд. Ду сол аз ин пеш дар Қубодиён ду келини як хонадон дар паи таънаву хушунати равонии пайвастаи хушдоманашон забон як карда ӯро кушта оташ заданд. Ин ду келин ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ зиндонӣ шудаанд.
Созмонҳои иҷтимоӣ мегӯянд, ки дар як соли ахир шикояти ҳудуди ду ҳазор занро сабт кардаанд, ки 316 нафарашон хушдоманҳоро сабабгори бадбахтии худ ва хонводаашон донистаанд. Ҷомеашиносон мегӯянд, дар бисёр хонаводаҳо қоидаи нонавиштаи бартарии хушдоман бар арӯс амал мекунад, ки ҳамсари писарро на ҳамчун узви комилҳуқуқи оила, балки як хидматгор мебинанд. Бо афзоиши муҳоҷирати кории мардон ба Русия мавқеи арӯсони ҷавон дар чунин оилаҳо заъифу ҳассос мешавад ва гоҳо зӯргӯиву хушунати хешовандони ҳамсар болои арӯс боло мегирад. Инро ҷомеашиносони тоҷик як фоҷеаи иҷтимоӣ ва як паёмади дигари муҳоҷирати мардон ба хориҷа арзёбӣ мекунанд.
Дар 11 моҳи соли 2018 дар Хатлон 55 ҳолати худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷон танҳо дар миёни занон сабт шудааст, ки дар натиҷа 36 нафари онҳо ҷон додаанд.