Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як гурӯҳи ниқобпӯш хабар дод, ки бо истифода аз силоҳ вориди манзили як сокини Қӯрғонтеппа шуда, ӯ ва зану фарзандонашро латукӯб намуданд ва 48 ҳазор доллари онҳоро ба яғмо бурданд.
Як манбаъ аз вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 10 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳодиса нимашаби 7 сентябр рух додааст ва як гурӯҳи 3-нафара бо ҳадафи дуздӣ ба манзили як сокини 49-солаи шаҳри Қӯрғонтеппа ворид шуда, ӯву ҳамсар ва писару духтари 17 ва 15-солаашро латукӯб намуда, дасту пойҳояшонро бастанд ва аз дохили ҳуҷраи хоби онҳо як сандуқи оҳанинро, ки дар дохили он 48 ҳазор доллар будааст, бардошта ва фирор карданд.
Манбаъ ба хотири халал ворид нашудан ба ҷараёни тафтишот, аз зикри номи афроди ин гурӯҳ ва ҳамин тавр хонаводае, ки ҳадафи ҳамлаи ин гурӯҳ қарор гирифтанд, худдорӣ кард.
Ба иттилои манбаъ, мақомоти интизомӣ дар пайи амалиёти ҷустуҷӯӣ ба гумони даст доштан дар ин ҳодиса, як гурӯҳи панҷнафариро боздошт карданд, ки чаҳор нафари онҳо сокинони ноҳияи Бохтар ва яке сокини шаҳри Қӯрғонтеппа мебошанд. Манбаи Радиои Озодӣ мегӯяд, ки ду тан аз афроди ин гурӯҳ, қаблан ба зиндон маҳкум шуда буданд.
Тафтишоти пешакӣ ошкор кардааст, ки ин афрод пас аз бардоштани сандуқи оҳанин, ки дар дохилаш 48 ҳазор доллар буд, бо истифода аз худрави "Хонда СР-В"-и соҳиби хона аз ҷой ҳодиса фирор намуда ва худро ба маҳаллаи Қизилюлдузи ноҳияи Бохтар расонданд. Аз онҷо онҳо бо мошини "Опел-Астра нишаста ва сандуқро ба хонаи яке аз аъзои гурӯҳ бурда шикастанд ва аз дохилаш маблағро берун оварда ва ба байни худ тақсим намуданд.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳини тафтиши манзили зисти гумонбаршудаҳо, сандуқи оҳанин ва як миқдори пул, дарёфт шудааст. Ба гуфтаи мақомот, ҳамакнун дар нисбати боздоштшудаҳо тибқи моддаи 249 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парванда ҷиноятӣ боз шуда ва тафтишот идома дорад.
Ба гуфтаи бархе аз сокинон, тайи ду соли охир бо таваҷҷуҳ ба буҳрони иқтисодӣ мавридҳои вуруди дуздон ба манзилҳо афзоиш ёфтааст.
Як пажӯҳиш ҳам муайян кардааст, ки 78 дарсади афроде, ки дар Тоҷикистон даст ба ҷиноят заданд, бекор буда ва шуғли муайяне надоранд. Маркази миллии қонунгузорӣ, ки натиҷаи татбиқи се қонуни афви ахирро таҳлил кардааст, моҳи июн гуфт, дар аксари маворид бекорӣ одамонро ба ҷинояткорӣ таҳрик додааст.