Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дипломати тоҷиктабор дар симати сафири Русия дар Қатар


Дипломати тоҷиктабори Русия Нурмуҳаммад Холов, сафири Маскав дар Доҳа таъйин шудааст.

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия рӯзи 22-юми ноябр бо судури як фармон, дипломати тоҷиктор Нурмуҳаммад Холовро сафири он кишвар дар Қатар таъйин кард. Ба навиштаи расонаҳои русӣ, Нурмуҳаммад Холови 60-сола дар ин мақом ҷойгузини Владимир Титоренко шуд.

Курсии сафири Маскав дар Доҳа аз замони барканории Владимир Титоренко дар моҳи марти соли 2012 холӣ буд. Барканории Титоренко дар пайи моҷарое буд, ки гӯё ходимони гумруки Қатар рӯзи 29 ноябри соли 2011 дар фурудгоҳи Доҳа бо ӯву ду ходими дигари сафорати Русия қариб дастбагиребон шудаанд.

Маъмурони амниятӣ ва гумрукии Қатар хостори тафтишу бозрасии бастаҳои дипломатиӣ вобаста ба сафири Русия шуданд, ки бо муқовимати сафир мувоҷеҳ шуд. Маъмурони амниятӣ, гумрук ва пулис исрор карданд то ин бастаҳоро тафтиш кунад ва кӯшиданд то онро ба зӯр бигиранд. Дар ниҳоят кормандони амниятӣ ба сафир ҳамла карда ва вайро дар ин ҳодиса «маҷруҳ» карданд. Владимир Титоренко пас аз ҳамла дар бемористон бистарӣ шуд.

Вазорати умури хориҷии Русия як рӯз пас аз ин ҳодиса сафири Қатар дар Маскавро ба ин вазорат эҳзор кард ва эътирози Маскав нисбат ба бадрафторӣ бо сафири Русия ба вай расонида шуд.

Нурмаҳмад Холов фарзанди дувуми раиси фақиди Раёсати Шӯрои олии Тоҷикистон Маҳмадуллоҳ Холов буда, аз соли 1975, пас аз хатми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дар сохторҳои вазорати хориҷаи Иттиҳоди Шӯравӣ ва баъдан Русия кор мекунад.

Тӯли ин солҳо Нурмуҳаммад Холов дар Яману Сурия, Ироқу Миср ва дар вазорати корҳои хориҷаи Русия дар мақомҳои гуногуни дипломатӣ ифои вазифа намудааст. Ин дипломати тоҷиктабор мақоми сафири фавқулоддаро дошта, аз соли 2001 то 2005 сарконсули Русия дар шаҳри Искандарияи Миср ва то лаҳзаи таъйин шуданаш ба симати сафири Русия дар Қатар, дар департаменти кор бо ҳамватанони вазорати хориҷаи Русия, фаъолият мекард.
XS
SM
MD
LG