Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Масъуди сипаҳсолор” дар Кобул ба нашр расид


Романи "Масъуди сипаҳсолор"-и рӯзноманигори тоҷик Саид Раҳмон дар шаҳри Кобул бо расмулхати форсӣ ба нашр расид.

Китоби “Масъуди сипаҳсолор” ба ҳуруфоти форсӣ баргардон ва дар Кобул ба нашр расидааст. Ин китоб дар бораи сипаҳсолор Аҳмадшоҳи Масъуд ва муборизаҳои хастагинопазири вай чун сипаҳсолор дар солҳои таҷовузи Иттиҳоди Шӯравии пешин ба Афғонистон ва сипас муборизаҳои вай бар зидди ҷунбиши Толибон, ҳикоят мекунад. Китоб ба қалами Саид Раҳмон-рӯзноманигори тоҷик аз шаҳри Кӯлоб, тааллуқ дорад.

Саид Раҳмон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, баъд аз мутолиаи романҳои “Восеъ” ва “Фирдавсӣ”-и Сотим Улуғзода дар фикри навиштани романе дар бораи корномаи Аҳмадшоҳи Масъуд афтодааст, зеро ба ақидаи вай, сипаҳсолор Масъуд низ аз чеҳраҳои мондагор дар таърих ба шумор меравад. Вай мегӯяд: “Фикр кардам, ки китобро бо ҳуруфоти форсӣ бояд дар Афғонистон ва дар Эрон нашр кунем. Аҳолии Тоҷикистон 8 миллион нафар аст, вале аҳолии Афғонистону Эрон хеле бештар аз Тоҷикистон аст”.

Аз оқои Раҳмон пурсидам, дар баргардони китоб ба хати форсӣ ба вай кӣ кӯмак кардааст?

“Чанд муддат пеш дар Кӯлоб як дӯстам, бо номи Саидмурод Исмоилов, устоди забони форсии донишгоҳи шаҳр ба ҳуруфи форсӣ баргардон карда буд. Вай бо хоҳиши ман ҳамчун дӯст бе ягон маблағ ин корро анҷом дод. Ин китоб дар дасти ман барои нашр омода буд. Хушбахтона

Саид Раҳмон, муаллифи "Масъуди сипаҳсолор"
Саид Раҳмон, муаллифи "Масъуди сипаҳсолор"

Абдулатифи Пидром, шоири машҳури Афғонистон ба Кӯлоб ташриф овард ва дар ин шаҳр нишасте баргузор карданд. Ман аз ин нишаст бехабар будам. Яке аз дӯстонам ба ман телефонӣ гуфт, ки дар шаҳрдорӣ дар ҷаласае дар бораи Аҳмадшоҳи Масъуд сӯҳбат мекунанд. Ман китобро гирифтам ва ба он ҷо рафтам. Дар ҷаласа сӯҳбат кардам ва китобро ба Абдулатифи Пидром ҳадя намудам. Дар поёни ҷаласа вай пурсид, ки аз ман чӣ кӯмак мехоҳӣ? Ман гуфтам, ки агар имкон дошта бошед, онро ба хати форсӣ чоп кунед. Чопи ин китоб дар Кобул аз ҳамин ҷо сарчашма мегирад”.Оқои Раҳмон мегӯяд, тақрибан баъд аз шаш моҳи ин дидор ба ман 15 рӯзи пеш хабар доданд, ки китоб дар Кобул ба нашр расидааст.

Саид Раҳмон мегӯяд, ки ин китоб бо ибтикори анҷумани байналмилалии рӯзноманигорони форсизабон -- "Афрӯз" ва бо маблағҳои шахсии Абдулатифи Пидром - шоири тавоно ва вакили парлумони Афғонистон, ба нашр расидааст. Ба гуфтаи вай, Латифи Пидром ҳатто барои китобаш пешгуфтор навишта, онро беҳтарин асари насрӣ дар бораи Аҳмадшоҳи Масъуд хондааст. Ин нависанда мегӯяд, "Афрӯз" кореро анҷом дод, ки бо муроҷиатҳои даҳкарата, сафорати Афғонистон ва Эрон барои баргардонии ин асар ба расмулхати форсӣ, накарда буданд.

Аз Саид Раҳмон мепурсам, маъмулан муаллифони китобҳои саргузаштӣ ё бо қаҳрамони асари худ дидору гуфтугӯ мекунанд ва ё аз дӯстону ҳамкорон ва хешовандонаш маълумот ҷамъоварӣ мекунанд. Вай чӣ тарз ба навиштани ин асар омодагӣ гирифтааст? Саид Раҳмон дар ҷавоб мегӯяд, ки барои навиштани китоб ба Кобулу Панҷшер сафар кардааст ва бо афсарони баландрутбаву ҳамсангари Аҳмадшоҳи Масъуд мулоқот кардааст.

Дар рустои Ҷангалаки водии Панҷшер ба зиёрати мазори вай рафтааст. Гузашта аз ин, китобҳову мақолаҳо дар бораи Аҳмадшоҳи Масъудро гирдоварӣ кардааст ва як силсила таҳқиқоти дигарро дар бораи хусусият ва шахсияти вай анҷом додааст. Дар Тоҷикистон низ бо шахсоне, ки Масъудро мешинохтаанд, аз ҷумла бо генерал Саидамир Зуҳуров, ки бо сипаҳсолор дӯстӣ дошт, барои гирифтани хотироташ сӯҳбат оростааст.

Солеҳ Муҳаммад Регистонӣ яке дигар аз дӯстони ҳамразми Масъуд будааст, ки Саид Раҳмон дар водии Панҷшер ба хонааш ташриф бурдааст. Вай низ дар бораи Масъуд китобе ба нашр расондааст ва маълумоти гаронбаҳое дар ихтиёри Саид Раҳмон гузоштааст. Саид Раҳмон ҳамчунин аз як марди руси асирафтода ёдоварӣ мекунад, ки ба вай Исломиддин ном дода буданд:

Оромгоҳи Аҳмадшоҳи Масъуд дар дараи Панҷшер.
Оромгоҳи Аҳмадшоҳи Масъуд дар дараи Панҷшер.

“Бо Исломиддин, ки номи аслиаш Николай Бистров аст, сӯҳбат кардам. Вай ба дасти нерӯҳои Масъуд асир афтода буд. Масъуд вайро накушт, балки бо як духтари тоҷик бо номи Одила хонадор кард. Николай Бисторов баъди ин арӯсӣ ба худаш Исломиддин ном гузошт. Вай бо Одила дар шаҳри Краснодар зиндагӣ мекунад, вале намояндаи артиши Русия дар Кобул буд. Ғайр аз ин дар муддате, ки дар Кобул будам, ба ягон ҷо ба тамошо набаромадам. Дар он рӯзҳо ёдбуди Масъуд дар Кобул идома дошт. Дафтарро мемондам, ҳар касе сӯҳбат мекард, онро ёддошт мегирифтам. Хулоса рақамҳои аниқро аз Кобул гирифтам”.

Ҳоло нусхаҳои дарии китоби “Масъуди сипаҳсолор” ба Тоҷикистон наомадааст, вале Саид Раҳмон -- муаллифи он мегӯяд, ки тавассути дӯстонаш ин китобро рӯзҳои наздик дастрас хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG