Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тундравтарин раҳбарони мазҳабҳои дунё


Ҳасан Насруллоҳ - раҳбари "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон
Ҳасан Насруллоҳ - раҳбари "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон

Маҷаллаи "Foreign Policy", чопи Амрико, феҳристи панҷ нафар аз раҳбарони тундрави панҷ мазҳаби муҳими дунёро чоп кардааст.

Ин феҳрист бо Ҳасан Насруллоҳ, дабири кулли «Ҳизбуллоҳ»-и шиъаҳои Лубнон шуруъ мешавад ва бо Дов Лиор, раҳбари хохомҳои яҳуд ё раббиҳои яҳуд ба поён мерасад. Ин раҳбарони мазҳабӣ дар саросари сайёра бо суханони тундгароёнаи худ ва адами муросо бо мазоҳиби дигар ном баровардаанд. Масалан, Ҳасан Насруллоҳ дар яке аз суханрониҳояш чунин гуфта буд "агар мо тамоми ҷаҳонро бигардем ва шахси буздилу забун, дорои руҳия, ақидаву афкор ва дини заъиф биҷуем, касеро ба ҷуз аз яҳуд пайдо намекунем. Дар назар бигиред, ки ман "исроилӣ" нагуфтаам".


Ҳасан Насруллоҳ бо гуруҳе аз пайравонаш дар соли 1982 дар Лубнон баъд аз таҷовузи неруҳои Исроил ба Лубнон "Ҳизбуллоҳ"-ро ташкил кард. Аз он замон то ҳол ин ҳизби сиёсии исломӣ бо ҳадафҳои худ ва таркиби аъзои худ, ки дар он шибҳанизомиёни террорист низ ҳастанд, дар ҷаҳон эътибори манфӣ пайдо кардааст. Ин ҳизб дар ҷануби Лубнон дар дохили давлат гуё давлати дигаре ташкил додааст. Худи Насруллоҳ пайрави шиъа аст ва дар шаҳри Наҷафи Ироқ таълими исломӣ гирифтааст. Вай аз пайравони роҳи Оятуллоҳ Руҳуллоҳ Хоманеӣ ба шумор меравад.

Солҳои ахир Ҳасан Насруллоҳ пайравонашро дигар ба инқилоби исломӣ даъват намекунад ва чунин ба назар мерасад, ки ҳоло розист бо давлати кунунии Лубнон муросо кунад. Вале то ҳол аз мавзеъгирии худ бар зидди Исроил даст накашидааст ва ҳамчунон мегуяд, ки бояд Исроил аз харитаи ҷаҳон пок шавад.

Яке дигар аз раҳбарони мазҳабии тундрав Дов Лиор, раҳбари хохомҳои яҳуд, дар маҳалле бо номи Хират Арба дар Исроил аст. Вай низ гуфтаи маъруфе дорад, ки чунин аст: "Ҳаёти ҳазор ғайрияҳудӣ ба нохуни як яҳудӣ арзиш надорад". Дов Лиор ҳамчунин гуфтааст, куштори фаластиниён бо шариъати яҳудият созгор аст. Лиор ин суханонро дар соли 1994 изҳор дошта буд. Вай ҳамчунин фатвоеро содир карда буд, ки тибқи он яҳудиҳо ҳақ надоранд арабҳоро ба кор гиранд ё дороии онҳоро иҷора кунанд.

Маҷаллаи "Foreign Policy" ба унвони раҳбари бади дини ҳиндуӣ аз Ёгӣ Адитианатҳ ном бурдааст. Вай узви порламони пурнуфустарин аёлати Ҳиндустон, яъне аёлати Уттар Прадеш аст ва бо чунин гуфтори худ шуҳрат дорад: "Ман раъйи мусулмононро низ мехоҳам, вале онҳоро аввал дар оби рудхонаи Ганг шустушу кунед".

Адитианатҳ ба ҷуз аз узвият дар ҳизби миллатгарои " Бҳаратия Ҷаната Партӣ" муассиси ҷунбиши тундгарои ҷавонони ҳинд низ мебошад. Вай дар авоили соли 2007 барои шуришҳои мазҳабӣ дар Гурахпур-воқеъ дар шимоли Ҳиндустон зиндонӣ шуда буд. Он вақт ҷунбиши тундгарои ҷавонон мошинҳо ва ҳатто қатори роҳи оҳанро ба оташ кашида буданд. Баъдтар ин раҳбари мазҳабӣ аз зиндон раҳо шуд ва ҳамчунон узви порламони аёлати Уттар Прадеш аст. Атуралия Ратана раҳбари тундрави мазҳабӣ аз дини буддоист. Вай узви порламони Шрилонко ва роҳиб аст, ки бо ақидаҳои зидди масеҳият маъруф аст. Вай аз ҷумла гуфтааст, ки бояд порламон қонуне ба тасвиб расонад, ки буддоиҳо натавонанд ба дини масеҳият гараванд.

Ва саранҷом дар феҳристи бадтарин раҳбарони мазҳабии ҷаҳон, ки Маҷаллаи "Foreign Policy" дар шумораи ахири худ чоп кардааст, исми Ҷозеф Конӣ омадааст. Ҷозеф аз пайравони дини масеҳист ва дар Угондо фармондеҳи Артиши Муқовимати Хебрегон аст. Вай чунин гуфтаи маъруф дорад: "Малоику арвоҳ бо ман гуфтугу мекунанд. Онҳо вориди ҷисми ман мешаванд ва ҳамаро пешгуӣ мекунанд. Онҳо мегуянд: "Ҷозеф, ту ба мардумат бигу, ки душман нақшаи ҳамла ба онҳоро дорад". Онҳо ҳар чиро пешгуӣ мекунанд".

Дар давоми 20 соли ҷанги дохилии Угондо Артиши Муқовимати Хебрегон зери фармондеҳии Ҷозеф Конӣ ба андозае хуни мардумро рехтааст, ки шабакаи Ал Қоъидаву Ҳизбуллоҳ ва Ҳамос дар якҷоягӣ нарехтаанд. Ҷозеф мехоҳад давлати Угондоро сарнагун ва ба ҷои он режими ба истилоҳи худаш "Даҳ фармондеҳ"-ро руи кор орад. Барои расидан ба чунин ҳадафҳои шуми худ артиши вай 20 ҳазор кудакро рабуда ба ғуломи ҷинсӣ табдил додааст ва мехоҳад барои артиши худ аз онҳо сарбозони оянда тарбия кунад.

Маҷаллаи "Foreign Policy" бо назардошти чунин ақидаву хулқ ин панҷ нафарро бадтарин раҳбарони динии ҷаҳон муъаррифӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG