Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳиҷоб дар донишгоҳҳои Туркия дубора манъ шуд


Додгоҳи Қонуни Асосии Туркия тағйироту иловаҳо ба Қонун дар бораи иҷозаи бастани ҳиҷоб ва ё рӯсарии духтарон дар донишгоҳҳои ин кишварро бекор кард.

6-уми феврали соли ҷорӣ порлумони Туркия, ки дар он аксариятро намояндагони ҳизби ҳокими Адолат ва Тарақиёт ташкил медиҳанд, тағйиротеро ба тасвиб расонд, ки бастани рӯмол дар донишгоҳҳо, мактабҳо ва соири муассисоти давлатиро иҷоза медиҳад. Билофосила Ҳизби Мардумии Ҷумҳурихоҳ ба додгоҳи Қонуни Асосии Туркия шикоят бурд ва тасмими дирӯзи додгоҳ низ натиҷаи он аст.

Бо судури тасмими додгоҳи Қонуни Асосӣ, чунин ба назар мерасад, ки Туркия бори дигар ба бӯҳрони қонунӣ рӯ ба рӯ шудааст. Шаҳидии Род, таҳлилгари умури Туркия ва масъули бахшҳои Осиёи Марказии радиои Озодӣ мегуяд, тасмими дирӯзи додгоҳи Қонуни Асосӣ нишон дод, ки ҳизби ҳоким наметавонад ба танҳоӣ барномаҳои худро пеш барад:

"Додгоҳи Қонуни Асосии Туркия бо раъйи рӯзи гузаштаи худ нишон дод, ки Реҷеп Тайип Эрдуғон ва порлумоне, ки таҳти контроли вай аст, наметавонанд ба танҳоӣ афкор ва нақшаҳои худашонро пеш баранд. Ин даъво бештар дар сатҳи қонунист. Ман фикр намекунам, ки дар рӯзҳо ва ҳафтаҳои оянда мо шоҳиди тазоҳурот ё ҳаракатҳои мардумӣ ба тарафдорӣ ё ба мухолифат бо давлати оғои Эрдуғон бошем, балки пештар худи оқои Эрдуғон ҳам таъкид кардааст, ки мехоҳад аз роҳи дипломатӣ ва қонун ин муборизаи худро пеш барад".

Оқои Шаҳидӣ меафзояд, чаҳор ё панҷ нафар қозиҳои додгоҳи Қонуни Асосӣ аз тарафи худи оқои Эрдуғон таъин шудаанд. Ин бад-он маънист, ки тамоми аъзои додгоҳ мухолифи Эрдуғон нестанд. Аз тарафи дигар додгоҳи Қонуни Асосӣ машғули баррасии парвандаи дигарест, ки аз тарафи додситонӣ фиристода шудааст. Дар ин парванда тақозо шудааст, ки ҳизби ҳокими Адолат ва Тараққиёт баста шавад ва 71 нафар аз раҳбарони ин ҳизб, аз ҷумла нахуствазир Реҷеп Тайип Эрдуғон ва Абдуллоҳ Гул, аз фаъолиятҳои сиёсӣ дур карда шаванд.

Шаҳидии Род бо назардошти чунин вазъ тасмими ахири додгоҳи Қонуни Асосиро шикасти ҷиддии оқои Эрдуғон ва ҳукуматаш медонад: "Тарафдорони оқои Эрдуғон, ба хусус ҷавононе, ки рӯмол ба сар мекунанд ва афкору бинишҳои исломӣ доранд, умедвор буданд, ки давлат ва оқои Эрдуғон битавонанд роҳро барои онҳо боз кунанд. Вале тасвиби ин қонун аз тарафи додгоҳи Қонуни Асосӣ нишон медиҳад, ки вай ҳануз ба он ҳад аз қудрат нарасидааст, ки ҳар кореро, ки худаш мехоҳад, анҷом диҳад ва нерӯҳои сиёсӣ ва артиш ба шиддат дар муқобилаш истодаанд. Ин як шикасти бузурги сиёсӣ барои оқои Эрдуғон аст ва вокунишҳои чанд соати ахир нишон медиҳад, ки додгоҳи Қонуни Асосӣ мумкин аст дар тобистони имсол ҳатто ба баста шудани ҳизби оқои Эрдуғон ҳам раъй диҳад, ки бузургтарин шикасти оқои Эрдуғон дар тули даҳ соли ахир хоҳад буд".

Баскин Оран, устоди донишгоҳи Анқара, мегуяд, тасмими дирӯзи додгоҳ ба ин маънист, ки қозиҳои додгоҳ дар ояндаи наздик барои бастани ҳизби оқои Эрдуғон, яъне ҳизби Адолат ва Тараққиёт, низ раъй хоҳанд дод: "Лағви илова дар бораи ба сар кардани рӯмол дар додгоҳ ба ин маънист, ки додгоҳ аз ҳоло дар бораи манъи фаъолияти ҳизби Адолат ва Тараққиёт низ барои масъалаи бастани рӯмол тасмим гирифтааст".

Реҷеп Тайип Эрдуғон, нахуствазири Туркия, баъд аз тасмими додгоҳи Қонуни Асосӣ ҳамаи боздидҳои дохилӣ ва хориҷии худро лағв кардааст, то дар бораи қадамҳои баъдӣ дар ин рӯзҳо бо мақомоти аршади ҳизбаш ба машварат нишинад.

XS
SM
MD
LG