Бар асоси ин навиштаҳо, 14 нафар варзишкорони тоҷик дар ин мусобиқаи байнулмилалӣ шарафи Тоҷикистонро дар риштаҳои мухталифи варзиш ҳимоя хоҳанд кард. Варзишгарони тоҷик имрӯз, 31-уми июл, озими Чин шуданд.
Аммо яке аз мавзӯъоте, ки ба таври пайваста дар нашрияҳо инъикос мешавад, масъалаи муҳоҷирати кории тоҷикон аст. Аз ҷумла ҳафтаномаи «Наҷот», нашрияи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, таҳти унвони «Сафорати Тоҷикистон ба муҳоҷирон кӯмак намекунад» сӯҳбати Абдусамад Ғайратов, як масъули ин ҳизб дар минтақаи Кӯлобро, ки муддати як сол дар муҳоҷирати корӣ дар Русия будааст, мунташир кардааст. Оқои Ғайрат бо овардани мисолҳо аз рӯзгори муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия камфаъолиятӣ ва бетаваҷҷӯҳии сафорати Тоҷикистон ба мушкилоти муҳоҷиронро дар ин кишвар бозгӯ кардааст.
Абдусамад Ғайратов аз фаъолияти сафорати Қирғизистон дар Русия ситоиш кардааст, ки бевосита бо фирма ва ширкатҳои корфармо дар ин кишвар гуфтшунид карда, қарордоҳо мебандад, то ки атбоъи қирғиз бидуни мушкил кору зиндагӣ кунанд. Аммо ин гуна корҳоро сафорати Тоҷикистон рӯи даст нагирифтааст. Кор то ҷоест, ки, гуфтааст мусоҳиб, бо истифода аз асноди имзошуда миёни сафорати Қирғизистон ва бархе аз ширкатҳои кордеҳ дар Маскав тоҷикон аз ҷойи кор ронда шуданд ва ба ҷойи онҳо қирғизҳоро ба кор гирифтанд.
Ин дар ҳолест, ки «Миллат», ҳафтаномаи дигари чопи Душанбе, зери сарлавҳаи «Ба мушу гурбабозӣ дар Роғун бояд хотима дод», баҳси миёни Русия ва Тоҷикистон дар заминаи сохтмони нерӯгоҳи Роғунро ба баррасӣ гирифтааст. Аз ҷумла, нашрия менависад, ки «Русия, ки худро шарики стротежии Тоҷикистон медонад, бо мушу гурбабозӣ зиёда аз даҳ сол аст, ки моро гӯл мезанад. Гоҳе мехоҳад аксари саҳмияҳоро ишғол намояд ва гоҳе мавқеъи минтақаи Осиёро ба назар гирифта, пешниҳодоти ғайри қобили қабулро ба Тоҷикистон ба миён мегузорад».
Нашрия менависад, ки Остона - пойтахти нави Қазоқистон бо маблағи давлат, сармоягузорон ва низ мардум бунёд шуд ва имрӯз ҳама онҳое, ки дар сохтмони шаҳр маблағ харҷ кардаанд, фоида ба даст меоваранд. Нашрия пешниҳод мекунад, ки Роғунро низ метавон бо ин тарз бунёд кард. Аммо барои ин корҳои таблиғотии дурустеро ба роҳ мебояд монд.
Дар ҳамин ҳол ҳафтаномаи «Нигоҳ» мусоҳибаеро бо Зокир Вазиров, сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон, дар мавриди ҳамкориҳои ин ду кишвар ва мушкилоти мавҷуда дар ин роҳ ба нашр расонидааст. Оқои сафир гуфтааст, ки сатҳи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Озарбойҷон рӯз то рӯз боло меравад, вале ҳамзамон сафир муносибати масъулини ширкати ҳавоии Тоҷикистон ва махсусан раиси онро дар роҳи густариши ин ҳамкориҳо монеъаи асосӣ арзёбӣ кардааст.
Оқои сафир гуфтааст, ки масъалаи ифтитоҳи роҳи ҳавоӣ дар сатҳи мақомоти олии ҳарду кишвар ҳал шудааст, вале роҳбари ширкати ҳавоии Тоҷикистон бо далоили номаълум дар иҷрои ин кор таъхир мекунад ва ҳатто ба ҷониби Озарбойҷон иҷоза намедиҳад, ки парвозҳо миёни кишварҳоро роҳандозӣ кунад. Мо, гуфтааст оқои сафир, аз навиштани муроҷиатнома ба унвони раиси ширкати «Тоҷикайр» хаста шудем, аммо аз он ҷониб ҳеҷ посух намерасад.
Саид Абдуллоҳи Нурӣ чи нақше дар таърихи Тоҷикистон бозидааст? Бо ин суол «Азия плюс» як назарсанҷиеро миёни хонандагони худ доир кардааст. Беш аз 37 дарсад оқои Нуриро яке аз меъморони тарҳи сулҳи тоҷикон хондаанд, наздики 33 дарсад - оппозисионери асосӣ, 17 дарсад гуфтаанд, ки вай дар таърихи Тоҷикистон ҳеҷ нақше надорад ва наздики 13 дарсад дар посух ба ин суол сукут ихтиёр кардаанд.