Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳсил мушкилтар ва гаронтар мешавад?


Тибқи қарори вазорати маориф, имсол ба 35 муассисаи таҳсилоти касбӣ, аз чумла ба 12 донишгоҳ, беш аз 37 ҳазор нафар ҳуҷҷат супоридааст.

Аммо тибқи нақшаи қабул, барои гурӯҳҳои буҷавӣ 8623 ҷой ҷудо шудааст, ки аз он 1182 ҷой барои шӯъбаҳои ғоибона муқаррар шудааст. Ҳамчунин аз ин миқдор беш аз 1000 ҷой ба дорандагони квотаи президентӣ дода мешавад, ки тибқи маъмул ҷавонони деҳоти дурдасти кишваранд.

Дар гурӯҳҳои шартномавӣ бошад беш аз 14 ҳазор довталаб ба курсии донишҷӯй соҳиб мегардад. Дар маҷмӯъ имсол ба донишгоҳҳои кишвар беш аз 23 000 донишҷӯ шомил мешаванд.

Дар ҳамин ҳол Раҷабалӣ Сангов, масъули идораи мактабҳои олии вазорати маориф, мегӯяд, имсол шумори қабули довталабон ба шӯъбаи ғоибона 30 дарсад коҳиш дода шудааст. Зеро дар аксари донишгоҳҳо такрори омӯзиши ихтисосҳо ба назар мерасад, ки дар натиҷа на ҳамаи хатмкунандагон бо ҷойи кор таъмин мешаванд.

Вазири маориф ахиран дар як сӯҳбат бо хабарнигорон гуфта буд, ки вазорат имсол низ ба хотири пешгирӣ аз ҳодисаҳои ришваситонии устодон назоратро дар ҷараёни баргузории имтиҳонот шадид мекунад.

Ба гуфти Раҷабали Сангов, имсол якчанд омӯзгори донишгоҳҳои олии кишвар бо ҷурми ришваситонӣ боздошт шудаанд. Сӯҳбати мо бо Раҷабалӣ Сангов дар бораи ҷараёни имтиҳоноти қабул дар донишгоҳҳои Тоҷикистонро дар барномаи «Ояндасоз» бишнавед.

Таваҷҷӯҳи ҷавонони тоҷик ба омӯзиши забони чиноӣ меафзояд

Ба хотири доштани кафолати бештар барои дохил шудан ба донишгоҳ аксари довталабон ба гурӯҳҳои шартномавӣ ҳуҷҷат супоридаанд. Зеро ба андешаи бархе аз онҳо, рақобат дар гурӯҳҳои буҷавӣ зиёд буда, шонси ками бидуни восита шомил шудан ба донишгоҳ вуҷуд дорад. Бо назардошти таваҷҷӯҳи зиёди волидону фарзандони онҳо ба гурӯҳҳои шартномавӣ соли ҷорӣ қиммати шартнома низ дар донишгоҳҳо ба маротиб боло рафта, дар бархе аз онҳо то ба 1500 доллар расид.

Гуфта мешавад қиммати шартномаи факултаҳо аз маъруфияти онҳо вобаста аст. Ба унвони мисол, ихтисоси дандонпизишки ҳудуди 1500 доллар, ҳуқуқшинос аз 1000 то 1200 доллар, забони чинойи ҳудуди 1000 доллар, иктисодчӣ то 900 доллар ва ихтисосҳои ғайритехникӣ то 250 доллар барои як сол муайян шудааст.

Зимнан навгоние, ки имсол ба назар мерасад, ин таваҷҷӯҳи зиёди ҷавонон ба омӯзиши забони чиноист. Агар мушоҳида карда бошед, ду се сол пештар факултаи омӯзиши забони англисӣ яке аз факултаҳои гарон маҳсуб ёфта, таваҷҷуҳи ҷавонон ҳам ба он зиёд буд.

Ҳамчунин агар имсол қиммати шартномаи таҳсил барои факултаҳои омӯзиши забони англисӣ ҳудуди 500 долларро ташкил диҳад, барои омӯзиши забони чиноӣ бошад он як баробар гарон аст. Феълан забони чиноӣ дар донишгоҳи забонҳо ва славянии пойтахт омӯзонида мешавад.

Дар донишгоҳи Славянӣ мо бо шумори зиёди довталабони омӯзиши забони чиноӣ вохурдем ва бо онҳо оид ба зарурати омӯзиши ин забон ва омодагии онҳо ба имтиҳоноти қабул сӯҳбат доштем. Андешаҳои онҳоро дар барномаи «Ояндасоз» бишнавед.

Мусоҳибони мо бо ҳаяҷон навбати ба имтиҳон даромадани хешро интизор буданд, аммо ҳаяҷон ва ташвиши волидонашон аз онҳо кам набуд. Дар донишоҳи Славянӣ мо бо чанд модаре, ки интизори анҷоми имтиҳони писаронашон буданд сӯҳбат кардем.

Як ҷавоне, ки дар донишгоҳи Славянӣ таҳсил мекунад ва аз имтиҳон баромадани хоҳарашро интизор буд, мегӯяд, новобаста аз назорати шадиди масъулин имсол низ ҳодисаҳои ришваситонии устодон ҷой дошт ва шумори зиёди ҷавонони камсавод бо воситаи маблағ ва кӯмаки нафарони зиддахл донишҷӯ шуданд. Таваҷҷӯҳ кунед ба андешаҳои ин ҷавон, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард:

«То кадом андоза имтиҳонот шаффоф мегузарад, ман намедонам, аммо то ҷое маълумот дорам, дар ҳар як гурӯҳ то 10 нафар ба воситаи маблағ дохил мешаванд. Ин дар бисёре аз донишгоҳҳо аст ва донишгоҳи Славянӣ истисно нест. Ба гуфти довталабон, қиммати ришва вобаста ба факулта аз 200 то 3000 долларро ташкил медод. Имрӯзҳо ҳама кушиш мекунанд ба факултаҳои иқтисодиёт ва ҳуқушиносӣ дохил шаванд ва аммо ба факултаҳои санъатшиносӣ ва омӯзиши забони олмонӣ кам шомил мешаванд».

Барои шунидани барномаи «Ояндасоз» ишораи аудиоро дар тарафи рости болои саҳифа нохун занед.

XS
SM
MD
LG