Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳуҷуми малах, хушксолӣ ва ... андозҳо


Дар ҳоле ки имсол беш аз 60 ҳазор ҳектор замини киштшудаи Хатлон аз ҳуҷуми малах тахриб шуда ва ҳамзамон бар асари хушксолию беобӣ ҳазорҳо ҳектор замини кишти гандум талаф ёфта, чунин ба назар мерасад, ки бархурди мақомоти Хатлон бо кишоварзон шадидтар мешавад.

Кишоварзони маҳаллӣ ва масъулони хоҷагиҳои деҳқонӣ аз тазйиқу фишорҳои гоҳе расмию аксаран ғайрирасмии бавижа идораи молиёт ё андозсупорӣ шикоят мекунанд. Ба иддаои кишоварзон, идораи мазкур аз онҳо пардохти молиёти ҳангуфт ва ҳаҷман бештар аз соли гузаштаро тақозо мекунанд, дар ҳоле ки кишоварзон танҳо пас аз ҷамъоварӣ ва фурўши ҳосил аз майдонҳои кишташуда дар фасли тирамоҳ маблағе рўйи даст хоҳанд гирифт.

Аммо масъулини идораи молиёти Хатлон мегўянд, ҷамъоварии андозҳои бахши обу кишоварзии вилоят ногузир аст, чун онҳо имсол 70,2 миллион сомонӣ бештар аз соли гузашта бояд молиёт ғундоранд ва маҳз ҳамин соҳа беш аз 25 дар сади буҷаи Хатлонро бояд такмил бикунад.

Соҳиб Раҷабов, муовини сардори раёсати андози Хатлон, мегўяд, қарз аз молиёт дар қаламрави Хатлон ҷамъан 115 миллион сомониро ташкил медиҳад, аммо аз ин ҳисоб беш аз 80 миллион сомонӣ фақат ба риштаи обу кишоварзии минтақа марбут аст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба иддаои коршиносон, қарзҳои афзоянда гувоҳи сиёсати начандон қавии аграрии ҳукумати кишвар ва номуассирии тадбиқи барномаҳо ва хароҷотҳо дар ин соҳа аст. Қаландар Садурдинзода, иқтисоддон ва узви раёсати ҲНИТ:

«Дар гузашта кишоварзони вилояти Хатлон метавон гуфт, бахши аъзами кишварро бо маводди ниёзи авалия таъмин мекарданд, аммо ҳоло кишоварзӣ ба як пешаи зиёновар барои деҳқонон табдил шудааст. То соли гузашта деҳқон мушаххасан намедонист, ки барои ки кор мекунад, ҳосили ғундоштааш ба куҷо меравад. Аммо имсол маблағгузории хоҷагиҳои деҳқонӣ аз тариқи бонкҳо сурат гирифта истодааст. Шояд ин хуб аст, аммо тамоми идораҳои нозири кори соҳибкорону кишоварзон, сар карда аз идораи андоз то фонди иҷтимоиву ғайра қабл аз додани маоши кишоварзон, аввал андозҳоро муқаррар ва пардохташро талаб мекунанд, ки бар зарари кори кишоварзон аст».

Қарзи афзояндаи бахши кишоварзии Хатлон аз молиёт дар ҳолест, ки тибқи иттилоъи расмӣ, танҳо хоҷагиҳои пахтакори кишвар 400 миллион ва тамоми хоҷагиҳои деҳқонӣ беш аз ним миллиард доллари амрикоӣ дар назди сармоягузорони худ қарздор ҳастанд. Дар зарфи даҳсолаи ахир аз ҳисоби пахта дар Тоҷикистон тамоми мансабдорони баландпоя, руасои хоҷагиҳо, ширкатҳои фючерсӣ сарватманд шуданд, ҷуз худи кишоварзи нодори тоҷик. Дар ҳоле ки гуфта мешавад, дар даҳ соли ахир аз фурўши пахта беш аз як миллиарду 200 миллион доллар фоида ба даст омадааст, қарзи беш аз ниммиллиардаи кишоварзони Тоҷикистон аз куҷо пайдо шудааст, суоли дигарест, ки дар маҳофили таҳлилгарон мавриди баҳсу баррасиҳо қарор гирифтааст.

XS
SM
MD
LG