Тибқи иттилоъи дафтари матбуотии вазорати берунаи Тоҷикистон, даъвати расмии ҳукумати Тоҷикистон аз аз сӯи нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов унвонии Владимир Путин, нахуствазири Русия, ирсол шудааст.
Гуфта мешавад, дар ин нома дар мавриди наҳваи ширкати Русия дар сохтмони Роғун ҷузъиёте оварда нашудааст. Ҳамзамон ба назари бархе аз коршиносон, дар сурати қабул шудани ин даъвати расмӣ интизор меравад, ки ҷониби Русияро дар консорсиюми сохтмони Роғун ширкати «РАО ЕЭС» намояндагӣ кунад.
Ширкати Русия дар бунёди нерӯгоҳи Роғун дар тирамоҳи соли 2004 дар ҷарараёни сафари президенти вақти ин кишвар Владимир Путин ба Тоҷикистон бо имзои як созишнома ба таври расмӣ эълом шуда буд.
Аммо баъдтар ҷонибҳо дар сари наҳваи сохтмони ин нерӯгоҳ ба тавофуқ нарасиданд ва давлати Тоҷикистон ба таври якҷониба ин қарордодро лағв ва ба манзури бунёди нерӯгоҳи мазкур аз ташкили як консорсиюми байнулмилалӣ эълом кард.