Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нархи гушт дар Тоҷикистон боз қиматтар шуд


Қимати гӯшт дар бозорҳои шаҳри Душанбе таи якчанд рӯзи ахир аз 14 сомонии қаблӣ ба 18 сомонӣ афзоиш ёфтааст.

Ин дар ҳолест, ки як моҳ қабл нархи гӯшти гусфанд 12 сомонӣ буд. Тоҷирон сабаби боло рафтани қимати гӯштро ба авомили гуногун марбут медонанд. Саид Камолов, як тоҷири бозори «Шоҳмансур»-и пойтахти Тоҷикистон, мегӯяд, талаф ёфтани чорво дар зимистони гузашта, ба кам шудани саршумори чорво боис шуда, ахиран ба афзоиши қимати гӯшт дар бозор мусоидат кардааст. Ӯ мегуяд, дар сармои шадиди имсола насли имсолаи чорво талаф ёфтааст.

Аммо Шералӣ Табаров, тоҷири бозори «Баракат»-и шаҳри Душанбе, мегуяд, ба афзоиши қимати гӯшт боло рафтани нархи хӯроки чорво ва ахиран беборон омадани баҳори имсола боис шудааст. Ба қавли ӯ, дар зимистони гузашта корхонаҳои пахтатозакунии кишвар, ки хуроки аслии чорво - кунҷораро тавлид мекарданд, бо сабаби адами барқ кор накарда кунҷора тавлид накардаанд ва ахиран бебориш омадани баҳор ба камбуди алаф сабаб шуда, хароҷоти нигоҳдории чорворо ба маротиб афзун кардааст.

Аммо сокинони пойтахти Тоҷикистон ба гарон шудани қиммати маводи ғизоӣ шаҳрдориро айбдор карда, мегуянд, масъулин ҷиҳати танзими қимати маводи ғизоӣ иқдоми ҷиддие намекунанд. Раҷаб Саидов, як сокини Душанбе, мегуяд, ҳукумати пойтахт баъзан фурӯшгоҳҳои маҳсулоти кишоварзиро ҷиҳати поин бурдани қимати гӯшт ташкил диҳад ҳам, вале ин амал ба коҳиши нарх мусоидат намекунад. Ба андешаи ӯ мақомот барои поин бурдани гушт бояд аз тадбирҳои дигар амсоли тавлидот ва воридоти бештари анвои хурданӣ кор бигиранд.

Ба қавли Раҷаб Саидов як гове, ки сад кило гӯшт дорад, 1000 сомонӣ нарх дорад ва аз ин ҳисоб қимати аслии як килои гӯшт 10 сомонӣ будааст. Вай афзуд, тоҷирон ба хотири фоидаи бештар дидан бо ҳар баҳона қимати гӯштро баланд мекунанд, ки бештари сокинони кишвар имкони харидории онро аз даст медиҳанд. Худи ӯ намедонад бори охир кай гӯшт хурдааст, зеро маоши ӯ 40 сомонӣ буда, барои харидани гӯшт кифоят намекардааст.

Афзоиши қимати гӯшт ва анвои дигари хурданӣ дар ҳолест, ки ҳукумати Тоҷикистон маоши шаҳрвандонашро муддатҳост наафзудаст. Қимати гӯшт дар як соли ахир як баробар афзудааст. Агар соли гузашта, як кило гӯшт 8 сомонӣ будааст, феълан он ба 18 сомонӣ расидаааст.

XS
SM
MD
LG