Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тасвиби созишномаи низомии Русия ва Тоҷикистон


Думаи давлатии Русия аҳдномаи Русия ва Тоҷикистонро дар бораи истифодаи мушатараки артиш алайҳи хатари беруна ба тасвиб расонд.

Дар робита ба ин тавофуқнома раҳбари Ситоди неруҳои мусаллаҳи Русия Николай Макаров дар назди вакилони Думаи давлатии Русия баромад карда, тасвиби онро зарур номид.

Вале мундариҷаи ин тавофуқнома аз сӯи вакилони порлумони Русия мавриди баррасӣ қарор нагирифт, зеро, гуфта мешавад, ин санад махфӣ мебошад.

Мақсади тасвиби тавофуқномаро вакилони Думаи давлатӣ муборизаи муштарак бо терроризми байнулмилалӣ унвон кардаанд.

Вале ҳамзамон бархе аз коршиносони тоҷик бар ин назаранд, ки ҳадафи аслии Русия аз қабули ин тавофуқномаи низомӣ талоши таҳти нуфузи бештари худ қарор додани Тоҷикистон ва ҳамчунин

ҷилавгирӣ аз имкони инқилобҳои рангаӣ дар ин кишвар ва минтақа мебошад.

XS
SM
MD
LG