Зимнан, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар суханрониҳои худ таъкид мекунад, ки кишоварзони кишварро мебояд ҷиҳати ҷилавгирӣ аз бӯҳрони ғизо заминҳои обиро босамар истифода ва то чаҳор карат такроран кишт бикунанд. Ва аммо аҳзоби сиёсии фаъол дар вилояти Хатлон иддао пеш меоранд, ки ҳукумати Тоҷикистон на ҳама қудрату тавони худро барои таъмини амнияти ғизоӣ дар кишвар ба харҷ медиҳад.
Талаф ёфтани заминҳои лалмии кишти гандум, аз фаъолият бозмондани танҳо корхонаи истеҳсоли орди Қӯрғонтеппа, манъи воридоти орду гандуми Қазоқистон ба Тоҷикистон ва болоравии рӯзафзуни баҳои маводи озуқа вокунишҳо ва эътирозҳои шадиди на танҳо сокинон, балки ҳизбҳои сиёсии вилояти Хатлонро низ ба бор овардааст. Ҳамакнун бо дидани ин манзара, ки афроди дорою дастдароз халта-халта орду гандумро харидорӣ карда, ба худ захира мекунанду бахши аъзами аҳолӣ дар ҳоли гуруснагӣ ба сар мебарад, масъулини иддае аз ҳизбҳо аз заъфи кори ҳукумати кишвар дар роҳи таъмини амнияти ғизоӣ интиқод мекунанд.
Бӯҳрони таҳдидкунандаи ғизо ҳамзамон демократҳои пайрави Муҳаммадрӯзӣ Искандаров дар Хатлонро, ба истилоҳ, «хашмин» карда ва онҳо дар пайравӣ ба ҳамҳизбиёни суғдиашон талаби истеъфои порлумони кишвар ва ислоҳи зудҳангоми вазъ аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистонро дар пеш гузоштаанд.
Дар ҳамин ҳол, масъулини ҳизби ҳокими халқии демократӣ дар вилояти Хатлон бар ин андеша ҳастанд, ки болоравии қимати маводи ниёзи аввалия, аз ҷумла орду гандум ва қоҳиши мизони тавлидоту воридоти он ба кишварро намешавад як бӯҳрони таҳдидкунанда унвон кард.
Тибқи иттилоъи расмӣ, имсол дар вилояти Хатлон дар масоҳати беш аз 125 ҳазор ҳектор замин гандум корида шуда ва пешбинӣ шудааст, ки ҳудуди 600 ҳазор тон гандум истеҳсол гардад, ки ба ҳисоби миёна барои ҳар сари аҳолии минтақа 2 кило рост меояд.
Аммо бахши Ҳизби наҳзати исломӣ дар Хатлон мегӯяд, барои бароварда сохтани эҳтиёҷоти мардум ба маводи озуқа ва коҳиши нарху навои орду гандум дар бозорҳо воридоту тавлидоти онро ҳадди ақал ба якуним миллион тон расонда шавад.
Ва аммо бо ин вуҷуд, ки Бонки Ҷаҳонӣ ва Барномаи ҷаҳонии ғизои Созмони Милали Муттаҳид аз ҷомеъаи байнулмилалӣ даъват кардаанд, талошҳояшонро барои муқобила бо гуруснагиву норасоии ғизо ҳамоҳанг созанд, устондорони Хатлон иқрор мекунанд, ки тарҳи махсусеро дар ин иртибот таҳия накардаанд.