Муҳоҷирони корӣ дар Русия аз вакилонашон чӣ мехоҳанд?
Дар Тоҷикистон раъйдиҳӣ дар интихоботи порлумонӣ ба поён расид. Раиси Комиссияи марказии интихобот соати 8-и шом ба вақти Душанбе эълон кард, ки дари марказҳои раъйдиҳӣ дар саросари кишвар баста шуданд, вале бар хилофи ваъдаи пешин, доир ба ҳузури мардум дар ин корзори сиёсӣ хабар надод.
Бахтиёр Худоёрзода, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, зимни суҳбати мустақим дар Телевизиони давлатии Тоҷикистон гуфт, “интихобот шаффоф ва ошкор гузашт.”
Худоёрзода гуфт, “Комиссия дар асоси ҳуҷҷатҳое, ки 41 ҳавзаи якмандатӣ пешниҳод мекунад., натиҷаҳоро пас аз нисфирӯзии 2-юми март дар толори Маркази тадқиқоти стратегӣ эълон мекунад."
Ба қавли ӯ, то шоми якшанбе дар бораи қонуншикание дар ҷараёни интихобот “ягон арзу шикоят ва муроҷиат ворид нашудааст.” Хабарнигорони Радиои Озодӣ ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ҳангоми инъикос ва мушоҳидаи раъйдиҳӣ қонуншиканиҳо, аз ҷумла раъйдиҳӣ аз номи дигар касро мушоҳида карданд ва ба навор гирифтанд.
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон соати 3 эълон кард, ки дар интихоботи порлумонӣ беш аз 75 дар сади мардум ширкат кардаанд ва интихобот баргузоршуда ба ҳисоб меравад. Ба гуфтаи мақомоти комиссия 3 миллиону 700 ҳазор нафар то соати 3 ба вақти Душанбе дар раъйдиҳӣ ширкат кардаанд.