Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Яке аз қитъаҳои интихоботӣ.
Яке аз қитъаҳои интихоботӣ.

Натиҷаҳои интихоботро рӯзи душанбе эълон мекунанд

Дар Тоҷикистон раъйдиҳӣ дар интихоботи порлумонӣ ба поён расид. Комиссияи марказии интихобот соати 8-и шом ба вақти Душанбе эълон кард, ки дари марказҳои раъйдиҳӣ дар саросари кишвар баста шуданд, вале бар хилофи ваъдаи пешин, доир ба ҳузури мардум дар ин корзори сиёсӣ хабар надод.

  • Дар Тоҷикистон беш аз 4 миллиону 900 ҳазор овоздиҳанда ҳаст;
  • 238 нафар барои 63 курсии Маҷлиси Намояндагон рақобат карданд. 65 нафари онҳо аз рӯйхати ҳизбӣ ва 173 нафар аз ҳавзаҳои якмандатиянд;
  • Аз замони имзои созишномаи сулҳ дар соли 1997 ин интихоботи панҷуми порлумонӣ дар Тоҷикистон аст;
  • Нозирони байналмилалӣ ва созмону кишварҳои ғарбӣ то кунун ҳеч яке аз интихоботҳои Тоҷикистонро шаффофу одилона ва мувофиқ ба меъёрҳои демократӣ надонистаанд.
  • Матолиб ва баҳси бештарро дар бораи интихобот дар инҷо хонед.
11:38 1.3.2020

Қурбоналӣ Қурбонзода, раиси Комисияи интихоботии вилояти Хатлон ба Радиои Озодӣ гуфт, то соати 10 бештар аз 41 дар сади мардум дар интихобот ширкат кардаанд.

11:57 1.3.2020

Суннатулло Ҳамидзод як корбари "Фейсбук" навиштааст, ки аз ӯ хостаанд, 26 баргаи раъйдиҳиро пур кунад. Ӯ гуфтааст, ки дигар ба интихобот намеравад. Аммо ин корбар пас аз муддате сафҳаашро пок кард.

https://m.facebook.com/groups/1850530778525172?view=permalink&id=2603691099875799

12:49 1.3.2020
Ҷараёни интихобот дар Бохтар. Ҳавзаҳо камодам шуданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:30 0:00

Субҳи якшанбе дар нуқтаҳои раъйдиҳӣ дар шаҳри Бохтар, маркази Хатлон, ҳузури зиёди овоздиҳандагон мушоҳида шуд. Мақомот гуфтанд, то нисфирӯзӣ беш аз чиҳил дарсади афроди қобили раъй овоз доданд. Баъд аз нисфирӯзӣ ҳавзаҳо камодам буд. Ҷараёни интихоботро дар маркзаи Хатлон ҳамкори мо Орзуи Карим ба навор гирифтааст.

12:55 1.3.2020

Дар интихоботи порлумонии Тоҷикистон, ки соати 6 бомдод шуруъ шуд, ба гуфтаи Комиссияи марказии интихобот то соати 12 бештар аз 47 дар сади мардум ширкат кардаанд.

Хабару назарҳои бештар дар инҷост

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG