Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Кӯлоб Петролиюм" муваззаф шуд, 13,7 млн $ ҷубронпулӣ пардохт кунад


Додгоҳи байналмиллалии ҳакамӣ мақарраш дар шаҳри Париж ширкати "Кӯлоб Петролиум Лимитед"-ро муваззаф кард, ки барои иҷро накардани ӯҳдадориаш дар назди ширкатҳои нафту гази СNPC-и Чин ва Total-и Фаронса дар ҳаҷми 13,7 миллион доллар ҷубронпулӣ пардохт кунад.

Ширкатҳои азими СNPC-и Чин ва Total-и Фаронса соли 2012 бо «Кӯлоб Петролиум Лимитед» як ширкати офшории Bokhtar Operating Company BVI-ро таъсис дода буданд. Ҷонибҳо ният доштанд тавассути ин ширкат дар чаҳор кони воқеъ дар ҳудуди ноҳияҳои Восеъ ва Балҷувон нафту газ истихроҷ кунанд.

"Тетис Петролиум" дар изҳороташ гуфтааст барои он аз сармоягузорӣ дар тарҳи Бохтар худдорӣ варзидааст, ки пажӯҳишҳо собит карданд, захираҳои нафту газ дар ин майдон аз пешбинии геологҳо чуқуртар ҷойгир аст.

Аммо моҳи сентябри соли 2016 СNPC ва Total ширкати “Кӯлоб Петролиум Лимитед”-ро ба напардохтани 2 миллион доллар саҳмаш барои истихроҷи нафгу газ дар ин конҳо айбдор карда, алайҳи он ба Додгоҳи байналмилалии ҳакамӣ шикоят бурданд. Рӯзи 30-уми декабри соли 2017 “Тетис петролиум”, ки “Кӯлоб Петролиум” ширкати тобеи он (дочерняя компания) мебошад, бо нашри як изҳорот аз бохтани баҳс дар додгоҳи ҳакамӣ хабар дод.

Додгоҳи ҳакамӣ: Кӯлоб Петролиюм" ӯҳдадориашро иҷро накард

Додгоҳи ҳакамӣ эътироф кардааст, ки “Кӯлоб Петролиюм Лимитед” ӯҳдадориашро дар назди коршарикони хориҷӣ иҷро накард. Бинобар ин, додгоҳ ин ширкатро муваззаф кардааст, ки 33 дарсад саҳмияи худро дар ширкати Bokhtar Operating Company BVI ба СNPC ва Total бидиҳад ва бар замми ин 13,7 миллион доллар ҷубронпулӣ пардохт кунад.

“Кӯлоб Петролиум Лимитед” дар ноҳияҳои Восеъ ва Балҷувон чор муҷаввиз барои истихроҷи нафту газ дошт. Инҳо: Узунохор, Пӯшиони Ҷанубӣ, Хоҷасартез ва Патинак (Бештинтоқ - номи дигари кон).

Вале мақомот дар Тоҷикистон мегӯянд, ширкати мазкур ҳанӯз ҳаққи идомаи кор дар конҳоро дар ихтиёр дорад. Аз ҷумла, Садриддин Саидов, раҳбари раёсати истихроҷ, коркард ва таъминоти нафту гази Вазорати энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон рӯзи 2-уми январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Мӯҳлати иҷозатномаҳои ширкати “Кӯлоб петролиум лимитед” барои истихроҷи нафту газ тамом нашудаанд ва ҳанӯз амал мекунанд”. Бо зикри ин матлаб, Саидов нахост дар мавриди ояндаи ин тарҳ бештар аз ин иттилоъ бидиҳад.

Чаро "Тетис" аз сармоягузорӣ худдорӣ кард?

Ширкати «Тетис Петролиум” дар изҳороташ гуфтааст барои он аз сармоягузорӣ дар тарҳи Бохтар худдорӣ варзидааст, ки пажӯҳишҳо собит карданд, захираҳои нафту газ дар ин майдон аз пешбинии геологҳо чуқуртар ҷойгир аст. “Тетис» умедвор будааст, ки газу нафти Балҷувону Восеъ дар умқи 5-7 ҳазор метр ҷойгир аст, аммо пажӯҳишҳои тоза собит кардаанд, ки газу нафти ин минтақа дар жарфнои хеле бештар аз ин пинҳон аст. “Тетис” гуфтааст, бинобар пурхарҷ будани кори истихроҷ дар ин майдон, аз сармоягузории баъдӣ ба ин тарҳ даст мекашад.

Тайи ду соли охир ин дуввумин ширкати байналмиллалиест, ки аз пармакунии чоҳҳо ва истихроҷи нафту гази Тоҷикистон даст мекашад. Моҳи августи соли 2016 мақомоти Идораи геология хабар доданд, ки ширкати русии "Газпром" ҳам аз ду муҷаввизаш дар ноҳияҳои Шаҳринав ва Ҳисор даст мекашад.

Ин ширкат дар Шаҳринав як чоҳе бо чуқурии 6450 метр парма кард, аммо гази табиӣ пайдо нашуд. Мутахассисон мегӯянд, ки корҳои иктишофӣ хеле гаронарзишанд ва дар сурати аз рӯи нақшаву барномаи пешбинишуда ошкор нашудаи захираҳои табиӣ, онҳо наметавонанд корҳои конканиро идома диҳанд ва бар зарари худ кор кунанд.

"Имтиёз ширкатҳои хориҷиро дилгарм мекунад"

Зуҳур Ёров, як геологи собиқадори тоҷик мегӯяд, воқеан нафту гази Тоҷикистон дар ҷуқурии ниҳоят зиёд пинҳон аст ва харҷи зиёдеро металабад. Бинобар ин ба гуфтаи Ёров, барои ҳавасманд кардани ширкатҳои бузурги хориҷӣ Тоҷикистон ба онҳо бояд имтиёзҳои бештаре қоил шавад.

Ӯ гуфт: “Мо газу нафт дорем, дар минтақаи ба истилоҳ “Депрессияи ҷанубии Тоҷикистон”, ки дар ҳудуди вилояти Хатлон аст. Аммо печидагиҳои ба даст овардани литсензия ва андози “бонуси обунавӣ” ширкатҳоро дар сармоягузорӣ ба Тоҷикистон дилсард мекунад. Меъёри бонуси обунавии Тоҷикистон хеле гарон аст, ки ман мисолашро дар кишварҳои хориҷие, ки кор кардам надидам”.

Ёров фазуд, Кумитаи андоз аз ширкатҳои истихроҷкунандаи маъдан ва нафту газ аз қаъри замин бонуси обунавиро ба ҳисоби 300 сол ҳисоб карда меситонад, ки ниҳоят гарон аст. Аз ин рӯ, “дасту дили ширкатҳои хориҷӣ барои сармоягузорӣ ба Тоҷикистон чандон гарм нест».

Ҳисоби 300 сол аз он ҷост, ки ба пиндори мақомоти андоз эҳтимол дорад ширкат аз захираҳои кони дар ихтиёрбудааш то 300 сол баҳра барад.

Tethys дар Тоҷикистон аз соли 2008 фаъолият мекунад. Дар охири моҳи июли соли 2012 ин ширкат эълом дошт, ки бо ҷустуҷӯи геологӣ дар Тоҷикистон миқдори зиёди нафту газ ошкор шудааст. Кони Бохтар метавонад 3,22 триллион метри муккааб газ ва 8,5 миллиард бушка нафт дошта бошад.

Ин ширкат аз ибтидои солҳои 2000-ум дастбакор шуда, фаъолияташ рӯи корҳои иктишофӣ ва истихроҷи нафту газ дар 3 кишвари пасошӯравӣ – Гурҷистон, Қазоқистон ва Тоҷикистон тамаркуз кардааст.

XS
SM
MD
LG