Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тӯҳмат ба унвони муҳоҷирони тоҷик


Russia -- Russian march. Ultra-nationalist activists rally in central Moscow, Riot Police detain demonstrators, 04Nov2008
Russia -- Russian march. Ultra-nationalist activists rally in central Moscow, Riot Police detain demonstrators, 04Nov2008

50 расонаи ахбори оми Русия иттилоъ дод, ки гӯё дар яке аз ноҳияҳои вилояти Ленинград миёни муҳоҷирони тоҷик ва аҳолии бумӣ задухӯрди густарда ба амал омадааст.

Хабари задухӯрди дастаҷамъонаи муҳоҷирони кории тоҷик бо мардумии бумии ноҳияи Приозерскии вилояти Ленингради Русияро идораи марказии пулиси шаҳри Санкт-Петербург тасдиқ накард. Сухангӯи ин идора Олга Иванова ба радиои Озодӣ дар Маскав гуфт, он чи дар ин маврид дар расонаҳои гурӯҳӣ чоп шудааст, асос надорад.

Иванова мегӯяд: "Асли ҳодиса ин аст, ки як марди узбак бо як зан ҷанҷол кардааст. Яъне ду нафар занозанӣ кардаанд. Задухӯрди дастаҷамъона набуд. Идораи пулис хабарро расман рад мекунад."

Рӯзномаи электронии Газета.ру рӯзи чоршанбе хабар дод, ки шаби душанбе ба сешанбе дар шаҳраки Контоловой, ноҳияи Приозерскии вилояти Ленинград, миёни муҳоҷирони кории тоҷик ва мардуми бумӣ даргирии шадид рух дод. Дар задухӯрд ҳудудан 300 нафар бо арматуру занҷиру калтак ширкат карданд, чандин нафар зарар диданд ва чандин тан боздошт шудаанд.

Дар изҳороти расми Идораи марказии Пулиси Сантк-Петербург гуфта шудааст: "Ин хабар пайомади бесалоҳиятии хабарнигорон ва шайтанати мардуми бумист, ки бо матбуот бозӣ кардаанд. Хабари интишоркардаи Газета.ру-ро 44 расонаи гурӯҳии русӣ интишор кард ва пас аз он ҳам, ки пулис ва додситонии Санкт- Петебург хабарро расман рад кардаанд, сомонаи интернетии Лента.ру эълом кард: Тоҷиконро дар Ленинград бо занҷиру арматур кӯфтанд. Сомонаи Утро.ру афзудааст: Муҳоҷирони корӣ дар қаҳвахонаи «Ромашка» куштор роҳандозӣ карданд. Сомонаи Новая политика навишт: "Тоҷикони мусаллаҳ бо занҷиру арматур дар вилояти Ленинград занозанӣ карданд."

Ин дар ҳолест, ки раиси созмони тоҷикони муқими Санкт-Петербург Назари Мирзода мегӯяд: "Дар маҳалли вуқӯъи ҳодиса тоҷикон камшуморанд. Онҳо дар ду бригадаи сохтмонӣ кор мекунанд, ба ҳеҷ ҷанҷоле шарик набудаанд ва касе аз тоҷикон ҳам осебе надидааст."

Лозим ба таъкид дорад, ки хабари задухӯрди мардуми бумӣ дар вилояти Ленинград бо муҳоҷирон ягона гузоришест, ки таъйид нашуд. Бино ба гузоришоти дастрас тайи 7 соли ахир дар Русия 18 задухӯрди калони байниқавмӣ рух додааст, ки даҳҳо кушта ва садҳо захмӣ бар ҷой гузоштаанд. Октябри соли 2001 гурӯҳи 300-нафараи ҷавонони Маскав дар бозори Тсаритсино 4 нафар, аз ҷумла як ҷавони тоҷикро кушта, 80 муҳоҷирро захмӣ карданд. Дар таркише ки миллатгароёни ҷавон моҳи августи соли 2006 дар бозори Черкизи Маскав роҳандозӣ карданд, 13 нафар кушта шудаанд, ки 10 нафари онҳо шаҳрванди Тоҷикистон будаанд.

Ба гуфтаи муҳофизи ҳуқуқ Светлана Ганнушкина, дар расонаҳои гурӯҳӣ ҳам нафароне ҳастанд, ки аз низоъҳои байниқавмӣ суди сиёсӣ меҷӯянд ва бо ба ҳам муқобил гузоштани манофеъи мардуми бумӣ ва муҳоҷир тавтеъа эҷод мекунанд.

XS
SM
MD
LG