Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатли соҳибкори тоҷик дар Екатеринбург


Шӯҳрат Ҳамроҳқулов
Шӯҳрат Ҳамроҳқулов

Шӯҳрат Ҳамроҳқулов, соҳибкори тоҷик рӯзи 17-уми ноябр дар шаҳри Екатеринбург ҳадафи тир қарор гирифт ва кушта шуд. Ӯ ҳангоме, ки бо ду писар ва ҳамсараш аз манзилаш берун мерафт мавриди ҳамлаи афроди ниқобпӯш қарор гирифт. Гуфта мешавад, эҳтимолан ин ҳодиса ба фаъолияти тиҷоратии ӯ робита дорад.

Шӯҳратро ба бемористон интиқол медиҳанд, вале вай дар бемористон аз захми тир ҷон медиҳад.

Боз як тоҷик кушта шуд..

Он гуна, ки дар матбуоти Русия ҳам навиштаанд, дар бораи Шӯҳрат ҳамаи ҳамсояҳояш ва ҳамкоронаш хотироти хубу нек доранд. Вай соли 1972 дар деҳаи Понғози ноҳияи Ашт ба дунё омадааст ва солҳои баъд ба Ангрени Узбакистон кӯч бастааст. Соли 1998 ба Русия рафтааст ва ба соҳибкорӣ машғул шудааст.

Сомонаи интернетии UralWeb.ru навиштааст, Шӯҳрат дар корхонаи савдои сабзавоту меваҷоти рақами 4-и Екатеринбург чанд амборро иҷора гирифта будааст ва дар он ҷо сабзавоту меваҷотро амбор мекардааст, то аз он ҷо ба нуқтаҳои савдои шаҳр тақсим кунад. Сазавоту меваҷотро ҳам аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҳам аз манотиқи Русия ба Ектеринбург меовардааст.

Фаррух Мирзоев, раиси ҷамъияти тоҷикони вилояти Свердлов дар шаҳри Екатеринбур, роҷеъ ба мавқеъ ва манзалати Шӯҳрат дар миёни ҷамъияти тоҷикон гуфт:

Ҷавоб: Шӯҳрат Ҳамроҳқулов аз ҷавонони тоҷике буд, ки дар яке аз пешрафтатарин бизнесҳо, яъне соҳибкори тоҷике буд, ки дар корхонаи сабзавоту меваҷот кор мекард. Дар ин муддати 10-11 соле, ки дар ин ҷо кор мекард, аз боркашонӣ шурӯъ кард ва оҳиста-оҳиста ба ин мартаба расид. Тиҷорати вай аз меваву сабзиҷот иборат буд. Дар яке аз бузургтарин амборҳое, ки дар шаҳри Екатеринбург вуҷуд дорад, дар он ҷо ду амборро иҷора гирифта буд. Дар он ҷо меваву сабзиҷоти тару тозаи ҳам ватани моро, ҳам кишварҳои дигари берун аз марзи Русияро қабул карда ба аҳолии таҳҷоӣ мефурӯхт.

Суол: Мумкин аст бигӯед, ки Шӯҳрат Ҳамроҳқулов чӣ хел кушта шуд?

Ҷавоб: Чӣ хеле, ки ба мо маълум шуд, вақте, ки вай фарзандони худро ба мактаб гусел мекард, аз пушташ ду тир паррондаанд. Вақте, ки ба беморхона расонданд, вай дар беморхона ҷон дод. Мегӯянд, одаме, ки вайро паррондааст, либос ва ниқоби сиёҳ доштааст ва ҳеҷ кас қотилро нашинохтааст. Вазорати корҳои дохилаи ин ҷо ба мо гуфт, кӯшиш мекунанд, ки ин парвандаро то охир таҳқиқ кунанд ва одамонеро, ки дар ин кор даст доранд, бояд то додгоҳ бурда расонанд.

Суол: Оё гуфтан мумкин аст, ки Шӯҳратро дар доираҳои соҳибкории Екатеринбург мешинохтанд?

Ҷавоб: Бале,бо соҳибкороне, ки бо меваву сабзавот кор доштанд, вай ҳамкорӣ мекард. Вале дар доираҳои калони бизнесменҳо баъзеҳо мешинохтанд, баъзеҳо не. Бо корҳои худ машғул буд. Бо сиёсат кор надошт.

Суол: Оё дар бораи қотилон то ҳол маълумоте ба даст омадааст?

Ҷавоб: Дар бораи қотилон ягон маълумот дар дасти мо нест. Шояд дар дасти милисаҳо бошад. Вале ба назари ман ин куштор бо кори вай, яъне бо иқтисод вобаста мебошад. Мумкин аст, яке аз сабабҳояш рақобатҳои шахсии иқтисодӣ бошад. Фикр мекунам, ки дар ояндаи наздик дар ин куштор нӯги калоба боз мешавад.

Катли Шӯҳрат куштори ягона нест

То ҳол рӯшан нест, ки Шӯҳрат Ҳамроҳқулов ба дасти чӣ касоне кушта шудааст, вале ин куштори ягона дар соли ҷорӣ дар қаламрави Русия нест. Хабаргузории СА-News-и Русия навиштааст, дар соли 2010 муҳоҷирони кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамчунон ҳадафи аслии ҳамлаи бегонаситезон қарор доштаанд. Масалан, Дафтари ҳуқуқи башари Маскав мегӯяд, аз моҳи январ то 15-уми ноябри соли ҷорӣ бегонаситезон 39 нафарро ба қатл расондаанд, ки 3 нафари онҳо тоҷикон будаанд. 213 нафари дигар аз ҳамлаҳои бегонаситезон ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд.

Тибқи маълумоти Дафтари ҳуқуқи башари Маскав, соли гузашта шумораи кушташудагон ба 75 нафар расида ва 325 нафар ҷароҳат бардошта буданд. Чунин арқом нишон медиҳад, ки куштор дар заминаи бегонаситезӣ дар Русия нисбат ба солҳои пеш коҳиш ёфтааст ва онро натиҷаи тақвияти мубориза бо ксенафобия ё бегонаситезӣ дар Русия медонанд.

Давлат Назрӣ-сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон ба хабаргузории "Интерфакс"-и Русия аз чунин мубориза бо бегонаситезон ва сартарошидаҳо дар Русия истиқбол кардааст.

Нигаронии созмонҳои ҳуқуқи башар аз бегонаситезӣ

Дафтари ҳуқуқи башари Маскав ва Маркази таҳлиливу иттилоотии мавсум ба "Сова" дар Маскав низ ин равандро дар гузоришҳои худ таъйид кардаанд. Масалан, Галина Кожевникова-сухангӯи Маркази таҳлиливу иттилоотии "Сова" дар Маскав, шумораи шаҳрвандони кушташудаи Осиёи Марказӣ дар Русияро камтар, яъне 33 нафар медонад.

Вай гуфт: "То ба имрӯз дар заминаи одамбадбинӣ дар Русия 33 нафар кушта шудаанд. 284 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Бештари онҳо аз кишварҳои Осиёи Маказӣ мебошанд. 14 нафар кушта, 62 нафар маҷрӯҳ. Ин рақамҳо аз якуми январ то ба имрӯзро дар бар мегирад".

Хонум Кожевникова дар мавриди ҳуввияти ин кушташудагон, ки шаҳрвандони кадом кишварҳо мебошанд, мегӯяд:

"Медонед, ин кор имкон надорад. Мо онҳоро ба гурӯҳҳо тақсим мекунем. Мо гурӯҳи бузурги қурбониёни бегонаситезӣ дорем аз Осиёи Марказӣ, гурӯҳи дигари бузург аз Қафқоз. Танҳо чизе, ки ман гуфта метавонам, ин аст, ки зодагони Осиёи Марказӣ, муҳим нест, ки онҳо шаҳрвандони Русия ҳастанд ё аз ҷои дигар, яъне ононе, ки бештар ба қазоқҳову қирғизҳо ва ё узбакҳову тоҷикҳо шабоҳат доранд, қурбони дасти бедодгарон шудаанд".

Сухангӯи маркази таҳлиливу иттилоотии "Сова", дар бораи куштори Шӯҳрат Ҳамроҳқулов-соҳибкори шинохтаи тоҷик дар Екатеринбург изҳори бохабарӣ кард. Вай мегӯяд, ки маркази онҳо аз ин куштор хабар дорад, вале то ҳол қотилон маълум нашудаанд.

Вай афзуд, ин куштор бо истифода аз аслиҳа анҷом гирифтааст ва он ҳам ҳамла ба як соҳибкор. Бино бар ин наметавон гуфт, ки чунин куштор ангезаи миллӣ ё бегонаситезӣ дошта бошад.
XS
SM
MD
LG