Додгоҳи ноҳияи Спитамен журналист Равшан Қосимовро бо даъвои идораи гази ноҳияи мазкур аз рӯи банди 153–и Асноди ҷиноии Тоҷикистон, яъне расонидани зарари молӣ бо роҳи фиреб ва сӯйистифода аз боварии афрод, ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидааст.
Хуршед Саидов, сардори шуъбаи тафтишотии идораи умури дохилаи ноҳияи Спитамен, ки тафтиши аввалияи ин парвандаро анҷом додааст, ба радиои Озодӣ гуфт, ки Р. Қосимов аз қубури газ ба манзили зисти худ хати иловагӣ кашида, асбоби дуюми газ пайваст кард. Ва бидуни ҳисобкунак аз он истифода мекард. Дар натиҷа, ба гуфтаи Х. Саидов, аз ҷониби Р. Қосимов даъвогар - идораи гази шаҳраки Нов – маркази ноҳияи Спитамен беш аз чаҳор ҳазор сомонӣ зарар дидааст.
Аммо вай илова кард, ки Равшанро ба сифати рӯзноманигори хуб мешиносад ва натиҷаи парвандаи ӯро танҳо додгоҳ ҳал хоҳад кард. Аммо Равшан Қосимов иддаои додгоҳро рад кард ва гуфт, вай дар назди идораи газ танҳо 97 сомонӣ қарздор аст. Инчунин вай аз он хотир аз қубури газ истифода кард, ки он ба аҳли ҷамоати Нов тааллуқ дорад, на ба идораи гази ноҳияи Спитамен.
Ба гуфтаи вай, қубури газро сокинони ҷамоати Нов таҳти сарпарастии Бунёди сармоягузории Тоҷикистону Иёлоти Муттаҳида - «Тасиф» бунёд кардаанд.
Дар ҳамин ҳол як гурӯҳ сокинони ин ҷамоат бо ирсоли як нома, ки зери он наздики 20 нафар имзо гузоштаанд, аз раисҷумҳури Тоҷикистон хоҳиш кардаанд ба қазияи журналист Қосимов расидагӣ кунад. Дар номаи мазкур аз қонуншиканиҳои зиёди кормандони идораи гази ноҳияи Спитамен сухан рафтааст.
Журналисти мустақил Равшан Қосимов мегуяд, бо бахши узбакии радиои «Садои Амрико» ҳамкорӣ дорад. Вай аз 1999 то соли 2002 бо бахши узбакии радиои Озодӣ низ ҳамкорӣ доштааст.
Парванда алайҳи ӯ бо даъвои идораи гази ноҳияи Спитамен 6 моҳ қабл оғоз шуда то ҳол идома дорад. Зимнан ин муддатро сокинони Суғд тақрибан пурра маҳрум аз гази табиӣ дар манзилҳои худ сипарӣ карданд.