Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарҳи омодагии Укроин ва Гурҷистон


Ҷ. Буш бори дигар даъват кард, ки Украина ва Гурҷистон ба барномаи “Membership Action Plans,” ки қадами аввал барои узвият дар НАТО ба шумор меравад, қабул шаванд.

Дар арафаи оғози нишасти солонаи раҳбарони кишварҳои узви паймони НАТО дар шаҳри Бухарест Ҷорҷ Буш таъкид кард, ки сарфи назар аз мухолифати Русия ҳар кишвари аврупоӣ бояд аз ҳаққи вуруд ба паймони НАТО баҳраманд гардад. Ҳамин суханонро Ҷорҷ Буш аснои зиёрат аз Украина ҳам гуфта буд.

Вале Маскав ба кӯшишҳои узвияти Гурҷистону Украина дар паймони НАТО шадидан мухолиф аст. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров мегӯяд, Гурҷистону Украинаро иҷборан дохили НАТО кашиданианд. Лавров ба Гурҷистон ҳушдор дод, ки кӯшиши вуруди ба НАТО-ро ҳамчун мояи фишор болои минтақаҳои ҷудоихоҳи ин кишвар истифода набарад.

Дар мавриди узвияти эҳтимолии Гурҷистону Украина дар НАТО миёни аъзои паймон назарҳо мухталиф мебошанд. Фаронсаву Олмон мегӯянд, ки Гурҷистону Украина ба меъёрҳои узвияти паймон ҷавобгӯй нестанд. Ин ду кишвар баҳсҳои ҳалношудаи Гурҷистон ба минтақаҳои ҷудоихоҳ ва мухолифати аксари сокинони Украина ба узвияти ин кишвар дар НАТО-ро хотирнишон мекунанд.

Масъалаи дигаре, ки президенти ИМА дар Бухарест ёдовар шуд - ирсоли нерӯҳои иловагӣ ба Афғонистон аст. Дар ин бора Ҷорҷ Буш мегӯяд:

"Афғонистон ҳанӯз ҳам бо мушкилиҳои зиёде даст ба гиребонаст. Душманро аз истеҳкомҳояш берун карданд ва ҳоло душманон ягон шаҳри афғонро таҳти тасарруф надоранд. Аммо дар ҳоле ки душманро дар майдони набард шикаст додаанд, ӯ ба ҳамлаҳои террористӣ аз қабили ҳамлаҳои маргталабона ва таркноидани бомбаҳои канори роҳ рӯй овардааст. Ва агар мо фишорро коҳиш диҳем, дар саросари Афғонистон ҷангҷӯён барои худ паноҳгоҳҳои нав бунёд намуда, мардуми Афғонистон ва худи моро терроро мекунанд. Аз ин рӯ, мо ҳамларо идома медиҳем."

Билохира раисҷумҳури ИМА гуфт, ӯ ҳамоно бо татбиқи барномаи бунёди сипари зиддимушакӣ дар Аврупо содиқ аст ва дар мулоқот бо президенти Русия Владимир Путин ихтилофи Кремл ба иҷрои ин тарҳро аз байн хоҳад бурд.

XS
SM
MD
LG