Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳпаймоии қирғизҳо зидди бегонаситезӣ


Ширкаткунандагони роҳпаймоӣ зидди фашизм 8 рӯзи ояндаро мотам эълон карданд
Ширкаткунандагони роҳпаймоӣ зидди фашизм 8 рӯзи ояндаро мотам эълон карданд

Имрӯз, 22 феврал, дар майдони Ғалабаи шаҳри Бишкек, пойтахти Қирғизистон, тазоҳурот зидди фашизм ва нажодпарастӣ дар Русия баргузор шуд.

Иштирокчиёни он, ки аз намояндагони аҳзоби сиёсӣ ва созмонҳои иҷтимоъӣ иборат буданд, аз қурбониёне ёд карданд, ки скинхедҳо ва нажодпарастони рус ба қатл расонидаанд. Пас онҳо барои поси хотири ин қурбониён дар назди оташи фурӯзон гулдастаҳо гузоштанд.

Максим Кулешов, раҳбари иттиҳодияи иҷтимоъии «Сайёра-рушании фарҳангҳо», изҳор кард, ки иштирокчиёни ин аксуламал дар Қирғизистон 8 рӯзи мотам эълон мекунанд, зеро дар ин авохир чанд шаҳрванди Қирғизистон аз дасти скинхедҳо ва нажодпарастону бегонаситезони рус ба қатл расидаанд.

Эътирозгарон ба сӯи майдони марказии шаҳр - Алатоо раҳпаймоиро шурӯъ намуданд. Дар он ҷо бо як лаҳза сукутварзӣ аз ҳамдиёрони худ ёд карданд, ки скинхедҳои рус куштаанд. Пас раҳпаймоии онҳо ба сӯи Кохи сафед идома ёфт. Иштирокчиёни тазоҳуроти зидди фашизм, нажодпарастӣ ва бегонаситезӣ як нусхаи муроҷиатномаи худро ба дастгоҳи раиси ҷумҳури кишвар супурданд.

Максим Кулешов барои хабарнигорон матни ин муроҷиатномаро муаррифӣ кард. Ба гуфтаи Максим Кулешов, онҳо аз қатлу куштори шаҳрвандони Қирғизистон дар қаламрави Русия сахт нигарон ҳастанд.

Вай афзуд, иштирокчиёни тазоҳурот аз мақомоти кишварашон ва Федератсиюни Русия талаб мекунанд, ки дар мавриди боздошт ва ба ҷазо маҳкум намудани қотилони ҳамдиёронашон иродаи сиёсӣ нишон диҳанд ва чораҳои фаврии ҷилавгирӣ аз ин раванди фоҷиаборро пиёда кунанд.

Иштирокчиёни аксуламал раҳпаймоиро аз тариқи кӯчаи марказии шаҳр ба ҷониби сафорати Федератсиюни Русия давом доданд. Онҳо дар назди дарвозаи сафорат таваққуф намуданд ва бори дигар талаби худро дар мавриди поён додани қатли шаҳарвандони соири кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Қирғизистон, аз тарафи миллатгароёни рус дар миён гузоштанд.

Нозгул Турдибекова, узви Шурои машваративу ҳамоҳангсозии созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башари Қирғизистон, гуфт, сафорати Русия дар Қирғизистон бояд изҳороте пахш намояд ва ошкоро гӯяд, ки кормандони идораҳои интизомии кишвараш ҷиҳати аз байн бурдани ин падидаи ногувор, ки ҷони даҳҳо нафар шаҳрвандони мамолики хориҷиро зери хатари ҷиддӣ қарор додааст, иқдоме ба харҷ додаанд ё не?

Вай афзуд, ки бешак ҳамаи ин қатлу куштор дар пояи бадбинии ақвоми дигар ва бегонаситезӣ сурат гирифтааст, ки бояд пеши роҳи он баста шавад.

Тайи ду моҳи ахир нажодпарастони рус даҳҳо нафар ғайрирусро ба қатл расондаанд

Виктор Харченко, сухангӯи сафорати Русия дар Бишкек, ба назди эътирозгарон баромад ва нусхаи муроҷиатнома унвонии Владимир Путин, раиси ҷумҳури кишварашро пазируфт. Ба гуфтаи Виктор Харченко вай ин муроҷиатномаро ба нишонии тайиншуда хоҳад расонд.

Аз сухангӯи сафорати Русия пурсидам, ки оё дар қиболи куштори шаҳрвандони кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, мақомоти интизомии кишвараш ягон аксуламали ҷиддӣ нишон медиҳанд ё не? Вале Виктор Харченко дар посухи ин суолам худдорӣ кард ва бидуни он ки ба саволҳои хабарнигорони дигар низ посух диҳад, дубора вориди бинои сафорат шуд.

Бояд тазаккур дод, ки матни ин муроҷиатномаро намояндагони анқариб даҳ созмонҳои иҷтимоъии Қирғизистон, аз ҷумла Маркази ҳуқуқи башари «Шаҳрвандон алайҳи ришватхорӣ», Эътилоф барои демократия ва ҷомеъаи шаҳрвандӣ, Маркази ҳуқуқи башари «Қилим шами», бунёди иҷтимоъии «Мавқеъи ошкоро» ва амсоли он имзо карда буданд.

Ба гуфтаи коршиносон, ин аввалин аксуламал дар фазои Осиёи Марказӣ алайҳи скинхедҳо ва нажодпарастону бегонаситезони Русия буд, ки дар Қирғизистон раҳандозӣ шуд.

XS
SM
MD
LG