Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидори Медведев бо сарони кишварҳои ИДМ


Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия, дар Санкт-Петербург бо раҳбарони зудранҷи ИДМ Виктор Юшенко ва Михаил Саакашвилӣ гуфтугӯ кард.

Баъд аз расидани Дмитрий Медведев ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ ин нахустин ҳамоиши раҳбарони кишварҳои ҳамсуд дар давраи раёсати ҷумҳуриаш аст. Ҳамоиш дар ҳоле баргузор мешавад, ки раҳбарони Гурҷистону Укроин талош доранд кишварҳояшонро барои узвият дар НАТО омода кунанд.

Дар мулоқот бо Юшенко оқои Медведев изҳор дошт, ки узвияти Укроин дар паймони НАТО бо аҳдномаи соли 1997-и дӯстии миёни ин ду кишвар муғойират дорад. Аз сӯи дигар раҳбарони ҳар ду кишвар хостори густариши ҳамкориҳои дуҷониба шуданд.

Виктор Юшенко дар ин бора гуфт, "барои ман ифтихори бузург аст, ки аз музокироти имрӯз ба баъд мо ҳар масъаларо дар муносиботи Укроину Русия имтиҳон мекунем ва чунин масъалаҳо дар ҳар сурат ҳоло хеле зиёданд".

Дар мулоқот бо Михаил Саакашвилӣ, раиси ҷумҳури Гурҷисто, оқои Медведев фишор овардааст, ки Гурҷистон бо Русия созишномае имзо кунанд, ки ҷониби Гурҷистон ба нерӯҳои ҷонибдори Маскав дар Абхазистон ва Осетиёи Ҷанубӣ ҳамла нахоҳад кард. Ҷониби Русия талошҳои Гурҷистонро барои даромадан ба узвияти НАТО маҳкум кардааст ва гуфтааст, ин иқдом метавонад боиси рӯёрӯиҳо дар Абхазистон ва Осетиёи Ҷанубӣ шавад.

Дидор ва гуфтугӯҳои дуҷонибаи руасои ҷамоҳири кишварҳои ҳамсуд дар Санкт-Петербург ҷанбаи расмӣ надорад ва он дар остонаи мулоқоти умумии раҳбарони кишварҳои ҳамсуд баргузор шуд. Дар бораи мулоқоти Дмитрий Медведев бо Эмомалӣ Раҳмон тафсилот дода нашудааст, вале дар остонаи боздиди оқои Раҳмон аз Санкт-Петербург матбуот хабар дода буд, ки дар ин дидори дуҷониба мумкин аст сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обии Тоҷикистон ва ширкати Русия дар сохтмони онҳо баррасӣ шавад.

Дар ҳамин ҳол, вазорати хориҷаи Тоҷикистон хабар додааст, ки Тоҷикистон ба таври расмӣ аз Русия хостааст, то дар чаҳорчубаи як консорсиюми байнулмиллалӣ дар сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун ширкат кунад. Ин консорсиюм зери назари Бонки Ҷаҳонӣ ташкил хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG