Пайвандҳои дастрасӣ

Сербҳо бинои СММ дар Косоворо ишғол карданд


Дар остонаи вуруди Дабири кулли НАТО ба Косово, садҳо серб бинои додгоҳи Созмони Милалро дар Митровитса тасарруф карданд.

Тибқи хабарҳо, бархе аз эътирозгарон кормандони пешини ин додгоҳ ҳастанд, ки сар аз соли 1999, пас аз он ки НАТО нерӯҳои сербро аз Митровитса берун ронд, бекор мондаанд.

Онҳо ин биноро моли худ мешуморанд. Қисми дигаре аз ишғолгарон, онҳое мебошанд, ки чандин рӯз ба ин сӯ дар баробари ин бино мухолифати худро ба истиқлолияти Косово баён медоранд.

Дастикам мақомоти расмии Косово ҳодисаро ҳамингуна шарҳ медиҳанд.

Бешим Ҳотӣ, сухангӯи полиси Косово мегӯяд, "мӯътаризон бо кумаки кормандони бемористони Митровитса дар камаш шаш мошини ёрии таъҷилӣ аз дарвозаҳои ҳавелии бино ворид шуданд. Воҳидҳои вижаи намояндагии Созмони Милал талош карданд, издиҳомро боздоранд, вале дар сафи пеши эътирозгарон занону духтарон буданд ва дигарон аз ақиби онҳо кормандони полисро бо ашёи тезина ҳадаф мегирифтанд."

Миоград Ралич, яке аз мӯътаризон гуфт, издиҳом то замоне ки талабаш иҷро нагардад, бино ва ҳавелии онро тарк нахоҳад кард: "Мо то замоне дар ин ҷо интизор хоҳем монд, ки ин додгоҳ ба ҷануб фиристода шавад ва додгоҳи серб битавонад ба кори худ идома диҳад."

Моҷарои нав баёнгари афзоиш ташаннуҷ дар робита ба эълони якҷонибаи истиқлолият аз тарафи раҳбарони албанитабори Косовост. Ақаллияти серби Косово, ки наздик ба 120 000 нафар аст, асосан дар шимол марказият ёфтааст ва чанд рӯз пеш дар марзи Косово бо Сербия дар ин минтақа низ талошҳои ноором кардани авзоъ ба мушоҳида расидаанд.

Дабири кулли Паймони Атлантики Шимолӣ Яап де Ҳуп Схеффер қарор аст дар Косово бо раҳбарони он ва фармондеҳони нерӯҳои НАТО дар ин ҷо мулоқот кунад. 16 000 сарбози паймон аз соли 1999 ба ин сӯ назму амният дар Косовро таъмин мекунанд.
XS
SM
MD
LG