Иршод, як ҷавони тоҷик, дар баробари зуҳур намудани кишваре бо номи Косово ва эъломи истиқлолияти ин минтақа аз Сербистон назари мусбат дорад. Ӯ мегӯяд, мардуми Косово бо ба даст овардани ин истиқлоли деринтизор, акнун дар самти пешрафт гом мебардоранд. Иршод акнун ҳар пешравии косовоиҳо на ба манфиъати Сербистон, балки ба обрӯи кишвари Косово ба ҳайси як кишвари мустаъқил меафзояд. Эъломи истиқлоли Косово ба назари ин ҷавони тоҷик, пеш аз ҳама, ба манфиъати насли ҷавони ин кишвар аст, ки, ба қавли вай, онҳо қабл аз ҳама аз ғуломии зеҳниву қавмӣ раҳо ёфта, барои рушду нумӯи миллати худ дар доираи хостаҳояшон имкон пайдо мекунанд.
Иршод мегӯяд: «Пеш аз ҳама ҷавонон, неъмати аввалини истиқлолиятро мечашанд ва бояд, ки аз он рӯҳбаланд бошанд ва тавре аз натиҷаи овоздиҳӣ маълум шуд чунин ҳам ҳаст. Насли ҷавони ин кишвар метавонанд дар оянда дар доираи истиқлолияти худ барои муаррифӣ намудан ва тараққӣ додани кишварашон кушиш кунанд».
Суҳбатҳои мо бо ҷавонҳои тоҷик нишон дод, ки аксари онҳо аз зуҳурёбии як давлати мустақили дигар пуштибонӣ мекунанд. Вале дар ҳамин ҳол, ба ақидаи як ҷавони дигар бо номи Акрам, ҳарчанд озодихоҳони Косово тавонистанд ба ҳадафи худ бирасанд, ва ин ба манфиъати як миллат ҳам ҳаст, ки худро аз зери фишорҳо раҳо кард, аммо, аз ҷониби дигар, ба қавли ӯ таҷрибаи Косово метавонад минтақаҳои дигари ҷудоихоҳи олам, аз ҷумла баскҳои Испониёву туркони Қибриси шимолиро низ барои дастёбӣ ба истиқлолият такон диҳад. Дар натиҷа, мегӯяд Акрам, рӯҳияи ҷудоихоҳиву низоъҳои бештарро интизор бояд шуд,
Ба назари мусоҳиби дигари мо Юсуф, истиқлолияти Косово ба ҳеҷ сурат набояд аз ҷониби Созмони милали муттаҳид расман эътироф гардад:«Як иллати аслии муноқишаҳои аксари давлатҳо маҳз дар ҳамин ҷудоихоҳӣ аст, ки боиси пеш омадани мушкилиҳои зиёд мегардад. Ва, ба фикри ман, набояд давлатҳои ҷаҳон ва ба вижа СММ ин истиқлолро эътироф кунанд».
Мусоҳибамон Абдураҳмон ном ҷавон мегӯяд, агар соҳибистиқлол шудани Косово барои дигар кишварҳои озодихоҳ дарс бошад, пас ин як дарси хубест, чун кишвар ва ё миллате, ки ба ягон камбуди ҷиддӣ мувоҷеҳ набошаду таҳти фишори кишварҳои ғосиб қарор нагирад, ҳеҷ гоҳ аз ҷудоихоҳӣ садо баланд нахоҳад кард: «Масалан, агар ба таърихи Косово назар кунем, ин кишвар саропо дар зери асорат буд ва мардумаш аз кулли арзишҳои хеш барканор буданд. Ба ҳамин хотир, инҳо ба хулосае омаданд, ки билохира ҷудо шаванд ва тавонанд арзишҳои худро ҳифз кунад».