Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

IRS "Майхӯра"-ро ихтисор кард


Ширкати IRS, масъули нигоҳубини шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ тасмим гирифт як плаза ё маркази пулчинии худ дар минтақаи “Майхӯра”-ро аз байн бурда, макони ҳама плазаҳои худ дар ҷодаро иваз кунад. Ин тасмим ҳудуди 50 километр роҳ дар атрофи “Майхӯра”-ро аз дидбонгоҳи, ба истилоҳ "Пулчинак" боз карда, ҳаракати сокинони деҳоти атрофро озод мекунад, вале харҷи истифодаи роҳ дар умум тағйир намеёбад.

"Танбашавӣ аз байн меравад"

Масъулини ширкат мегӯянд, ихтисор шудани плазаи “Майхӯра” дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ масъалаи танбашавии роҳро аз байн мебарад ва ҳам имкони рафтуомади бемушкили сокинони деҳоти атрофи ин шоҳроҳро дар масири то 50 км роҳ фароҳам меорад. Ин масъалае буд, ки чанд соли пеш боиси эътирози сокинони деҳоти ноҳияи Варзоб гардид. Айни замон, аз байн рафтани плаза ё нуқтаи пардохти маблағи сафар дар истгоҳи “Майхӯра” аз ҷониби ширкати IRS нархномаи умумии истифодаи роҳро тағйир намедиҳад ва ронандаҳо харҷи истифодаи роҳро аз рӯи тарруфаҳои амалкунанда дар истгоҳҳои дигар пардохт мекунанд.

Дар масири ин қитъаи роҳ 7 плазаи толлингӣ – марказҳои пулчинӣ насб шуда буд, ки барои истифодаи роҳ аз мошинҳои сабукрав дар маҷмӯъ 58 сомонӣ ва аз боркашон - ҳудуди 690 сомонӣ маблағ тақозо мекунад.

Далери Абдулло, сухангӯи IRS дар шарҳи ин тасмими ширкат рӯзи19-ум июн ба Радиои Озодӣ гуфт: "Тасмими баста шудани плазаи Майхӯра пеш аз ҳама ба хотири аз байн бурдани танбашавии мошинҳо дар ин масир гирифта шудааст. Аммо маблағи ҳаракат дар ин минтақа дар нархномаи плазаҳои пеш аз Майхура ва баъд аз он аз ронандаҳо гирифта мешавад. Барои сокинони худи ноҳияи Варзоб имтиёзҳои 50-дарсадӣ барои ҳаракат дар ин роҳ пешбинӣ шудааст."

Далери Абдулло афзуд, ки феълан ҳамаи 6 плазаи боқимонда ба маҳалҳои васеътаре кӯч дода шудаанд ва дар онҳо васли таҷҳизоти муосир дар ҳоли анҷомёбӣ ва санҷишӣ қарор дорад. Ба ин манзур, ширкати IRS бо ширкати толлингии аврупоии “Tecsidel” ҳамкорӣ карда, фаъолияти худро замонавӣ мекунад.

Дар ҳоле, ки ширкат ба як таҷрибаи байналмилалӣ будани насби плазаҳо таъкид мекунад, корбарони ин роҳ, ронандаҳо ва бахусус сокинони деҳоти атроф аз ҷорӣ шудани муқаррароти пардохти пул изҳори норизоият кардаанд. Як сол баъди шурӯи кори ширкат, соли 2011 ҳудудан 30 сокини деҳоти Ҳушёрӣ ва Хоҷа Обигарм аз ҷариманбадӣ шуданашон бо сабаби адами пардохти харҷи роҳ ва набуди нархномаи собит барои сокинони маҳаллӣ шикоят карданд. Бархе дигар аз он шикоят доштанд, ки ҳаракати онҳо дар фосилаи аз як деҳ то деҳи ҳамсоя дигар бемалол нест ва харҷи пулро талаб мекунад, ки барои аксар сокинони камдаромади маҳаллӣ гарон ва мушкилзо будааст.

"Манфиати сокинони канори роҳ дар назар гирифта шавад"

Як журналист ва сиёсатшиноси муқими Хуҷанд мегӯяд, манфиати сокинони шаҳракҳои воқеъ дар канораҳои роҳҳои пулакӣ дар нуқоти дигари кишвар ҳам бояд ба назар гирифта шавад. Неъматулло Мирсаидов рӯзи 19-уми июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз хабари баста шудани истгоҳи пулчинии ширкати IRS дар Майхура истиқбол кард ва гуфт, ки ин тасмим ба суди сокинони даҳҳо русто дар ноҳияи Варзоб аст. Аммо ба эътиқоди ҷаноби Мирсаидов, дар шимоли кишвар низ манотиқе вуҷуд дорад, ки баста шудани марказҳои пулчинии ширкати IRS ба суди ҷомеа хоҳад буд.

Вай афзуд: "Дар қаламрави ноҳияи Ҷаббор Расулов ва ноҳияи Ғончии вилояти Суғд сохтмони чанд шаҳрак идома дорад ва сокинон дар интиқоли масолеҳи сохтмонӣ бо мушкил рӯбарӯ ҳастанд. Зеро маҷбур мешаванд барои ҳар як убури мошинҳои боркаш маблағи қобили мулоҳизаеро пардохт кунанд. Онҳо ҳатто ба раиси вилоят муроҷиат карда, хоста буданд, ки барои сокинони ин минтақаҳо роҳи алтернатив ва бепул бунёд кунанд. Фикр мекунам бастан ё ба минтақаи дигар кӯч додани марказҳои пулчинии ширкати IRS бозгӯи ниёзҳои ин сокинон хоҳад шуд."

Зоиров: "Чунин ширкат барои кӣ ва чӣ даркор?"

Ширкати IRS бар асоси як созишномаи ҳамкорӣ бо ҳукумати Тоҷикистон, ки соли 2010 имзо шудааст, масъулияти нигоҳубин ва пулчинӣ дар роҳи Душанбе-Чаноқ (бахше аз шоҳроҳи пайвасткунандаи пойтахт бо шимоли кишвар – вилояти Суғд)-ро ба ӯҳда дорад. Дар масири ин қитъаи роҳ 7 плазаи толлингӣ – марказҳои пулчинӣ насб шуда буд, ки барои истифодаи роҳ аз мошинҳои сабукрав дар маҷмӯъ 58 сомонӣ ва аз боркашон - ҳудуди 690 сомонӣ маблағ тақозо мекунад.​

Раҳматулло Зоиров.
Раҳматулло Зоиров.

Раҳматулло Зойиров, раҳбари Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон судовар будани фаъолияти ширкати IRS-ро зери суол бурд. Вай дар як сӯҳбаташ бо Радиои Озодӣ рӯзи 19-уми июн гуфт, ҳеҷ ҳисоботе аз фаъолияти молии ин ширкат нашр намешавад ва ҷомеаи Тоҷикистон аз кору судмандии он огаҳӣ надорад. "Ман ҳатто бо кормандони ин ширкат сӯҳбатҳое доштам ва онҳо низ намедонанд, ки пули ҷамъкарда аз убури мошинҳо дар ин роҳ куҷо меравад. Пас, чунин ширкат барои чӣ ва кӣ даркор аст?".

Шоҳроҳи Душанбе–Бӯстон-Чаноқ 410 километр тӯл дошта, аз Душанбе оғоз мешавад ва дар марзи миёни Тоҷикистон ва Узбакистон дар минтақаи сарҳадии мавсум ба Чаноқ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд, хотима меёбад. Ин роҳ бо 281 миллион доллар қарзи Чин аз сӯи ширкати чинии “Корпоратсияи сохтмони роҳу купрӯкҳои Чин” ва ё «China road» бунёд шудааст. Тоҷикистон ин маблағро бо 2 фоиз баҳраи солона барои 20 сол аз Чин қарз гирифта ва дар ин муддат онро бояд пурра баргардонад. Аммо баҳори соли 2010 убуру мурур аз роҳи Душанбе-Бӯстон-Чаноқ пас аз баррасиҳо дар порлумони кишвар ва қабули як қонун, пулакӣ эълон шуд.

Масъулияти ҷамъоварии роҳпулӣ ба ширкати офшории IRS (Innovative Road Solutions) вогузор шуд, ки соли 2009 дар минтақаи оффшории Вирҷинияи Бритониё сабти ном шудааст. Моликони аслии ин ширкат то ба ҳол барои ҷомеаи Тоҷикистон рӯшан нест. Дар Тоҷикистон танҳо филиали он амал ва шароити кори ширкатро созишномаи 7 сол пеш имзошуда танзим мекунад.

XS
SM
MD
LG