Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқод аз Тоҷикистон дар гузориши HRW


Созмонҳои нозири ҳуқуқ дар Тоҷикистон бо мӯҳтавои гузориши Ҳюман Райтс Вотч мувофиқанд, аммо намояндагони давлат вуҷуди баъзе далелҳои ин гузоришро такзиб мекунанд.

Созмони дидбони ҳуқуқи башар, ё Human Right Watch (HRW) дар гузориши тозанашри худ, таъкид кардааст, ки вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон, бинобар адами дастрасӣ ба адолати додгоҳӣ, вуҷуди мавориди шиканҷаву озори зиндониён, бархурдҳои давлат бо аҳзоби сиёсии кишвар, таъқиби гурӯҳҳои ғайримаъмулии мазҳабӣ ва мусалмонӣ, ҳамоно нигаронкунанда боқӣ мемонад.

Панҷ саҳифаи гузориши HRW доир ба вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ихтисос ёфтааст. Созмонҳои нозири ҳуқуқ дар Тоҷикистон мегӯянд, бо мӯҳтавои ин гузориш мувофиқанд, аммо намояндагони давлат вуҷуди баъзе далелҳои онро такзиб мекунанд.

Эҷоди маҳдудият дар кори созмонҳои ғайриҳукуматӣ, ташдиди назорати давлат аз болои расонаҳои мустақили хабарӣ, вуҷуди мавориди шиканҷа ва бадрафторӣ нисбат ба боздоштшудагон, бастани дарҳо ва тахриби масоҷид, нақзи ҳуқуқи шаҳрвандон ба манзил ва иҷборан кӯч додани онҳо, аз мисолҳое ҳастанд, ки HRW дар бахши марбут ба вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистони гузориши солонаи худ овардааст.

Аз ҷумла дар гузориш омадааст, ки ҳукумати Тоҷикистон дар моҳи июни соли 2007 ба муносибати 10-умин солгарди имзои Созишномаи сулҳ, аз авфи зиндониён хабар дод, аммо то ҳол рӯшан нест, ки чӣ теъдод аз маҳбусин раҳо шуданд. Аммо «афв»-и ахир афродеро, ки дар экстремизм ё ифротгароӣ маҳкум шудаанд, истисно кард, иттиҳомоте, ки дар бештари маворид бо он нафарони мазҳабию сиёсиро равонаи зиндон мекунанд.

Дар гузориши HRW ҳамчунин мавриди афв қарор нагирифтани раиси зиндонии Ҳизби демократи Тоҷикистон Муҳаммадрӯзӣ Искандаров таъкид шудааст. Ҳизби демократи Тоҷикистон ҳукуматро дар мудохила дар умури ин ҳизб дар мавриди таъини раҳбари нави ҳизб муттаҳам мекунад. Дар натиҷаи ба се гурӯҳ тақсим шудани Ҳизби Демократ Вазорати адлия Масъуд Собировро расман раиси ин ҳизб эътироф кард.

Аммо худи Масъуд Собиров, иқрор мекунад, барои мусоадат ба афви лидери пешини Ҳизби демократ Муҳаммадрӯзӣ Искандаров талош накардааст, чунки Искандаров, ба эътиқоди оқои Собиров, на ба далели фаъолиятҳои сиёсияш маҳкум шудааст. Ин дар ҳолест, ки пайравони оқои Искандаров иддао доранд, ки ӯ маҳбуси сиёсист. Аммо Масъуд Собиров, раиси аз сӯйи мақомот эътирофшудаи Ҳизби демократ, мегӯяд, ҳукумати Тоҷикистон дар бештари маворид ҳуқуқи ҳизбҳои сиёсиро нодида мегирад ва дар фаъолияти онҳо низ маҳдудият эҷод мекунад:

«Вақте ки ҳизби сиёсӣ дар Вазорати адлия сабтином мешавад, вай аз тарафи давлат, ҳукумат ва мақомоти расмии давлатӣ эътироф шудааст. Пас, ҳукумат бояд дар барномаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва ҷомеадориаш аз барномаҳо ва пешниҳодҳои ҳизбҳои шинохташуда низ истифода бубарад. Вале дар мавриди Тоҷикистон ин чизҳо нест, мутлақо нест».

Ва аммо Шодӣ Шабдолов, вакили парлумон ва раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, ба далоили омада дар гузориши HRW чандон мувофиқ нест ва ин гузоришро ғайримунсифона ва якҷониба арзёбӣ мекунад:

«Аз рӯйи назари ҳизби мо, иллат дар қонунҳои Тоҷикистон ҳаст, аммо на ба он андоза, ки боиси нигаронии созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқ шуда бошад, иллат дар наҳваи иҷроиши амалии ин қонунҳост. Ин созмонҳо аз мавориди нақзи ҳуқуқ садо баланд мекунад, аммо яктарафа. Вақте нисбат ба ҳизби мо сӯҳбат меравад, ки шоҳиди помолкуниҳои зиёди ҳуқуқи аъзо ва мавонеъи фаъолият шудааст, ин созмонҳо сукут меварзанд, аммо агар аз ҳизбҳои дигари мисли демократу сотсиал-демократ ва ё Ҳизби наҳзати исломӣ шикояте бирасад, онҳо ҳатман пайгирӣ мекунанд. Аз ин лиҳоз мо назари интиқоди ба ин гуна созмонҳое мисли Ҳюман Райтс Вотч дорем».

Шодӣ Шабдолов, вакили парлумон ва раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон афзуд, ҳарчанд қонунгузории ин кишвар бисёр одиву хуб аст, гоҳе мақомоти иҷроия аз ҳадди ваколатҳояшон баромада ва ба қонуншиканиҳо роҳ медиҳанд, ниҳодҳои нозири риояи қонунҳо ва ҳифзи ҳуқуқ ба сурати лозим фаъолият намекунанд. Вале оқои Шабдолов аз тасмими ҳукумат ҷиҳати танзими кори созмонҳои мазҳабӣ ва масоҷид истиқбол кард ва гуфт, ин ҳама муғойир ба қонун нест.

Ин дар ҳолест, ки HRW аз тахриби ҳадди ақалл се масҷид дар Душанбе ва басташавии шумори аз ин беши масҷидҳо, ҳамчунин аз манъи фаъолияти созмони мазҳабии масеҳӣ мавсум ба «Шоҳидони Яҳво» ва дар маҷмӯъ маҳдуд шудани ҳуқуқу озодиҳои динии шаҳрвандон изҳори нигаронӣ кардааст. Ҳуқуқшинос ва узви фаъоли Ҳизби Наҳзати исломии Тоҷикистон Зарафо Раҳмонӣ мегӯяд, дар соли гузаштаи 2007-ум шоҳиди нақзи ҳуқуқу озодиҳои мазҳабии шаҳрвандон аз сӯйи мақомоти кишвар шудааст:

«Бевосита бастани масҷидҳо ба ин баҳона, ки гӯё ҳуҷҷати расмии фаъолият надоранд ва манъи донишҷӯдухтарон аз пӯшиши рӯсарӣ дар макотиби миёнаву донишгоҳҳо шаҳодати он аст, ки дар Тоҷикистони соли 2007-ум як қатор мушкилаҳо вобаста ба эътиқоди динии шаҳрвандон уҷуд дошт. Ин ҳама дар ҳоле ки Қонуни асосии кишвар манъ намекунад, пӯшиши ҳиҷобро ва ҳуқуқ ба таҳсилро ба ҳеҷ ваҷҳ маҳдуд ҳам намекунад».

Зарафо Раҳмонӣ, узви Ҳизби Наҳзати ислом ва сардабири маҷаллаи «Найсон» ҳамчунин гуфт, бо гузориши HRW роҷеъ ба нақзи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон ба манзил ва иҷборан кӯчонидани онҳо мувофиқ аст. Дар ин гузориш омадааст, ҳукумат бо иҷборан кӯч додани сокинони кӯчаҳои марказии Душанбе ба маҳаллаҳои канории шаҳр, бидуни пардохти ҷубронпулии муносиб, ҳуқуқи онҳоро поймол кардааст. Ҳукумат мегӯяд, ин амр бар асоси нақшаи бозсохти куллии пойтахт сурат мегирад. Дар ниҳоят дар пайи эътирозҳо, замони иҷрои тарҳи бозсохти Душанбе то соли 2009-ум ба таъхир андохта шуд.

Ва аммо аз нигоҳи HRW, ин танҳо ва охирин далели нақзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистони соли 2007-ум набудааст. Дар гузориши ин созмон ҳамчунин омадааст, ки фаъолияти расонаҳои мустақил ҳамоно таҳти контроли шадиди давлати Тоҷикистон қарор дорад ва аксари вақт журналистони мунаққид ба хотири фирор аз таъқиби додгоҳӣ маҷбур мешаванд, мӯҳтаво ва сабаби матолиби нашркардаи худро ба истилоҳ «шарҳ» бидиҳанд. Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон мегӯяд:

«Мо қаблан ҳам вақте ба кодекси ҷиноии ҶТ тағйироту иловаҳои марбут ба расонаҳои хабарӣ ворид карданд ва вақте нисбат ба се хабарнигори Маркази таҳқиқоти журналистӣ парвандаи ҷиноӣ боз карданд, изҳорот дода будем, ки ин иқдомҳо барои паст рафтани обрӯи Тоҷикистон дар арсаи байналмилал ба унвони кишваре, ки озодии баён ва расонаҳои хабариро маҳдуд мекунад, замина мегузорад. Ва ин далелҳоро созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқ ба унвони исботи мавқеъи худ истифода мекунанд. Ҳамин тавр ҳам шуд, албатта ман шахсан ба хулосаҳои HRW мувофиқ ҳастам».

Дар гузориши нав ҳамчунин аз вуҷуди шиканҷаву озори муттаҳамин, боздоштҳои ғайриқонунӣ ва худсарона, муғойир ба меъёрҳои адолат ҷараён гирифтани муҳокимаҳои додгоҳӣ таъкид мешавад. Созмони мазкурро мавриди таъқиб қарор гирифтани вакилони мудофеъи муттаҳамин, адами банди марбут ба «шиканҷаву озор» дар қонунгузорӣ ва аз истинтоқ ва озори ҷисмонӣ кор гирифтани мақомоти интизомӣ ҳангоми боздошту пурсуҷӯи муттаҳамин нигарон кардааст.

Дар гузориши HRW таъкид шудааст, ки давлати Тоҷикистон дар баробари тақозоҳои созмонҳои байналмилалӣ, минҷумла Созмони Милали Муттаҳид, барои ислоҳи вазъи вобаста ба ҳуқуқи инсон, чораҷӯӣ накардааст ва ин ҳама боиси афзоиши нигарониҳо шудааст.

XS
SM
MD
LG