Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар гузориши солонаи Амрико


Баррасии ҳуқуқи занон дар нишасте дар шаҳри Душанбе.
Баррасии ҳуқуқи занон дар нишасте дар шаҳри Душанбе.

Коршиноси тоҷик бар ин назар аст, ки нашри ин гузориш асар надорад, вале ҳуқуқдони тоҷик мегӯяд, таъсири он ба Тоҷикистон возеҳ аст.

Аввалин гузориши Вазорати умури хориҷии Амрико дар бораи вазъи ҳуқуқи инсон дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон дар соли 1993 нашр шудааст. Аммо пеш аз он низ талошҳои Иёлоти Муттаҳида ба омӯзиши ин масъала ва даъвати ҳукуматҳо ба мурооти ҳуқуқи башар дар миён будааст, ҳарчанд на дар шакли як пажӯҳиши муфассал, балки ба шакли баёнияву изҳороти алоҳида ё суханрониҳои раҳбарони Амрико.

Кумисюни ҳуқуқи инсон дар ҳукумати Амрико ҳанӯз баъд аз қабул шудани Эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар дар Маҷмаъи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар соли 1948 таъсис ёфта, барои президентҳои Амрико солона иттилоъ медод. Суханрониҳои машҳури Роналд Рейган, ки ҳимояи ҳуқуқи инсонро махсусан дар Иттиҳоди шӯравӣ яке аз вазифаҳои худ эълон карда буд, бар пояи ҳамин гузоришҳо садо додааст.

Вале ҳамасола мунташир шудани гузоришҳои фарогир ва муназзам на танҳо имкон медиҳад, мурооти ин ё он ҳаққи шахс дар кишвари муайян дар ҳоли таҳаввул падидор гардад, балки ба вазъи воқеъӣ таъсир расонда шавад.

Президенти феълии Иёлоти Муттаҳида Ҷорҷ Даблю Буш моҳи январи соли 2005 дар расми савганди худ чунин гуфта буд: "Бақои озодӣ дар ватани мо ҳарчи бештар ба рушди озодӣ дар кишварҳои дигар бастагӣ дорад. Беҳтарин умед ба сулҳ ин густариши озодӣ дар тамоми ҷаҳон аст."

Ҳамин густариши озодӣ ба хотири сулҳ ҳадафи аслии талошҳои Амрико ба ҳимоят аз ҳуқуқи инсон дар ҷаҳон аст.

Инак, ахиран гузориши нави Вазорати умури хориҷии Амрико дар бораи вазъи ҳуқуқи инсон дар ҷаҳон ба нашр расид ва имрӯз Тоҷикистонрову таъсири онро ба Тоҷикистон баррасӣ хоҳем кард, Аз нигоҳи Вазорати умури хориҷии Амрико эҳтиром ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар як соли гузашта тағйири ҷиддӣ надид. Кишвар дар зери ҳокимияти худкомаи президент Эмомалӣ Раҳмон ва доираи тарафдорони содиқи ӯ боқӣ монда, чандандешии сиёсӣ ҳамоно маҳдуд ва амалияи демократӣ зоҳирбозона мебошанд.

Дар гузориш гуфта мешавад, бо як интихоботи бидуни рақобат дар моҳи ноябри соли 2006 Раҳмон барои даври савуми ҳафтсола раисиҷумҳур шуд ва порлумони Тоҷикистон дар тасарруфи ҳизби тарафдорони ӯст.

Ин хулосаро, ки дар як соли гузашта фазои муроот аз ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бетағйир модааст, коршиноси тоҷик дар Душанбе Абдуғаффори Камол низ тасдиқ мекунад: "Албатта, агар вазъи ҳуқуқи инсонро дар Тоҷикистон нисбат ба як сол пеш муқоиса кунем, шояд чандон тағйире набинем, вале агар дар муддати чанд сол, пас аз барқарории сулҳу субот дар кишвар муқоиса кунем, бале, пешрафтҳое ба чашм мехӯрад ва дар шароити имрӯза, дар як кишвари шарқии ҷаҳонисавумӣ ва дар як кишваре, ки собиқаи чандон тӯлонии ҷомеъаи маданӣ ва демократиро надоштааст ва боз дар як кишваре, ки аз гирдоби ҷанги дохилӣ берун омадааст, дар ҳамин сатҳ шуда метавонад, агарчӣ сатҳи матлуб нест."

Пасрафтҳои нисбиро Вазорати умури хориҷии Амрико дар умури додгоҳ ва рафтор бо маҳбусон дида, мегӯяд, ҳодисаҳои шиканҷа дар боздоштгоҳҳо, ҳабсҳои худсарона, муҳокимаҳои пушида ва ноодилона афзоиш ёфтаанд. Вазъи сангин дар маҳбасҳо сабаби ошӯбу эътироз ва маругумири маҳбусон гашта, ба маълумоти расмӣ, 36 нафар аз сил ва AIDS фавтидаанд. Нобаробарии шадид дар салоҳияти додситонҳо ва вакилони дифоъ омили ҳалкунандаи сарнавишти гумонбарон буда, дастрасии созмонҳои байнулмилал, ғайридавлатӣ ва хешу наздикон ба боздоштшудагон маҳдуд боқӣ мондааст.

Таъин ва барканории доварону додгустарон дар ихтиёри раисиҷумҳур аст. Аксари онҳо дониши заъиф дошта, аз кутуби ҳуқуқшиносӣ таъмин нестанд, зери таъсири сиёсӣ буда, бо сабаби камии музд даст ба ришватхорӣ мезананд.

Нақши ин ниҳодҳо дар фишор ба матбуоти мустақил низ ба мушоҳида расидааст. Аксари журналистони озодандеш мавриди суъоли мақомоти додситонӣ ва се корманди нашрияи "Овоза" ҳадафи муҳикима дар додгоҳ қарор ёфтаанд. Сабтиноми такрории расонаҳои ҳамагонӣ ва созмонҳои ғайридавлатиро низ ҳукумат бо мақсади фишор ба онҳо истифода кардааст. Чунончи, ҳангоми номанависи дубора ба сардабирони чанде аз нашрияҳо ҳушдор ва роҳнамоӣ дода шудааст.

Аз суи дигар ҳукумат аз сабти номи ҳизбҳои нави сиёсӣ ва созмонҳои нави ғайридавлатӣ худдорӣ мекунад, зеро онҳоро аз пеш мухолифи худ медонад. Кумитаи иҷозаи радио ва телевизиони давлатӣ аз пайдоиши шабакаҳои нави радио ва телевизионҳои мустақил пешгирӣ мекунад.

Дар бархӯрд ба гурӯҳҳои мазҳабӣ низ ҳукумат зидди пӯшидани ҳиҷоб, фаъолияти баъзе созмонҳои динӣ, монанди Шоҳидони Яҳво, мавҷудияти масҷидҳои худҷӯш аз ниҳодҳои адлия истифода кард. Дар ҳоле ки қонун ташкили гирдиҳамоӣ, ҷамъияту гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва итиҳодияҳои касбиро иҷозат медиҳад, бо истифода аз қонун чунин ҳуқуқи мардум иҷронашуда боқӣ мемонанд.

Ҳамсӯҳбати мо, коршиноси тоҷик дар Душанбе, Абдуғаффори Камол мегӯяд, рушди ҳуқуқи инсон дар кишвар ба талошҳои шаҳрвандӣ низ бастагӣ дорад: "Ман фикр мекунам, ҳама чиз нисбист ва мо бояд ёд бигирем ва тавре мегӯянд, "ҳуқуқ доданӣ нест, ситонданист", бояд ҷомеа, ҳар фард, созмонҳои манадӣ ва бахусус ҳизбҳои сиёсӣ ёд бигиранд, ки ҳаққи худро бишиносанд ва ба ҳеч кас ҳаққи поймол кардани онҳоро надиҳанд."

Зимнан, тибқи гузориши мавриди назар, дар соли гузашта чанд тазоҳуроти ногаҳонӣ дар Душанбе ва мантиқи дигар ба амал омад. Қонуни нави танзими расму оинҳо назоратро ба нишасту бархости мардум маҳкамтар кардааст. Вале гоҳе худи мақомот қонунҳои худро эҳтиром намекунанд. Бархилофи фармони манъи истифодаи донишомӯзон дар пахтачинӣ, ки моҳи августи раисиҷумҳур ба имзо расонд, ҳазорон нафар донишҷӯ ба майдонҳои пахта бароварда шуд, ки эътирозҳое ба дунбол дошт. Дар ин ришта ва соҳаҳои дигар аз меҳнати кӯдакону наврасон низ зиёд истифода мешавад ва 30 дарсади кӯдакон дур аз мактаб мондаанд.

Муаллифони гузориши Вазорати умури хориҷии Амрико ҳамингуна ба риштаҳои дигари ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, аз ҷумла ҳуқуқи занону ақаллиятҳои миллӣ низ иттилоъ додаанд.

Аз ҳуқуқшиноси тоҷик Абдуқаюм Юсуфӣ мепурсам, вай шоҳиди интишори чандин гузориши ҳамсон дар солҳои охир аст, аммо фикр мекунад, ки ин гузоришҳо таъсире ба ҳаёти кишвар доранд: "Албатта дорад. Ислоҳи низоми додгоҳ, таъсиси созмонҳои ҳимоят аз ҳуқуқи инсон, Оҷонсии мубориза бо фасод ва ҷиноятҳои иқтисодӣ ва қабул шудани қонуни ахири порлумон дар бораи Ваколатдори ҳуқуқи инсон ё Омбедсмен натиҷаи ҳамин сарусадоҳост."

Таҳлилгарони дигар чунин назар надоранд, Онҳо мегӯянд, дар ҳоле ки дар худи Амрико ҳуқуқи инсон поймол мешавад, ишораи он ба кишварҳои дигар камтаъсир ё аслан бетаъсир аст. Абдуғаффори Камол мегӯяд: "Худи Амрико дар Ироқу Афғонистон мавриди интиқод аст, гузориши он чи таъсир хоҳад дошт?"

Аммо Ҷонатан Фарар, иҷрокунандаи вазифаи ноиби вазири умури хориҷии Амрико мегӯяд, "бо нашри ин гузориши худ Вазорати умури хориҷии Амрико танқидҳои дохилӣ ва байнулмилалиро аз вазъи ҳуқуқи инсон дар Амрико низ дар зехни худ дорад. Мо ҳамаи ӯҳдадориҳои худро дар робита ба ҳуқуқи инсон ҷиддӣ мегирем. Ҳукумати Амрико дар ҷавоб ба нигарониҳо аз амалкардҳои худ, аз ҷумла корҳои марбут ба ҳифзи кишвари хеш аз таҳдидҳои ҷаҳонии терроризм, тамоми талошҳои некро идома хоҳад дод."
XS
SM
MD
LG