Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешгӯиҳои ғайрихушбинонаи Бонки Ҷаҳонӣ


Дар гузориши Бонки Ҷаҳонӣ роҷеъ ба рушди сартосарии молӣ пешгуӣ шудааст, ки соли 2008 тавлидоти нохолиси миллӣ нисбат ба соли 2007 поин хоҳад рафт.

Масалан, ин шохис соли гузашта дар кишварҳои пешрафтаи санъатии ҷаҳон 3,7 дарсадро ташкил додааст ва пешгӯӣ мешавад, ки соли 2008 он як дарсад камтар мешавад. Дар кишварҳои дар ҳоли рушд тавлидоти нохолиси миллӣ аз 7,8 дарсад то ба 6,5 дарсад мерасад, ё бештар аз як дарсад коҳиш меёбад.

Чунин арзёбӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ низ таъаллуқ дорад. Сармоягузорӣ дар кишварҳои рушдёбанда солҳои ахир афзоиш ёфтааст. Бонкҳои мухталиф низ бахшҳои худро дар ин кишварҳо боз карданд. Агар дар охири соли 2002 гардиши сармоя дар ин кишварҳо як триллиону як миллиард долларро ташкил медод, дар моҳи июни соли 2007 ин рақам ба се триллиону як миллиард доллар расид. Бонки Ҷаҳонӣ дар гузориши худ мегуяд, чунин ҳолат ба шаҳрвандони ин кишварҳо имкон медиҳад, ки онҳо барои гирифтани қарз аз бонкҳо дастрасии бештар пайдо кунанд.

Бо вуҷуди ин, дар гузориши Бонки Ҷаҳонӣ гуфта мешавад, кишварҳое, ки ба қарзҳои хориҷӣ ниёз доранд ва пойбанди чунин қарзҳо мемонанд ё сармоягузорӣ бештар аз ҳисоби қарзҳои хориҷӣ анҷом мегирад, онҳо зери фишори инфляция ё таваррум қарор мегиранд.

Дар бисёре аз кишварҳои Шӯравии пешин, яъне ба ҷуз аз кишварҳои содиркунанадаи нафту гоз, соли гузашта касри буҷа нисбат ба тавлидоти нохолиси миллӣ даҳ дарсадро ташкил додааст. Ба ин кишварҳо Гурҷистону Қирғизистон ва Молдова шомил шудаанд. Сабаби он афзоиши эҳтиёҷ ба колоҳо ё маводи воридотӣ, аз ҷумла ба маводи хурокист. Ин дар ҳолест, ки бӯҳрони сартосарии ғизо дар ҷаҳон идома дорад.

Кубат Сиддиқов, корманди дафтари минтақаии Бонки Ҷаҳонӣ дар Алмаато, ки ҳоло дар Душанбе қарор дорад, дар гуфтугӯе бо Радиои Озодӣ изҳор дошт, ки бӯҳрони сартосарии ғизо ва раванди болоравии нархҳо дар ҷаҳон ба нархи мавод дар Тоҷикистон низ асар гузоштааст:

"Дар нимаи дуввуми соли 2007 нархи маводи ғизоӣ ба таври чашмгир боло рафт. Дар маҷмӯъ дар соли 2007 афзоиши нархи хурока 27,5 дарсадро ташкил дод. Масалан, нархи нон 49,5 дарсад боло рафт. Албатта, дар ин маврид бояд болоравии нархи гандум дар саросари ҷаҳон низ дар назар гирифта шавад".

Бино ба гуфтаи Кубат Сиддиқов, то соли 2015 дар Тоҷикистон нархи маводи ғизоӣ поин нахоҳад рафт. Сабаб чист? Сиддиқов чунин мегуяд:

"Бисёре аз маводи хурокӣ аз хориҷ ворид мешавад, аз ҷумла орд. Бино ба ақидаи коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ, то соли 2015 набояд поинравии нархҳоро интизор шуд".

Вале суботи вазъи молӣ дар кишварҳои санъатии ҷаҳон нисбат ба Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ зудтар фаро мерасад. Бино ба гузориши Бонки Ҷаҳонӣ ин раванд соли 2009 оғоз мешавад ва соли 2010 ба поён мерасад.

XS
SM
MD
LG