Fitch – созмони байналмилалии рейтингӣ мегӯяд, ки пас аз сафари ҳайати Сандуқи Байналмилалии Пул (IMF) эҳтимоли ҷудо кардани қарз ба Тоҷикистон бештар шудааст.
- Fitch дар баробари Moody’s Investors Service ва Standard and Poor, яке аз оҷонсиҳои муътабари ҳисобу китоби эътибори моливу қарзии дунё аст.
Иқтисоддонҳо мегӯянд, муфлис эълон кардани бонк ба маънои нобуд шудани маблағи амонатгузорон нест.
Ҳайати Сандуқи Байналмилалии Пул бо роҳбарии Падамҷа Ханделвал аз 11 то 26-уми сентябри имсол дар Тоҷикистон қарор дошт ва пас аз сафар эълон кард, ки омодааст бо мақомдорони тоҷик эҳтимоли шурӯи барномаи нави қарзиро баррасӣ кунад.
Сомонаи Fitch Solutions рӯзи 22-юми октябр навишт, эҳтимол Тоҷикистон ва СБП дар соли 2019 бар сари шурӯи барномаи нави қарзӣ ба созиш расанд. Бино ба пешбинии Fitch, барномаи нави СБП барои рафъ кардани заъфи иқтисоди Тоҷикистон ва таъмини рушди устувор равона хоҳанд шуд.
“Президент Эмомалӣ Раҳмон тавсияҳои СБП-ро дар маҷмуъ риоя мекунад”, - менависанд иқтисоддонҳои Fitch. Ба навиштаи онҳо, “то кунун Тоҷикистон тавсияҳои Сандуқи Байналмилалии Пулро дар робита ба ислоҳот дар бахши молия, қарз ва, инчунин, соҳаи энергетика риоя кард. Аммо тавсияҳои ин созмон дар робита ба ислоҳот дар соҳаи бонкӣ ҳанӯз пурра иҷроношуда боқӣ мемонанд.”
Бино ба гуфтаи ҳамсуҳбатони огоҳи Радиои Озодӣ, Сандуқи Байналмилалии Пул аз Тоҷикистон аз ҷумла хостааст, ду бонки дучори мушкилшудаи “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк”-ро муфлис эълон кунад. Иқтисоддонҳо мегӯянд, муфлис эълон кардани бонк ба маънои нобуд шудани маблағи амонатгузорон нест. Балки дар сурати дуруст ба роҳ мондани муфлисшавӣ, таракаи амволи бонк ва фурӯши он, муштариён зудтар метавонанд амонатҳои худро бозпас бигиранд.
Аммо мақомдорони Тоҷикистон ба ин шарти СБП розӣ нестанд ва мегӯянд, муфлис эълон кардани ин ду бонк метавонад норозигии муштариёни зиёдро ба бор орад.
Тоҷикистон аз соли 2015 инҷониб талош дорад, аз СБП 500 миллион доллар қарзи бо имтиёз ба даст орад. Ин созмон ба навбати худ гуфт, дар сурати иҷрои пурраи тавсияҳояш омодааст ба Тоҷикистон 300 миллион долар маблағ бидиҳад.