Раиси бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ҳанӯз мақомот омода нестанд, ки бонки дучори мушкил “Агроинвестбонк”-ро муфлис эълон кунанд. Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки миллӣ баъди анҷоми суханронӣ дар парлумон, рӯзи 17 октябр дар посух ба саволи Радиои Озодӣ дар бораи он ки бо гузашти се сол аз вазъи бӯҳронии бархе бонкҳо ва талаби сохторҳои байналмилалӣ оид ба муфлис ё банкрот эълон кардани “Агроинвестбонк”, сарнавишти ин муассиса чӣ мешавад, гуфт: “Муфлис эълон кардан ҳоло барвақт аст. Ҳоло мӯҳлат доранд, кор карда истодаанд. Барвақт аст”. Нурмуҳаммадзода, ки рӯзи чоршанбе дар парлумон бо ҳадафи ширкат дар тасвиби таҳрири нави "Қонун дар бораи гарави амволи ғайриманқул" иштирок кард, аз ин бештар сӯҳбат накард.
Қаблан манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, ки мутахассисони Сандуқи байналмилалии пул дар ҷараёни музокироти моҳи сентябрии худ бо мақомоти Тоҷикистон муфлис эълон кардани ду бонки заамони низомсози кишварро тавсия доданд. Ин тасмим як шарти дарёфти қарзи навбатии ин ниҳоди молӣ аз ҷониби Тоҷикистон гуфта мешавад. Ин дар ҳоле буд, ки дар тавсияҳои қаблии СБП гуфта шуд, ки ҳукумат метавонад аз се пешниҳод якеро қабул кунад:
“Агроинвестбонк”-ро муфлис эълон кунад, сармоягузории бонкро аз ҳисоби буҷети давлат ба роҳ монад ваё дар заминаи “Агроинвестбонк” ду бонки дигар ташкил кунад. Зоҳиран сармоягузории давлат ба маблағи 1 миллиарду 70 миллион сомонӣ ба “Агроинвестбонк” натавонист бонкро пурра аз буҳрон наҷот диҳад ва ҳоло масъалаи муфлис эълон кардани он садо медиҳад. Вале мақомоти тоҷик мегӯянд, гирифтани чунин тасмим барои ҳукумат хеле сангин ва мушкил аст, чунки метавонад боиси бурузи норизоиятҳои иҷтимоӣ шавад.