Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барномаи кӯмаки ИА ба кишварҳои собиқ Шӯравӣ


Иттиҳодияи Аврупо ба хотири таҳкими равобит бо ҳамсоягони Шӯравии собиқи худ ва шояд ба хотири гирифтани ҷои Русия ба унвони бозигари аслӣ дар ин ҷумҳуриҳо барномаи 442 милиёндолларии кӯмакҳои худро эълон кардааст.

Ин ҷумҳуриҳо Укроину Гурҷистон, Озарбойҷону Арманистон ва Молдоваву Белорус мебошанд. Пешниҳоди Иттиҳодияи Аврупо барои тавсеъаи ҳамкорӣ бо кишварҳои шарқии Аврупо чаҳор бахшро дар бар мегирад: Демократия ва авлавияти қонун, танзими низоми иқтисодӣ ва қонунҳои марбут ба он, амнияти энержӣ ва тамосҳои миёни одамон, ки ба он озодии визо низ дохил хоҳад шуд. Дар эъломияи Комиссиюни Аврупо гуфта мешавад, ки Аврупо бисёр мехоҳад, дар кишварҳои номбаршуда мудирияту иқтисоди пешрафта ва нуфузи камтари Русияро бубинад.

Хосе Мануэл Бароссо, раиси Комиссиюни Аврупо гуфт, баъд аз таҷовузи Русия ба Гурҷистон, ки моҳи август сабаби ҷанги кутоҳи миёни ин ду кишвар шуд, ин комиссиюн тасмим гирифт, ки зудтар амал кунад. Вале оқои Бароссо таъкид кард, ки пешниҳоди ҳамкорӣ бо ин кишварҳо ба ин маъно нахоҳад буд, ки Аврупо аз нав тақсимбандӣ шавад. Баръакс Иттиҳодияи Аврупо мехоҳад, ки дар анҷоми ислоҳот дар ин кишварҳои Шӯравии пешин кӯмак кунад. Ин кишварҳо низ хостори ислоҳотанд ва ба анҷоми ислоҳот омодаанд. Тибқи барномаи нави ҳамкорӣ, 27 кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо бо ин шаш кишвар тавофуқоти нави ҳамкорӣ таҳия хоҳанд кард, ки он барои анҷоми ислоҳот ва иҷоди бозори озод навъе ҷоиза хоҳад буд.

442,2 миллион доллар, баробар бо 350 миллион евро, дар шаш кишвари Шӯравии пешин барои таҳкими ниҳодҳои давлатӣ, назорат бар марзҳо ва кӯмак ба ширкатҳои хурд истифода мешавад. То ҳол Иттиҳодияи Аврупо ба ҳамсоягони шарқии худ барои кӯмак то соли 2020 як миллиарду 500 миллион доллар ваъда додааст. Хонум Бенита Ферреро Валднер, кумисари равобити хориҷии Аврупо гуфт, замоне фаро расидааст, ки бо ин шаш кишвар сафҳаи нави ҳамкориҳо боз шавад ва барои таҳкими ҳамкориҳо қарордодҳои чандҷониба ба имзо расад. Ба гуфтаи хонум Ферреро Валднер, яке аз ҳадафҳо эҷоди "минтақаи озоди тиҷорат" миёни кишварҳои минтақа ва Иттиҳодияи Аврупост:

Ҳамаи кишварҳое, ки зери пӯшиши барномаи "Ҳамкорӣ дар Шарқ" қарор мегиранд, ё дорои захоири ғании нафт мебошанд ё кишвари тронзити энержӣ ба Аврупо дониста мешаванд. Мулоқоти раҳбарони ин шаш кишвар, яъне Укроину Гурҷистон, Озарбойҷону Арманистон ва Молдоваву Белорус дар нимаи аввали соли 2009 ба нақша гирифта шудааст.

Дар ин мулоқот масъалаи узвияти ин кишварҳо дар Иттиҳодияи Аврупо баррасӣ нахоҳад шуд, он гуна, ки Укроину Гурҷистон хеле мехоҳанд. Чунин кор ҳамоно Русияро ба ғазаб морад, зеро ин кишварҳоро Русия бахше аз манотиқи зери нуфузи худ медонад.

XS
SM
MD
LG