Корвони бузурги мошинҳои ҳарбӣ аз маркази Чин ба сӯи Тибет роҳсипор шуда, ҳамзамон ҳазорон сарбозони ҳукуматӣ ба вилоятҳои ҳамсоя интиқол ёфтанд. Тақвияти неруҳои низомӣ дар ҳоле сурат мегирад, ки Пекин бори аввал оташ кушодани пулис сӯи тазоҳургарон дар вилояти Сичуан дар панҷ рӯзи пешро таъйид кард. Ва аммо гуфта шуд, ки аз ин чора ба хотири дифоъи пулис аз издиҳоми намоишгарон кор гирифта шудааст. Ба иттилоъи ҳукумати фирории Тибет, бар асари саркӯб шудани намоишҳои ҷонибдорони мустақилияти Тибет тақрибан сад нафар кушта шудаанд.
Ненсӣ Пелосӣ, раиси Маҷлиси намояндагони Конгресси Иёлоти Муттаҳида, аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ хост, ки саркӯб шудани намоишҳои эътирозӣ дар Тибетро маҳкум кунанд. Вай гуфт, агар мардуми озодихоҳи олам алайҳи таъқибот дар Тибет садо баланд накунанд, мо ҳама ҳуқуқи маънавии ҳарф задан дар бораи ҳуқуқи башар дар дигар гӯшаи оламро аз даст медиҳем.
Ин суханони хонум Пелосӣ дар шаҳри Дҳарамсалаи Ҳиндустон, дар қароргоҳи ҳукумати фишории Тибет баъд аз дидору гуфтугӯ бо Далай Лама садо доданд. Хонум Ненсӣ нахустин мақоми олирубтаи хориҷист, ки баъди ҳаводиси Тибет бо Далай Лама мулоқот кардааст.
Мулоқоти хонум Пелосӣ бо Далай Лама боиси эътирози Чин шудааст, ки раҳбари рӯҳонии Тибетро дар ташкили намоишҳои эътирозӣ муттаҳам мекунанд ва аммо ин иттиҳом аз сӯи Далай Лама рад шудааст. Дар ҳамин ҳол ҳукумати фирории Тибет дирӯз дастуре нашр кард, ки дар он чӣ гуна идома кардани намоишҳои эътирозӣ рушан шудааст.
Карма Чоефил, раиси Кумитаи ҳамбастаӣ ва раиси порлумони фирории Тибет, гуфт, шиорҳои ин намоишҳо аз сӯи Кумитаи ҳамбастагӣ тасдиқ хоҳад шуд. Вай афзуд, ин амалҳо бидуни хушунат хоҳанд буд ва аз раҳпаймоӣ, гуруснанишинӣ, рушанипарокании сунъӣ ва дигар навъҳои эътироз иборат хоҳанд буд.
Намоишҳои эътирозӣ барои истиқлоли Тибет аввалҳои ҳафтаи гузашта дар солгарди навбатии ошуб дар Тибет шурӯъ шуд ва бузургтарин тазоҳурот дар қариб 20 соли ахир маҳсуб мешавад.