Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Охирини силсиласафари Буш


Ҷорҷ Буш, раиси ҷумҳури Амрико бори нахуст дар ин мақом соли 2001 аз Словениё боздид карда буд.

Он вақт вай бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури вақти Русия, дар Словениё ба музокира нишаст ва баъд аз ин дидор изҳороте кард, ки дар ёдҳо мондааст. Ҷорҷ Буш гуфта буд, «ман ба чашмони вай нигоҳ кардам ва "эҳсосоти қалбаш"-ро пай бурдам».

Ҳоло дуруст баъд аз ҳафт сол Ҷорҷ Буш аз Словениё боздид ва дар қасри Брдои шаҳри Любляна бо раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо мулоқот мекунад. Ин ахирин боздиди Ҷорҷ Буш аз Аврупост. Вай моҳи январ аз мақоми раёсати ҷумҳурӣ канор меравад.

Чархи торих дар гардиш аст. Масъалаҳое, ки ҳоло Иттиҳодияи Аврупо ва Амрико дар баробари худ доранд, нисбат ба соли 2001 бештар аст. Буш дар ҷараёни ин силсилабоздидҳояш аз кишварҳои аврупоӣ хоҳад хост, ки дар баробари Эрон ва барномаҳои ҳастаияш мавзеъгирии ҷиддӣ дошта бошанд. Дар эъломияи муштараки Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо гуфта мешавад, ки агар Эрон ба ғанисозии ураниюм хотима надиҳад, Теҳрон ба хатари идомаи таҳримҳои молӣ ру ба ру хоҳад шуд. Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо саъй хоҳанд кард, бонкҳои Эрон аз низоми байнулмиллалии бонкӣ сӯйистифода накунанд.

Буш дар Любляна чунин гуфт: "Гурӯҳе аз кишварҳо метавонанд ба эрониҳо паёми рушан фиристанд ва он чунин аст: Мо ҳамчунон шуморо дар муҳосира нигоҳ медорем. Мо ҳамчунон дар бораи таҳримҳо фикр мекунем. Мо таҳримҳои нав хоҳем ёфт, агар зарур бошад ва агар шумо дархости ҷаҳони озодро рад кунед ва аз ғанисозии урониюм даст накашед".

Стефан Ҳадлӣ, мушовири Ҷорҷ Буш дар масоили амниятӣ, гуфт, боздиди Буш аз Аврупо фарогири масоили зиёде хоҳад буд: "Ман фикр намекунам, ки шумо дар ин боздид эъломияҳои пурсару садоро бишнавед. Он чӣ шумо хоҳед дид, кор дар чанд самт аст. Нигоҳе ба ҳамоишҳо, ки дар онҳо тасмимоти расмӣ гирифта мешавад".

Боздиди Ҷорҷ Буш аз Словениё шоми сешанбе ба поён мерасад. Боздиди вай рузи чаҳоршанбеи 11-уми июн аз Олмон, 12-ум аз Итолиё, 13-ум аз Вотикон, 14-ум аз Фаронса ва 15-уму 16-уми июн аз Бритониё идома меёбад. Вай ҳамзамон бо раҳбарони кишварҳои номбурда дидор ва гуфтугӯ хоҳад кард. Ин як навъ худоҳофизӣ бо онҳо низ дониста мешавад, зеро поёни давраи раёсати ҷумҳуриаш наздик шудааст.

XS
SM
MD
LG