Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон ба Эрон рафт


Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раисҷумҳури Эрон Маҳмуд Аҳмадинажод ҳини дидор
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раисҷумҳури Эрон Маҳмуд Аҳмадинажод ҳини дидор

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, барои дидори расмӣ бо намояндагони олирутбаи Эрон рӯзи 9 феврал озими ин кишвар шуд.

Ба иттилоъи расонаҳои расмӣ ва ғайрирасмии кишвар, ҳадафии аслии сафари Э. Раҳмон ба Эрон гуфтугу дар бораи ҳамкориҳои ду кишвар ва тавсеъа бахшидани ин ҳамкориҳо дар бахшҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ ва низомӣ эълом шудааст.

Ҳамзамон гуфта мешавад, дар ин боздид масъалаи суръат бахшидани сохтмони неругоҳи барқи обии «Сангтуда-2» мавзуъи калидӣ хоҳад буд. Боздиди Э. Раҳмон аз Эрон дар ҳоле сурат мегирад, ки Тоҷикистон ба буҳрони шадиди энержӣ рӯ ба рӯ гаштааст ва интизор меравад, ки мавзуъи кумаки Эрон ба Тоҷикистон дар ин робита низ мавриди баррасӣ қарор бигирад.

Эмомалӣ Раҳмонро дар ин сафар ҳайати густурдаи намояндагони мақомоти баландпояи Тоҷикистон, аз ҷумла вазири корҳои беруна Ҳамрохон Зарифӣ, вазири энержӣ ва саноат Гул Шералӣ, вазири рушди иқтисод ва тиҷорат Ғуломҷон Бобозода, вазири дифоъ Шералӣ Хайруллоев ва дигарон ҳамроҳӣ доранд.

XS
SM
MD
LG