Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ кумак мехоҳад


Сардиҳову бебарқиҳои имсол садҳо миллион доллар зарар овард
Сардиҳову бебарқиҳои имсол садҳо миллион доллар зарар овард

Тоҷикистон дар робита ба мушкилиҳои сардии шадиди имсол аз ҷомеаи ҷаҳонӣ зимни як муроҷиатнома хостори кумак шудааст.


Дар ин муроҷиатнома, ки имрӯз, 6 феврал, Бонки миллии Тоҷикистон нашр кардааст, гуфта мешавад, зимистони имсол дар 26 соли ахир сардтарин буд ва бар асари ин хунукиҳои шадид ва нарасидани нерӯи барқ ба иқтисоди Тоҷикистон 850 миллион доллар, ё 245 миллион доллар, хисорот ворид шудааст.

Сардиҳои имсол беш аз 700 гектар замини картошкапарвариро аз байн бурдааст ва ба боғзору ангурзорҳои кишвар зарари калон расонидааст, гуфта шудааст дар муроҷиатнома.

Ҳамзамон мушовири президенти Тоҷикистон дар бахши иҷтисодӣ Матлубхон Давлатов иттилоъ додааст, ки аз нарасидани захираи газ ва неруи барқ дар кишвар тайи чанд рӯзи ахир фаъолияти қариб тамоми корхонаҳои саноатӣ ва муассисаҳои хидматрасонӣ қатъ шудааст.

Ба гуфтаи намояндаи дафтари матбуотии Бонки миллии Тоҷикистон, «тайи рӯзҳои наздик ҳукумати Тоҷикистон ба созмонҳои байнулмилалӣ ва хайрия ва кишварҳои кумакрасон руйхати маводи ниёзи аввалия ва тариқи сарфу харҷи онҳоро пешкаш хоҳад намуд».
XS
SM
MD
LG