Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Оғӯш"-и бози Амрико ба рӯи ҷавонони тоҷик


Вазорати маорифи Тоҷикистон ҷавонони тоҷикро барои таҳсил ба омӯзишгоҳи Вирҷиниё мефиристад.

Дар ин бора миёни вазорати маориф ва омӯзишгоҳ ё коллеҷи Вирҷиниё ёддошт ба имзо расидааст. Бар пояи ин ёддошт, шурӯъ аз соли 2012-ум ҷавонони тоҷик имкон пайдо хоҳанд кард, ки бо дарёфти квота барои
Ҳоло дар донишгоҳҳои кишварҳои ғарбӣ ҳудуди ду ҳазор донишҷӯйи тоҷик машғули таҳсиланд...
таҳсил ба ин коллеҷ бираванд.

Ноилшоҳ Нуралиев, сухангӯи Вазорати маориф мегӯяд, озмуни қабул ба коллеҷи Вирҷиниё дар Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд. Ба гуфтаи ӯ, донишҷӯён пас аз хатми коллеҷ метавонанд ба дигар донишгоҳҳои амрикоӣ дохил шуда, таҳсили худро идома диҳанд.

Ноилшо Нуралиев
Вай гуфт: "Ҳаққи яксолаи таҳсил дар ин муассиса ҳудуди 9 ҳазор доллари амрикоӣ аст. Дар он аз рӯи 160 ихтисос, аз технологияи муосир, муҳандисӣ, пизишкӣ таълим дода мешавад. Бартарии дигар он аст, ки донишҷӯён дар давоми ду сол аз худ намунаи хуби донишҷӯӣ нишон диҳанд, ба донишгоҳҳои дигар бо имтиёз роҳ меёбанд."

"ДЕМОКРАТИЯИ ВОҚЕИРО ДИДЕМ"

Мақомоти вазорати маориф мегӯянд, феълан дар коллеҷи Вирҷиниё 30 ҷавони тоҷик машғули таҳсиланд, ки онҳо бидуни дарёфти квота ва низ ҳимояти молии Вазорати маориф ба он ҷо рафтаанд.

Фарҳод Шарифов, ки ду сол қабл бо ҳадафи омӯзиши забони англисӣ ба Амрико сафар карда буд, як сол дар ин кишвар зиста ва дубора ба ватан омадааст. Вай мегӯяд, омӯзиш дар ин кишвари, ба истилоҳ "модари демократия", ҷаҳонбиниашро васеъ карда, ҳамчунин шеваҳои тиҷоратро ба ӯ омӯзонидааст.

Ҳарчанд ҷаноби Шарифов мегӯяд, ки ҳоло машғули тиҷорат аст, аммо ният дорад, барои идомаи таҳсил дар бахши аспирантура дубора ба Амрико биравад: "Пешравиҳои илм ва техника, тарзи зиндагӣ ва демократияи воқеиро дар он ҷо дидем."



"АМРИКО НА БА ҲАМА ДАСТРАС НЕСТ"

Бо ин ҳол, ба Амрико рафтану таҳсил кардан на барои ҳама ҷавони тоҷик осон будааст. Сафарбек Кабиров, ҷавоне, ки барои ба Амрико рафтану таҳсил кардан талош дорад, мегӯяд, шароите, ки ИМА барои як шаҳрванди давлати дигар муқаррар кардааст, сангин мебошад.

Сафарбек мегӯяд, барои мисол шаҳрванде, ки мехоҳад ба Амрико биравад, дар суратҳисоби худ ҳудуди 18 ҳазор доллар дошта бошад ва амволи хонаводаашро нишон ва ҳам шахсияти шинохтае бозгашти ӯ ба ватанро кафолат бидиҳад.

Вай афзуд, "Амрико аз чӣ метарсад? Вақте дар Тоҷикистон вазъи иҷтимоӣ вазнин аст ва ҳазорон шаҳрванд ба муҳоҷират мераванду дар он ҷо сукунат ихтиёр мекунанд. Амрико аз ҳамин тарс дорад, ки эҳтимол онҳое, ки барои омӯзиш мераванд он ҷо бимонанд."

РӮ БА ҒАРБ, ПУШТ БА ШАРҚ?


Дар ҳоле ки Вазорати маорифи Тоҷикистон аз тавсеаи ҳамкорӣ бо Ғарб иттилоъ медиҳад, дар маҳофили сиёсии кишвар ин гаштро ба бозии шоҳмот шабеҳ медонанд, ки ин навбат Тоҷикистон рӯ ба кишварҳои ғарбӣ овардааст.

Аммо Муҳаммади Иброҳим, таҳлилгари масоили сиёсӣ ба ин бовар аст, ки ин гашт маънои рӯ овардан ба Ғарбро надорад. Балки ба гуфтаи ӯ, "бо Амрико, Аврупо ва бо бисёр кишварҳои дунё, ки имкони истифода аз донишу технологияи онҳо вуҷуд дорад, метавонад барои кишвари мо муносиб бошад. Инро ман пушт гардонидан ба олами ислом намедонам."

Ҳоло дар кишварҳои ғарбӣ ҳудуди ду ҳазор донишҷӯйи тоҷик дар риштаҳои мухталиф машғули таҳсил будаанд.
XS
SM
MD
LG