Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳимояти додситонӣ аз додхоҳии муҳоҷирон


Додситони кулли Тоҷикистон аз «Тоҷикавиатура» ҳалли баҳси дастмузди чандмоҳаи муҳоҷиронро талаб кардааст.

Додситони кул бар пояи муроҷиати беш аз 11 шаҳрванд аз ширкатҳои зидахл хостааст, музди кори чандмоҳаи муҳоҷиронро бипардозанд.

Додситони кулли Тоҷикистон, Шерхон Салимзода, мегӯяд, аз рӯзҳои аввале, ки шаҳрвандон бо шикоят аз Маркази байналмилалии «Тоҷикавиатура» ба додситонӣ муроҷиат карданд, тафтиши аризаи онҳо шурӯъ шуда, ҳадаф аз он рӯшан кардани ҳақиқат, ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирон ва рӯёндани ҷуброни заҳмати чандмоҳаи онҳост.

Дар ҳамин ҳол сардори раёсати Додситонии кул дар назорати қонунҳо дар ниҳодҳои дохилӣ, Маризо Халифаев, мегӯяд, ки бояд «Тоҷикавиатура» ва ширкати русӣ, яъне корфармое дар марзи Русия аз нерӯи кори муҳоҷирон истифода кардааст, дастмузди муҳоҷиронро бипардозанд:

«Тоҷикавиатура» ҳамроҳ бо ширкати русӣ барои таъмин намудани ҷойи муайяни кор шартнома доштанд. Сабаб ҳамин будааст, ки дар вақти муайяншуда коргарон ба макони кор нарасидаанд ва онҳо дар иншооти ваъдашуда неву дар иншооти дигар кор карданд. Ҳоло баҳс сари пардохти музди меҳнати онҳост. Ва ин дар салоҳияти ширкати русӣ аст. Ширкати русӣ гуфтааст, ки мо ҳамаи пардохт, ҳаққи иқомат ва хӯроки онҳоро таъмин кардем, аммо шаҳрвандон мегӯянд, ки накардааст. «Тоҷикавиатура» ваъда додааст, ки масъалаи пардохти музди меҳнатро бо ширкати русӣ ҳал мекунад.»

Ҳанӯз моҳи феврали соли ҷорӣ гурӯҳе аз шаҳрвандони Тоҷикистон Маркази байналмилалии «Тоҷикавиатур»-ро ба нақзи қарордод айбдор карданд ба додситони кул, Хадамоти муҳоҷират ва раиси ҷумҳур шикоят бурданд.

Дар шикояти онҳо ба Хадамоти муҳоҷират ва додситонӣ баён шуда буд, ки « ширкати «Тоҷикавиатура» ҳудуди 200 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистонро бо ваъдаи кор ва таъмини шароити муайян ба Русия бурда, ӯҳдадориҳояшро иҷро накардааст.»

Эмомалӣ Зиёев, ҳамроҳ бо даҳҳо нафари дигар дар моҳи декабри соли 2010 аз ҷониби ширкати «Тоҷикавиатура» ба Русия роҳхат гирифт ва ба гуфти вай, ширкат барояш дар Русия кори хуб, шароити хуби зиндагӣ ва даромади хуб ваъда карда буд. Эмомалӣ мегӯяд, вақте ба маҳалли кор ба Русия рафтанд, воқеият комилан дигар буд. Дар шаҳри Иркутск “меҳмонон”-ро дар аскархонае ҷой карданд ва корҳои сангине пешниҳод намудаву музди ночиз ваъда доданд ва ҳамон муздро ҳам надоданд.
XS
SM
MD
LG