Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тахриби Қуштеппа ва додхоҳии аҳли он


Сокинони Қӯштеппа, ки хонаҳояшон аз тахриб ва замини он ба истилоҳ «ба ҳолати аввала» бозгардонида шудааст, дар атрофи манзилҳои тахрибшудаи худ ҷамъ омада ва хостори “афв”-и заминҳои худ аз сӯи раиси ҷумҳур шуданд.

Хонаҳои ин сокинон дар ду моҳи пеш аз сӯи мақомот ба далели ба гуфтаи масъулин ғайри қонунӣ бунёд шудан, тахриб шудаанд. Ин сокинони акнун мегӯянд, ҷое барои рафтан надоранд ва раиси ҷумҳур бояд ба қазияи онҳо расидагӣ кунад ва замини хонаҳои онҳоро "афв" намояд.

МУРОҶИАТҲОИ БЕПОСУХИ ҚУШТЕППАГИҲО

Тӯтихон Саъдуллоева, яке аз сокинони ин маҳал, ки деворҳои атрофи хонаашонро хароб кардаанд ва манзилаш низ бояд тахриб шавад , гуфт: «Моро бе ҷуброну бе ҳеҷ чиз аз ин ҷо мекӯчонанд, дар куҷо рафта зиндагӣ кунем? Як илоҷ мемонад, ки палатка зада дар кӯча зиндагӣ кунем. Мо дар 20-солагии истиқлолият аз президенти хоҳиш дорем, ки ҳамин 7 гектар замини моро бахшад».



Сокинони ин маҳал мегӯянд, ки дар маҷмӯъ то кунун 33 маротиба ба мақомоти мухталиф муроҷиъат кардаанд. Аммо ин масъала ҳамчунон бидуни ҳал боқӣ мондааст. Мақомот мегӯянд, тахриби 83 манзили маскунӣ дар ин маҳал ба делели ғайри қонунӣ бунёд шудани ин манзилҳо сурат гирифтааст.

САЛИМЗОДА: "ТАХРИБИ МАНЗИЛҲО ҚОНУНИСТ"

Шерхон Салимзода, Додситони кулли Тоҷикистон ахиран эълон кард, ки тахриби ин манзилҳо аз сӯи мақомот як амри қонунӣ мебошад. Ва сокинон
Шерхон Салимзода, Додситони кулли Тоҷикистон
ҳаққи бунёди манзил дар замини обиро надоштанд. Ва он ҳам дар ҳоле, ки ин сокинон қаблан огоҳ шуда буданд, ки набояд дар ин заминҳо манзил бунёд шавад.

Оқои Салимзода мегӯяд: «Санҷишҳо нишон дод, ки ин нафарон заминҳоро ғайри қонунӣ забт карда гирифтаанд. Мувофиқи қонунҳои Тоҷикистон дар заминҳои корами обӣ сохтани хона ва иншооти ғайри истеҳсолӣ манъ аст. Аксари нафароне, ки аз ин қитъаи замин гирифтаанд, сокинони Рӯдакӣ нестанд ва ҳаққи аз ин ноҳия гирифтани заминро надоштанд. Моҳи апрели соли 2010-ум вақте санҷиш гузаронида шуд, ба онҳо огоҳинома дода шуд, ки ин заминҳоро ғайри қонунӣ гирифтаед ва сохтмони манзил бояда аз тарафи шумо сурат нагирад».

СОКИНОН: "МО МАРДУМИ БУМӢ ҲАСТЕМ"

Аммо Лутфия, яке аз сокинони акнун собиқи Қуштеппа дар посухи ин иддаъои додситони кулл мегӯянд, аз ҷое наомадааст ва дар ноҳияи Рӯдакӣ таваллуд шуда ва бузург шудааст: «Мо панҷоҳ сол ҳамин ҷо зиндагӣ мекунем. Дар ҳақиқат мо дар ин заминҳо пахта мечидем. Аммо мо сокинони ноҳияи Рӯдакӣ ҳастем ва аз куҷое ба ин ҷо наомадаем».

Бархе дигар аз сокинони ин маҳал, ки ҳанӯз манозилашон тахриб нашудааст, мегӯяд, ки даъвои додситонӣ дар мавриди он, ки гӯё дар як соли охир ин манзилҳоро барпо карда бошанд, асос надорад. Балки онҳо ин хонаҳоро дар соли 2006 бунёд кардаанд. Ва ҳатто манзилҳояшон шомили ҳоли авфи эълоннамудаи президент дар бораи молу амвол шудаанд ва санад низ доранд. Аммо ба ҳар ҳол интизоранд, ки хонаҳояшон тахриб хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG