Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти собиқ муовини марҳум Нурӣ


Шамсиддин Шамсиддинов, собиқ муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон соати 11-и рӯзи 30 январ дар зиндони Нефтяник, воқеъ дар 6-километрии шарқи Душанбе дар синни 55-солагӣ аз дунё даргузашт.

Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, сарвари Маркази таҳлилию иттилооти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, хабари марги Шамсиддинов ба раҳбарияти ҳизб соати 12-и рӯз аз мақомоти зидахли кишвар расидааст. Вай афзуд, ба гуфтаи мақомот марги Шамсиддинов бар асари маризии сурхруда, ки 6 моҳ ба ин сӯ ӯро дар зиндон азият медод, фаро расидааст. Оқои Сайфуллозода афзуд, мақомот танҳо баъди талошҳои зиёди раҳбарияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва наздикони марҳум соати 3-и зӯҳр ҷасади ӯро таслим кардаанд.

Шамсиддин Шамсиддинов соли 1953 дар деҳаи Оббурдони ноҳияи Мастчоҳи Кӯҳӣ ба дунё омада, нимаи дуввуми солҳои 80 асри гузашта дар қатори фаъолони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон буд, ки ғайрирасмӣ таҳти сарварии Сайид Абдуллоҳи Нурӣ фаъолият мекард. Аз соли 1992 то 1997 дар ҳайати нерӯҳои оппозитсиони Тоҷикистон дар дохил ва хориҷи кишвар бо фаъолиятҳои фарҳангӣ машғул буд. Баъди имзои Созишномаи истиқрори сулҳ муддате сарварии созмони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро бар ӯҳда дошт. Соли 2003 муовини раиси ҳизб интихоб шуд.

Моҳи майи соли 2003 аз сӯйи мақомоти амниятии Тоҷикистон боздошт ва аз соли 13 январи соли 2004 ба иттиҳоми созмони гурӯҳҳои ҷиноӣ, убури ғайриқонунии марз ва чандҳамсарӣ аз сӯйи Додгоҳи олии Тоҷикистон ба 16 соли зиндон маҳкум шуд.

Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, сарвари Маркази таҳлилию иттилооти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон гуфт, ҳизбаш бинобар дар ихтиёр надоштани далели кофӣ аз ҳукумати кишвар тақозои бозрасии марги Шамсиддин Шамсиддиновро наҳоҳад кард.

XS
SM
MD
LG