Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бебарқии комил дар рустоҳои Рашт


Бархилофи тарҳи интиқоли бонавбати барқ панҷ рӯзи ахир аксари рустоҳои водии Рашт аз нерӯи барқ комилан маҳрум мондаанд.

Бар тибқи иттилои Зайниддин Сироҷов, намояндаи шабакаҳои барқдиҳии Рашт, ин тасмим ба иллати коҳиши интиқоли барқ ба минтақа руи даст гирифта шудааст. Вай гуфт, феълан, интиқоли барқ танҳо ба марокизи навоҳӣ ва ду ҷамоати аз зилзила зарардидаи Рашт ва он ҳам дар шакли реҷа сурат мегирад.

Ин дар ҳолест, ки сокинони ин ду ҷамоат, ки тибқи дастури раисҷумҳур дар фасли сармо бояд бо неруи барқ таъмин мегардиданд, аз камбуди барқ шикоят мекунанд. Нусратулло, як сокини ҷамоати Нусратулло Махсум ҳоли хонаву хонаводаашро чунин тасвир кард:

«Пас аз зилзила хонаҳо кафидааанд. Гарм карда намешавад онҳоро. Кӯдакҳо ҳама касал шудаанд. Се соатӣ барқ медиҳанд. Додамонро намедонем, ба кӣ гуем».

Ва аммо дар ҳоле, ки ашхоси мутасаддӣ тариқи садову симои кишвар истифодаи барқро аз руи инсоф таъкид медоранд, як сокини дигари Рашт гуфт, дар бештари вақт нозирони барқ бе дидани ҳисобкунаки барқӣ ба хотири иҷрои нақша аз мардум маблағи таъиншударо мегирифтаанд. Бинобар ин, ба гуфтаи ин сокини Рашт, дар чунин ҳолат сарфаи барқ аз ҷониби афроди алоҳида сарфи назар мешавад.

Вале тавре як масъули шабакаҳои фуруши барқ дар Рашт мегӯяд, феълан, муштариён, яъне истифобарандаҳои барқ аз ин муассиса беш аз як миллион сомонӣ қарздоранд.

XS
SM
MD
LG