Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тафсири мухтасари Хатлонӣ" нашр шуд


Дар Тоҷикистон ахиран сеҷилдаи «Тафсири мухтасари Хатлонӣ» нашр шуд. Шореҳ, муфассир ва гирдоварандаи он Муҳаммадиқболи Садриддин аст, ки новобаста ба синну соли ҷавонӣ донандаи хуби каломи Аллоҳ маҳсуб меравад ва миёни аҳли тақвову тариқат дар фиқҳ аз эҳтироми вижа бархурдор аст.

Китоби мазбур бо пешгуфтори Шайх Амонуллоҳи Неъматзода – раиси Маркази исломӣ ва Шӯрои уламои исломи ҶТ ва Эшони Маъруфҷони Элокӣ, яке аз дигар фақеҳи шинохташуда дар кишвар манзури аҳли тақво шудааст.

Ва аммо дар олами ислом тафсирҳои беш аз пиндор будаанд ва тафриқаи тафсири мазбур дар чист? Олимони фиқҳ гуфтаанд, ки сароғоз ин барои нахустин бор аст, ки як тоҷик ва бо ҳуруфи сириликасос шарҳи Қуръон набиштааст ва аз сӯи дигар дар 100 сафҳа оқои Хатлонӣ бар шинохти Қуръон кӯшидааст ва ахбори муфассале бар пайдои китоби худовандӣ, нузули он, иттилооте дар мавриди ваҳй, таърихи тартиби нусхаи масҳафии оёти Шариф, эъробу ривоёти ҳасанаро бар риштаи пажӯҳиш кашидаву дурре аз садафгуфтаҳоро пас аз таҳқиқи ҷиддӣ гирд овардааст.

Бартарияти дигари тафсири ҷадид ин аст, ки муҳаққиқ пас аз таҳияи муқаддимаи муфассал перомуни Қуръон ҳар сураро бо шарҳи комил аз моҳияти он овардаву матни Каломи Шарифро дар тарҷумаи равони тоҷикӣ ва тафсири ибратомӯзи бархе аз оёт пешкаш намудааст. Рӯиҳамрафта, муфассир дар охири шарҳи ҳар сура бо «10 саволу 10 ҷавоб» бо хонанда ба муколамаву баҳс мепардозад ва бар дониши қуръонии мутолиъагар меафзояд.

Уламои фиқҳ гуфтаанд, китоби мазбур бо забони фасеҳу равони тоҷикӣ иншо шудааст ва барои ҳар тане, ки мехоҳад, бевосита аз каломи худовандӣ огоҳ бошад, дастури хубе будааст.

Коршиносон мегӯянд, дар замони авҷи таассуб ва дингароӣ, ки равандҳои иртиҷоъӣ аз нодонӣ ва камдонишии мардум, бавижа ҷавонон суистифода бурдаву онҳоро бар ҳаракатҳои иртиҷоъӣ мекашанд, нашри «Тафсири мухтасари Хатлонӣ» талаби замон аст, ки ба ҳаводорони исломи ноб имконият фароҳам меоварад, то бевосита аз даричаи ҳикмат бар Қуръони Шариф назар дӯзанд.

XS
SM
MD
LG